Сайфуладл - сарҳанги собиқ, ки ба роҳи террор рафт

Шабакаи Ал-Қоида ҷангии мисрии мулаққаб ба Сайфуладлро раҳбари нави муваққати худ эълон кардааст.
Сайфуладл дар раёсати ин шабакаи террористӣ, Усома бин Лодинро, ки рӯзи 2 май дар Иббитободи Покистон аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико кушта шуд, иваз мекунад. Тайи чандин сол дар Эрон таҳти навъе аз боздошти хонагӣ қарор доштани Сайфуладл яқинан ниҳодҳои амниятиро водор хоҳад кард, то ба нақши Эрон дар Ал-Қоидаи баъди Бин Лодин ҳам бияндешанд.

"ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ" ДАР АЛ-ҚОИДА

Сайф Одил пас аз қатли Усома бин Лодин раҳбари шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст...

Бо вуҷуди гузоришҳои мутаадид, хабари интисоби Сайфуладл ба раҳбарии Ал-Қоида зиддунақиз ва тасдиқношуда боқӣ мемонад. Ба навиштаи расонаҳо, Сайфуладл ҳанӯз рӯзи 10 май ғолибан дар Вазиристони Шимолӣ ва дар ҳузури аз 6 то 8 раҳбари аввали Ал-Қоида, дар дуввумин ҷаласаи Маҷлисулшӯрои Ал-Қоида баъд аз қатли Усома бин Лодин, раҳбари муваққат ва Аймон Завоҳирӣ, раҳбари рӯҳониву ақидатии Ал-Қоида таъйин шуда, ба Мустафо Яманӣ - раҳбарии амалиётҳо, ба Муҳаммадносир Ваҳишӣ - раҳбарии бахши Ал-Қоида дар Африқо ва ҳамин тавр, ба Воҷид Мисрӣ – бахши молии шабакаро вогузор кардаанд.

Аммо ниҳодҳои иктишофӣ ва бархе таҳлилгарон ба воқеъияти ин хабар шакк меоранд. Аз ҷумла бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки Сайфуладл ҷойгузини Усома бин Лодин интихоб шудааст, на нафари дуввуми Ал-Қоида Усома бин Лодин, ки вориси асосӣ арзёбӣ мешуд.

Таҳлилгари покистонӣ Самӣ Юсуфзай бо такя ба манобеъи худ дар миёни толибҳои наздик ба Ал-Қоида мегӯяд, хабари интисоби Сайфуладл ҳанӯз тасдиқшуда нест. Ӯ мегӯяд, инки ҳарду муддаии аслӣ ба раҳбарии Ал-Қоида – Сайфуладл ва Аймон Завоҳирӣ мисрианд, аз тақвияти нуфузи гурӯҳи мисриҳои дар вақташ аз Ихвон-ул-муслимон бархоста дар раҳбарии ин шабака дарак медиҳад.

Бисёриҳо ба ин бовар буданд, Завоҳирӣ ба ҷои Усома бин Лодин хоҳад шуд...

Вале ба эътиқоди Самӣ Юсуфзай, назар ба Сайфуладл, шонси Завоҳирӣ барои ҷойгузинии Бин Лодин ҳамоно бештар аст: “Хеле баъид аст, ки ба ҷои нафари дуввуми Ал-Қоида доктор Аймон Завоҳирӣ, Сайфуладл биояд, ки дӯсти наздики ӯ ва низ аз Миср аст ва ҳарду дар Ихвон-ул-муслимин низ ҳамроҳ кор кардаанд. Манобеъи Толибон, ки ба Ал-Қоида наздиканд, мегӯянд, эҳтимоли қавӣ ин аст, ки Завоҳирӣ ба ҳайси сарбароҳ ё раҳбари Ал-Қоида таъйин шавад. Шонси Сайфуладл бисёр кам аст.”

Шашанк Ҷошӣ, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи хадамоти салтанатӣ дар Лондон низ дар чунин фосилаи кӯтоҳ ва дар чунин шароити танг ҷамъ шудани раҳбарони Ал-Қоидаро баъид медонад ва мегӯяд, ҳанӯз набояд рӯи Сайфуладл чун ҷойгузини ниҳоии Бин Лодин ҳисоб кард: “Сайфуладл амири Ал-Қоида ва ё ба мақому мансаби ҳамсанг бо Усома Бин Лодин таъйин нашудааст. Ва ин ҳокист, ки Ал-Қоида ҳамчун созмон тавони мурооти тамоми расмиёти лозим барои интисоби раҳбарашро надорад. Аммо адои расмиёте, чун савганд ё байъат супурдан ба раҳбари нав ва даъвати Маҷлисулшӯро, ин ҳама дар вазъияти кунунӣ имконнопазир шудааст.”

ҶОИ УСОМА БИН ЛОДИНРО КӢ ПУР МЕКУНАД?


Ин таҳлилгар мегӯяд, як вазифаи умда дар назди раҳбари нави Ал-Қоида дар зери чатри ин шабака нигоҳ доштани гурӯҳҳои мухталифи мухторест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам вуҷуд доранд. Ин гурӯҳҳо қаблан барои ҳар амали муҳими худ аз Усома бин Лодин фотиҳа мегирифтанд, вале раҳбари нави Ал-Қоидаро, ба ақидаи Шашанк Ҷошӣ, нуфузе чунон мебояд, ки аз таҳдиди ба гурӯҳҳои алоҳидаи худгардон таҷзия шудани ин шабака ҷилавгирӣ кунад.

Шашанк Ҷошӣ мегӯяд, эълони шахси раҳбари муваққат ва ҳатто ҷойнишини ниҳоии бин Лодин наметавонад ӯро чун асосгузори Ал-Қоида ба улгуи ҳаводорони ин шабака табдил диҳад. Ба эътиқоди ӯ, ҷои бин Лодинро ба ин зудиҳо ҳеҷ каси дигар пур карда наметавонад: “Он нақши рамзие, ки бин Лодин бозӣ мекард, бренди побарҷо ва оламгири Ал-Қоида буда, ивазнашаванда аст. Ҳатто ворисони матраҳ ва чеҳраҳои шинохтае, назири Аймон Завоҳирӣ, ҷозибаи бин Лодинро надоранд. Онҳо хеле хурду хӯрдагир ба назар меоянд ва ҳеҷ кадомаш ба ӯ баробар намешавад.”

Аммо низоъшиноси тоҷик Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, бо вуҷуди улгуи муборизаи исломгароҳо будани бин Лодин, қатли ӯ дар кори Ал-Қоида латмаи ҷиддие ворид намекунад, чунки дар чунин гурӯҳҳо шахси раҳбараш чунон аҳамияте надорад, ки худи ақида: “Фикр намекунам, ки қатли бин Лодин бисёр заифаш карда бошад, чунки як шабака аст, шабакаи хеле фарогир ва қавӣ. Як Усома, ки равад, ба ҷояш чанд Усомаи дигар пайдо хоҳад шуд. Шояд боз нафаре пайдо шавад, ки аз бин Лодин дида хатари бештар ба бор биорад. Аммо ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки нуфуз ва шӯҳрати ӯ чӣ қадар баланд хоҳад рафт.”

ЗИНДАГИЕ ПУШТИ ПАРДАИ РОЗ


Мақомоти Амрико мегӯянд, бин Лодин дар манзили худ дар Абботобод, дар наздикии шаҳри Исломободи Покистон кушта шудааст

Аммо худи раҳбари муваққати Ал-Қоида кист? Исми Сайфуладл то ҳол чандон вирди забонҳо набуд ва иттилоъ дар бораи ӯ ҳам хеле каму парешон аст. Расонаҳо ҳатто синни ӯро дақиқ намедонанд ва бархе соли таваллудашро 1960 ва бархе 1963 мегӯянд. Танҳо аксе ҳам, ки аз ӯ дар матбуот нашр шуд, чунон қадимист, ки Сайфуладл дар он як марди ҷавони ҳанӯз беришу бемӯйлаб намудор мешавад.

Дар ин ҳама сол асноди дастрас аз аҳвол ва ақоиди Сайфуладл танҳо як мусоҳибаи 6-сол пеши ӯ бо нашрияи “Ал-Қудс-ал-Арабӣ”-и чопи Лондон, ду нома аз авоили соли 2002, чанд дастурамали асосан марбут ба шеваҳои анҷоми бомбгузорӣ, як санади 6-сол пеш бо номи баланди “Сиёсати Ал-Қоида то соли 2020” ва ҳам дафтари ёддоштҳои ӯст, ки соли 2004 дар амалиёте дар Арабистони Саудӣ кашф шудааст.

Ба фарқ аз Усома бин Лодин ва ё Аймон Завоҳирӣ, аз назари расонаҳо пинҳон мондани Сайфуладлро бисёриҳо ба собиқаи ӯ дар артиши Миср марбут мекунанд ва мегӯянд, низомиён одатан ба амал кардан тарҷеҳ медиҳанд, то ба ҷилва додани кори худ дар мазҳари ом.

