Рӯзи 20-уми май зиндаёд Лоиқ Шералӣ, аз маъруфтарин шоирони тоҷик дар садаи 20-и мелодӣ, ба синни ҳафтод расид.
Ба ин муносибат маҳфили бузургдошти ин шоири ширинкалом, ки дар толори театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир шуд, аҳли адабу фарҳанг ва ҳаводорони шеъри ноби форсӣ ҷамъ омада буданд.
ШОИРЕ НАВГӮ БО АНДЕШАИ ФАРОХ
Ҷониби ҳукуматро Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон намояндагӣ кард ва дар суханроние аз Лоиқ Шералӣ ба унвони шоири навовар ва дорои андешаи бикр ном бурд, «устод Лоиқ дар адабиёти солҳои 60 бо диду нигоҳи нав қадам гузошт. Ӯ бо мутолиаи ҷиддие,
ки аз осори классикон гирифта буд ва дар баробари шоирони навгӯ бо назар ва андешаи фарох муҳимтарин масъалаҳои маънавиро мавриди тасвир қарор дод».
Дар воқеъ Лоиқ Шералӣ нахустин қадамҳояшро дар ҷодаи эъҷоди шеър дар даҳаи 1960, он ҳам дар даврони шӯравии пешин гузошт ва нахустин дафтари шеъри ӯ бо номи «Сари сабз» соле баъд, дар 25-солагии Лоиқ ба нашр расид. Баъдан чандин дафтари дигари шеъри Лоиқ – «Илҳом»(1968), «Нӯшбод»(1971), «Соҳилҳо» бо силсилаи «Рубоиёти Хайём(1972), «Ташнадил»(1974, бо ҳуруфи форсӣ), «Хоки ватан»(1975) ва «Марди роҳ»(1978) аз дасти чоп берун шуд.
Ин буд, ки Лоиқ дар ин солҳо бо ашъори шоирона ва миллиаш дар баробари Мӯъмин Қаноат, Бозори Собир ва Гулрухсор дар радифи аввали шоирони муосири тоҷик қарор гирифт. Дар солҳои 80-и қарни гузашта, китобҳои «Хонаи дил» ва «Хонаи чашм» ва дар солҳои 90-ум «Фарёди бефарёдрас»-и Лоиқ нардбони шӯҳрати ӯро ба осмони боз ҳам баландтари адабиёти тоҷик бароварданд ва исми ӯ ба ҳалқаҳои адабии форсизабони дунё низ роҳ ёфт.
ШЕЪРИ ЛОИҚ ШЕЪРИ ҒУРУР
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ашъори
Лоиқро бозгӯи орзу ва дарду армони садсолаҳои мардуми тоҷик арзёбӣ кард ва гуфт: «шеъри Лоиқ ғурури шоиста ва бузурги миллатро дар хеш таҷассум кардааст, шеъри Лоиқ пур аз шӯру шарар, ҳиссиёт ва ишқи соддаву беолоиши ҷавонист, шеъри Лоиқ ин чашмаи пурмеҳри ҳамвора пурҷӯшу хурӯши ватану ватанхоҳист.»
Аммо Лоиқ то имрӯз ягона шоир аст, ки бидуни нашри ягон дафтари шеър ба узвияти Иттиҳодияи адибони Шӯравӣ пазируфта шуд. Зеро раҳбари вақти Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро шеъри «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…» чунон мутаассир мекунад, ки ӯ бо сарфи назар аз талаби ҳатмии китоби чопшудаи ашъор, Лоиқро ба узвияти ин созмон қабул мекунад.
Лоиқ Шералӣ соли 1965, вақте ба ин созмони расмии удабо пайваст, ҳамагӣ 24 сол дошт. Лоиқ Шералӣ аз соли 1979 дар тӯли ду даҳсола котиби Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва сардабири «Садои Шарқ», муҳимтарин маҷаллаи адабии Тоҷикистон буд.
ШОИРЕ БО АРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Зиндагӣ ва фаъолияяти шоирии Лоиқ ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки онро даврони рукуд ном мебаранд, рост омадаст. Вале Лоиқ як шахсият ва шоири миллӣ буд ва аз тариқи ашъори озодихоҳаш барои расидан ба ормонҳои миллӣ мубориза мебурд. Ин аст, ки адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, мӯътақид аст, ки маҳз аз сӯи Лоиқ баёни андешаи миллӣ расмӣ гашт, «ӯ шоире буд, ки маҳз бо шарофати офаридаҳояш дар адабиёти кунунии мо баёни андешаи миллӣ расмӣ гашт. Дар он
таъсири амиқ гузоштааст. Шоир бо камоли тавоноӣ ва ҳунари расое, ки дар шеъру шоирӣ дошт, зангӯлаи бедорӣ ва ҳушёрӣ мезад ва мардуми пошхӯрдаи ватанро ба ваҳдату якпорчагӣ даъват мекард.»
Ба таъкиди Сатторзода, дар канори он, ки Лоиқ барои даст ёфтани Тоҷикистон ба истиқлол саҳми пурарзише дорад, ҳамзамон аз аввалин адибонест, ки барои расидан ба сулҳу оштии миллии тоҷикон талош варзид ва аз он бо шеъри олӣ истиқбол кард.
ПАРВОЗИ ШЕЪРИ ЛОИҚ ФАРОТАР АЗ МАРЗҲО
Шеъри пурғановати Лоиқ Шералӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он маҳбубияти хосе дорад ва ба чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. Афзун бар ин, вай аз нахустин шоирони тоҷик аст, ки куллиёти ашъораш дар Эрон чоп шудааст.
Ин буд, ки Алӣ Асғар Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон Лоиқро беҳтарин шахсияти адабӣ ва инсонӣ талаққӣ кард ва ӯро «Маликушуаррои Тоҷикистон» хонд. Ба таъкиди ҷаноби Шеърдӯст, Лоиқ бузургтарин шоир
ва барҷастатарин адиби тоҷик аст, ки ному шеъри асилаш дар ҳама давру замонҳо вирди забонҳо хоҳад буд.
Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар рустои Мазори шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ибтидо омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва баъдан риштаи таъриху забону донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Ду рӯзи пеш дар зодгоҳаш низ маҳфили бузургдошти зодрӯзаш таҷлил шуд.
ЛОИҚ ЗИ ҶАҲОН РАФТ...
Лоиқ 30-юми июни соли 2000, дар синни ҳамагӣ 59-солагӣ бар асари боло рафтани фишори хун ба дунё падруд гуфт ва ба абадият пайваст.
Бо он, ки ҷашни 70- солагии зодрӯзи Лоиқ ба номи ҳукумат ва ба вижа Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон марбут дониста мешавад, аммо санги мазори шоир дар оромгоҳи Лучоб тавассути дӯстону пайвандонаш нав карда шуд, ки дар ин санги нав ин байти маъруфи ӯ ҳаккокӣ шудааст:
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастабол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунӣ,
Ман баъди ҳазор сол меоям боз.
Дар зодрӯзи Лоиқ Шералӣ гуфтугӯе доштем бо ҳамсари ӯ Зебуннисо Қутбиддинова: