Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд тавони нерӯҳои худро дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро ҳамоҳанг кунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон аз кишварҳои осебпазиртарини минтақа шумурда мешаванд, ки ҳарду бо мушкили ҳамгуни амниятӣ мувоҷеҳ буда бо таҳдиди Ҳаракати исломии Узбакистон, созмони Ҳизбуттаҳрир, гурӯҳи Ансоруллоҳ дар минтақаи Фарғона рӯ ба рӯ ҳастанд.
ОСЕБПАЗИРТАРИН КИШВАРҲОИ МИНТАҚА
Бино ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, пас аз мулоқоти раисони ситоди вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон Рамил Нодиров ва Талайбек Омуралиев дар авоили ҳафтаи равон, вазъи амниятии манотиқи
водии Фарғона баррасӣ шуда тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик дар ин ҷо машқи низомии муштарак баргузор кунанд.
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев гуфт, ки дар ин размоишҳо на танҳо нерӯҳои зудамали Тоҷикистон ва Қирғизистон, балки намояндагони бахшҳои дигари артиши ду кишвар низ ширкат хоҳанд кард.
Вай афзуд: «Дар минтақа тамоми ҷузву томҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо ҳамеша дар баробари таҳдиди гурӯҳҳое, ки равияҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, террористӣ доранд омода бошанд. Зеро то замоне, ки ин гурӯҳҳо вуҷуд дорад, хатар вуҷуд дорад. Ҳар як машқҳои низомие, ки баргузор карда мешавад, дар муқобили ҳамин гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақа пешбинӣ карда мешавад.»
ВОДИИ ФАРҒОНА - ГӮШАИ БАҲСБАРАНГЕЗ
Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, ин бори аввал нест, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон машқҳои низомии муштарак анҷом медиҳанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар ин навбат размоишҳо дар минтақаи Фарғона ва маҳз дар навоҳии марзии Ботканду Исфара сурат хоҳад гирифт.
Водии Фарғона, таври маълум дар байни се кишвари Осиёи Миёна- Тоҷикистон Қирғизистон ва Узбакистон тақсим шудааст. Ва бурузи нооромӣ дар як гӯшаи ин водӣ, ҳар се кишварро нигарон намуда, вазъи амниятии онҳоро зери суол хоҳад гузошт.
Ба қавли коршиноси масоили низомӣ Маҳдии Собир, баргузории тамринҳо дар ин минтақа бесабаб нест: «Вақте, ки вазорати дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон машқи низомӣ мегузаронанад, ин ҳам ба хотири ин аст, ки мизони омодагии худро дар баробари ҳаргуна таҳдидҳои дар минтақаи Фарғона месанҷанд. Ва хоҳанд дид, ки то кадом андоза дар роҳи аз байн бурдани ин гурӯҳҳо қодир мебошанд.»
НИГАРОНИҲО АЗ НООРОМИҲОИ РАШТУ ИСФАРА
Нооромиҳо дар минтақаи Рашти Тоҷикистон, ки аз гӯшае бо Қирғизистон ҳаммарз аст ва баъдан даргириҳои пароканда дар ноҳияи Исфара, ки қаламравҳои ду кишвар дар ин ҷо бо ҳам омехта мебошанд, боиси мулоқоти паси дарҳои бастаи мақомоти амниятии Тоҷикистону Қирғизистон бо Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа дар Қайроққуми вилояти Суғд шуд.
Бордюжа бо назардошти вазъи водии Фарғона таъкид карда буд, ки омили асосии хатар ба Осиёи Марказӣ агар аз як сӯ гурӯҳҳои Толибон ва шарикони онҳо бошанд, аз сӯи дигар нерӯҳои муайян эҳтимоли сар задани нооромиҳо дар водии Фарғонаро озмоиш мекунанд.
Ба дунболи ин нишаст, мулоқоти вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара дар моҳи гузашта сурат гирифт, ки пас аз он дар шаҳраки Бужуми вилояти Ботканд раисони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар мулоқот намуданд ва тарҳи ҳамкориҳои доимӣ, аз ҷумла ин тамринҳои муштарак дар ҳамин ҷо рехта шуд.
НООРОМИИ ФАРҒОНАРО КӢ МЕХОҲАД?
Коршиноси бахши амнияти Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стротегии назди президенти Тоҷикистон Комёб Ҷалилов бар ин аст, ки солҳои охир вазъ дар водии Фарғона аз мадди назари ниҳодҳои қудратии ин кишварҳо ба ҳадде дур монд, ки аъзои Ҳаракати исломиии Узбакистон ва гурӯҳҳои дигари ифротгаро ба хотири аҳдофи мухталифи худ мавзеъҳои Фарғонаро барои худ лона кардаанд: "Ҳоло тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ба бурузи норомиҳо аз тарафи гурӯҳҳои исломии тундрав дар водии Фарғона таъкид мекунанд. Хабарҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки гӯё тибқи кадом консепсия, дар ин водӣ мехоҳанд хилофати исломӣ ташкил диҳанд. Албатта, ин ба амнияти Тоҷикистону Қирғизистон оқибати нохуб дорад. Албатта мақомоти қудратии ин кишварҳо бохабар астанд."
Бино ба итилои вазорати дифои Тоҷикистон, интизор меравад.ки даври навбатии размоишҳои муштараки вазоратҳои дифои Тоҷкистону Қирғизитон дар вилояти Ботканди Қирғизистон баргузор шавад.