Бо ин ҳол, рӯшан нест, ки оё ба мақоми аввал расидани Сайфуладл ба маънои пайдо шудани шикоф байни тарафдорони ӯву Аймон Завоҳирист? Ва оё Завоҳирӣ бо мақоми ифтихории “раҳбари рӯҳонӣ” то куҷо қаноат хоҳад кард?

Коршиноси масоили амниятии Тоҷикистон Амруллоҳи Собир аммо мегӯяд: “Ҳамаи созмонҳое, ки таҳти шиори Ислому таҳти таъсири Ислом қарор доранд, амал мекунанд, агар инсони хоҳ шинохта ва хоҳ ношинохтаро рӯи кор биоранд, ҳама ба ӯ итоат мекунанд. Инҷо масъала нест, ки Завоҳирӣ ё Домулло Амриддини мо шинохтаанду Сайфуладл не. Мардуме, ки ба ақидаҳои ифротии Ал-Қоида пайравӣ мекунанд, фармонҳои шахси раҳбарро бечунучаро иҷро мекунанд. Як сабаби пешрафти онҳо низ ҳамин аст, ки аз ҳеҷ кас кас месозанд.”

5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ДАР БАҲОИ САРИ САРҲАНГИ СОБИҚ


Матбуоти Ғарб мегӯяд, Сайфуладл дар асл сарҳанги собиқи нирӯҳои вижаи Миср Муҳаммадиброҳими Маккавист, ки бо лақабҳои Сайфуладл ё Сайфулодил ва Иброҳим Маданӣ низ маъруф аст. Дар гузашта Ихвон-ул-муслимин нақшаи аз роҳи кудатои низомӣ расидан ба қудратро низ дар сар дошт ва ба ин хотир афроди зиёдашро дар артиши Миср ҷо карда буд, ки Сайфуладл низ яке аз онҳост. Ӯ соли 1987 бо иттиҳоми таҳияи сӯъиқасд алайҳи вазири вақти умури дохилаи Миср Ҳасан Ал- Бошо боздошт шуд ва баъди ихроҷаш аз артиш, ба Афғонистон рафт ва алайҳи артиши Шӯравӣ ҷангид.

FBI, Дафтари федеролии тафтишоти Амрико дар феҳрасти афроди таҳти пайгардаш Сайфуладлро низ бо ҳамон акси даврони ҷавониаш ҷо карда, ӯро узви гурӯҳи “Ҷиҳоди исломии Миср” ва аз аъзои баландмақоми Ал-Қоида ном мебарад. Ин ниҳод Сайфадлро бо иттиҳоми даст доштан дар бомбгузориҳои хунини рӯзи 7 августи соли 1998 алайҳи сафоратхонаҳои Амрико дар Доруссалом, пойтахти Танзания ва Найробӣ, пойтахти Кения дар қораи Африқо таъқиб мекунад ва дар баҳои сари ӯ ва ё маълумот дар бораи маҳалли будубошаш 5 миллион доллар ҷоиза ҳам таъйин кардааст.

Амали дигари террористие, ки матбуот низ ба саҳми асосан “лоҷистикӣ”-и Сайфуладл дар он ишора мекунад, ҳамлаи интиҳории 12 октябри соли 2000 ба USS Cole, як киштии ҷангии Амрико дар бандари Адани Яман аст, ки 15 маллоҳи амрикоиро кушта ва 39 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Расонаҳо мегӯянд, Сайфуладл ба далели огоҳии ҳирфаие, ки ҳамчун афсари собиқи нирӯҳои вижаи Миср дар бомбгузорӣ дошт, дар эҳдос ва фаъолияти тамрингоҳҳои ҷангии Ал-Қоида дар Афғонистону Покистон ва Судон нақши муҳим бозӣ мекард ва соли 2001, баъди кушта шудани Муҳаммад Отиф, раҳбарии амалиётҳои низомии ин шабака ба ӯ вогузор шуд. Шоеъоти тасдиқношудае низ вуҷуд дорад, ки ӯ дар авоили солҳои 90 як муддат ҷангиёни Ҳизбуллоҳро дар ҷануби Лубнон низ машқи бомбгузорӣ додааст.

МУХОЛИФАТ БО ҲАМЛАҲОИ 11-И СЕНТЯБР

Ҳодисаи рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико

Дар аҳди Толибон ӯ дар минтақаи Кортаи Парвони Кобул ба сар мебурд ва дар гузориши ниҳоӣ ва 585-саҳифаии куммиссиюни расмии таҳқиқи ҳамлаҳои 11- сентябр, ки соли 2004 нашр шуд, гуфта мешавад, Сайфуладл аз ҷумлаи он аъзои Маҷлисулшӯро, мақоми олии раёсати Ал-Қоида буд, ки нақшаи бин Лодин барои анҷоми ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 алайҳи шаҳрҳои Ню-Йорку Вошингтонро напазируфт.

Дар ин гузориш бо такя ба шаҳодати аз ҷумла Шайх Холид Муҳаммад, баландтарин мақоми Ал-Қоида, ки Амрико дар иртикоби ҳамлаҳои 11-уми сентябр боздошт карда ва коргардони асосии ин ҳамалот мешиносад, аз ҷумла омадааст: “Ба назари Толибон, ҳамла алайҳи Амрико натиҷаи баръакс дода, метавонад амрикоиҳоро ба ҷанг алайҳи онҳо бикашонад... Шавоҳиде вуҷуд дорад, ки Мулло Умар дар соли 2001 мухолифи амалиёти мустақими Ал-Қоида алайҳи Иёлоти Муттаҳида буд... Бисёре аз аъзои аршад низ, бино ба хабарҳо, бо Мулло Умар мувофиқ будаанд. Отиф, Сулаймон Абӯ Ғайс ва Холид Шайх Муҳаммад тарафи бин Лодин шуданд. Аммо онҳое ҳам, ки гуфта мешавад, ба ӯ мухолифат карданд, аъзои бонуфузи созмон, бо шумули Абӯҳафси Мавритониёӣ, Шайх Саид Ал-Мисрӣ ва Сайфуладл будаанд. Мулло Умар тарҷеҳ медод, то Ал-Қоида яҳудиёнро ҳадаф қарор диҳад ва на лузуман Амрикоро.

Холид Шайх мегӯяд, Мулло Умар аз сӯи давлати Покистон таҳти фишор қарор дошт, то пеши роҳи амалиёти Ал-Қоида дар хориҷ аз Афғонистонро бигирад. Абӯҳафс, бино ба хабарҳо, ҳатто ба бин Лодин нома навишта, мухолифаташ ба ин ҳамалотро бо такя бар “Қуръон” ташреҳ кардааст...

Дар поёни август, бин Лодин расман ба Маҷлисулшӯро хабар дод, ки ҳамлаҳои бузург алайҳи Амрико дар ҳафтаҳои наздик анҷом хоҳад шуд. Вақте баъзе аъзои Шӯро вориди баҳс шуданд, бин Лодин гуфт, Мулло Умар ҳаққи аз ҷиҳод дар хориҷ аз Афғонистон манъ кардани Ал-Қоидаро надорад... “

ҚАТЛИ МАСЪУД- БАРОИ ТАСКИНИ ДОДАНИ ТОЛИБОН


Акси Аҳмадшоҳи Масъуд

Дуруст ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябр Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи эътилофи шимол, танҳо нирӯе ки дар Афғонистон алайҳи Толибон меҷангид, тавассути омилони Ал-Қоида кушта шуд. Иқдоме, ки ба бовари Муҳаммад Отиф, раҳбари вақти низомии Ал-Қоида, бояд Толибонро нисбат ба ҳамлаҳо алайҳи Амрико таскин медод.

ШИКОЯТ АЗ БИН ЛОДИН

Сайфуладл дар чанд номаи 9 соли пеш, ки ба ӯ мансуб медонанд, аз Усома Бин Лодин шикоят мекунад, ки тоқати шунидани маслиҳати дигаронро надорад ва худсариаш тайи ҳамагӣ ним соли баъд аз 11 сентябр меваҳои чанд соли набардҳои Ал-Қоидаро ба хок яксон кард: “Агар касе мухолифат кунад, ӯ билофосила як нафари дигарро пеш мекашад, ки ба ҳимоят аз ӯ изҳори назар кунад, ва сипас ба ин ақида часпида, назари боқии атрофиёнашро комилан нодида мегирад. Масъулияти тамоми чизе ки мегузарад, фақат бо шумост, чунки маъмурият дар дасти шумост, вале тайи 6 моҳи охир мо тамоми ончиро, ки дар тӯли солҳо сохта будем, аз даст додем.”

Аммо Сайфуладл дар соли 2005, дар танҳо мусоҳибаи матбуотиаш бо “Ал-Қудс-ал-Арабӣ”-и чопи Лондон, аз ин мавқеъ ақиб нишаста, ҳамлаҳои 11 сентябрро баръакс тавҷеҳ мекунад: “Ҳадафи асосии мо дар лонааш кӯбидани сари мор ва шикастани гардани ғурураш буд.”

9 СОЛИ “МЕҲМОН”-Ӣ ДАР ЭРОН

Баъди ҳамлаҳои 11-сентябру шурӯъи амалиёти зиддитеррор ва суқути давлати Толибон, ҳоли ҷангиёни Ал-Қоида дар Афғонистон чунон танг шуд, ки бархе, чун Усома бин Лодину Аймон Завоҳирӣ ва Тоҳир Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд ва як бахши дигари ҷангиёни Ал-Қоида, аз ҷумла Сайфуладл, ҳамроҳ бо ҷамъе аз аъзои хонаводаҳояшон ба Эрон рафтанд.

Аммо бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, мақомоти Эрон Сайфуладл ва ба гуфте, даҳҳо, ва ба гуфте дигар, садҳо тан аз ин аъзои ба Ҷумҳурии исломӣ паноҳовардаи Ал-Қоидаро дар минтақае дар канори Теҳрон таҳти навъе аз боздошти хонагӣ қарор доданд.

Худи Сайфуладл дар мусоҳибааш бо “Ал-Қудс-ал-Арабӣ”, ки сомонаи “The Long War Journal” аз он иқтибос мекунад, гуфтааст, ҳадафи ӯву Абу Мусъаби Зарқовӣ - раҳбари ояндаи бахши ироқии Ал-Қоида - пайвастан ба ҷиҳод алайҳи нирӯҳои ишғолгар дар Ироқ тавассути марзҳои Эрон буд: “Вақте мо баъди тарки иҷбории хоки Афғонистон дар Эрон банд мондем, қасди мо барои вуруд ба Ироқ аз роҳи шимол, ки хориҷ аз назорати Амрико буд, маълум шуд. Иқдомоте, ки Эрон алайҳи мо анҷом дод, моро такон дод ва 75 дарсади нақшаи моро хароб кард. Тақрибан 80 дарсади гурӯҳи Абу Мусъаб боздошт шуд. Ҳадафи мо расидан ба Ироқ аз марзҳои шимолии Эрону Ироқ буд. Ҳадафи мо расидан ба манотиқи марказии суннинишини Ироқ ва шурӯъи омодагиҳо ба набард алайҳи истилои амрикоиҳо буд. Ин на як интихоби тасодуфӣ, балки нақшае санҷидашуда буд.”

Нӯъмон бин Усмон, ҷангии собиқи либиёӣ ва таҳлилгари Сандуқи Quilliam дар Лондон гуфтааст, ҳарчанд Сайфуладл тақрибан 9 сол дар Эрон дар ҳоли нимабоздошт боқӣ монд, вале имкони раҳнамоии бархе амалиёти Ал-Қоида, аз ҷумла дар Арабистони Саудиро дошт.

МУОМИЛАҲОИ ЭРОН БО АЛ-ҚОИДА

Аммо дар саргузаштҳои Сайфуладл дар Эрон пурбаҳстарин маврид раҳоии ногаҳониаш аз ҳабси хонагӣ дар тақрибан як соли пеш ва ба Покистон баргаштану дигарбора ба Ал-Қоида пайвастани ӯст. Ин метавонад баҳси вуҷуди муомилот ва ҳатто ҳамкорӣ байни Эрону Ал-Қоидаро дигарбора гарм кунад ва ба оташи шоеъот пиромуни тайи ин 9 соли “меҳмонӣ” шояд ба ҳамкорӣ бо мақомоти иктишофии Эрон ҷалб шудани худи Сайфуладл равғани бештар бирезад.

Хабаргузории олмонии ДРА аз қавли як нафари Ал-Қоида мегӯяд, Сайфуладл ва як писари низ дар Эрон боздоштшудаи бин Лодин соле пеш дар баҳои раҳоии Ҳашматуллоҳ Асарзода, атташеи тиҷории Эрон, ки дар Пешовар рабуда шуд, раҳо ёфтаанд.

Самӣ Юсуфзай, таҳлилгари покистонӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ бо такя ба манобеъи худ дар ҷунбиши Толибон гуфт, чунин муомила воқеъ шудааст, вале мояи нигаронии Ғарб, бахусус Амрико, муомилаи бузургтарест, ки гуфта мешавад, Теҳрон бо Ал-Қоида ҳосил кардааст: “Гуфта мешавад, Эрон ҳамроҳи баъзе афроди Ал-Қоида, ки дар Эрон дар таваққуф ҳастанд, ба як муомила расидаанд ва мехоҳанд афроди дар Эрон будаи Ал-Қоидаро иҷозат бидиҳанд, ки ба сафи ин шабака пас биоянд ва алайҳи Амрико биҷанганд. Чунки як муштаракот байни Ал-Қоида ва Эрон душмании онҳо бо Амрикост. Гуфта мешавад, дар Эрон ба афроди Ал-Қоида гуфта шуда, ки дар ҷаҳони Араб ба зидди аҳли ташайюъ иқдом накунанд, балки танҳо алайҳи амрикоиҳо ва давлатҳои халиҷ биҷанганд.”

АММО АЛ-ҚОИДА БАЪДИ БИН ЛОДИН ВА ТОҶИКИСТОН


Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло

Мақомоти Тоҷикистон дар нооромиҳои ду соли охир дар водии Рашт дасти Ал-Қоидаро медиданд. Бархе таҳлилгарони тоҷик ҳам бо таъсиси “Ансоруллоҳ” дар заминаи гурӯҳҳои тоҷикии бозмонда аз Ҳаракати исломии Узбакистон ва эъзоми нафароне, чун Мулло Абдуллоҳ, ба пайдо кардани як ҷои по дар Тоҷикистон қасд кардани Ал-Қоида ва Толибонро чандон баъид намедонанд, вале мегӯянд, аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ ва ҳатто қатли Усома бин Лодин ҳанӯз ба маънои рафъи комили таҳдид нест.

Таҳлилгари масоили амниятӣ Амруллоҳи Собир мегӯяд, ду омили асосӣ - шитоби худи онҳо ба шурӯъи ҳарчӣ зудтари ошӯб ва адами ҳимоят аз сӯи мардуми оддӣ – боис шуд, ки нирӯҳои Мулло Абдуллоҳ ва Алии Бедакӣ дар Рашт чунин зуд шикаст хӯрданд: “Тибқи нақшае, ки доштанд, онҳо бояд ҳанӯз ба ягон кор даст намезананд. Онҳо бояд чун намояндаи Ал-Қоида, яъне шохаи “Ансорулллоҳ” дар дохили Тоҷикистон якейкаҳои аввалияи Ал-Қоидаро месохтанд ва ҷавононро ба он мекашиданд. Чунин иқдомҳо ҳам карданд ва дар гурӯҳи Мулло Абдулло, барои мисол, аксар ҷавонони то 20-сола буданд. Онҳо бештар дар хориҷ кор карда буданд ва нафарони таълимдидаи онҳо бояд дар ояндаи наздик аз мадориси хориҷӣ барои амал кардан ворид мешуданд. То он дам онҳо бояд фақат замина тайёр мекарданд. Вале пеш аз ҳама халқ аз онҳо тарафдорӣ накард ва онҳо барои ҳамин тез шикаст хӯрданд.”

Низоъшиноси тоҷик Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, бо вуҷуди табдили раҳбараш, тавсиъаи қаламрави “ҷиҳод” ба ин сӯи Омӯ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, дар меҳвари сиёсати гурӯҳҳои исломгарои фаъол дар минтақа боқӣ мемонад: “То вақте ки гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ вуҷуд доранд ва ин як шабакаи бисёр васеъи ҷаҳонист, таҳдид ҳамеша вуҷуд дорад. Агар Мулло Абдулло аз байн рафт, ҳатман як гурӯҳ ё нафари дигаре пайдо хоҳад шуд. Онҳо бар ин фикранд, ки ба кишварҳои мусалмони Осиёи Марказӣ кишварҳои ғайриисломие, чун Амрико ё Русия, таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар муборизаи худ чунин як увлавиятеро ба кишварҳои минтақаи мо қоил ҳастанд.”

ИНҚИЛОБ БЕҲТАР АСТ, ТО ТЕРРОР


Сайфуладл замоне ҷойгузини бин Лодин шуд, ки ҷаҳони Араб ба мавҷи инқилобҳои мардумӣ рӯбарӯст ва чанд ҳокими умрдида алакай аз зини қудрат уфтодаву чандеи дигар ба истилоҳ “фақат як по дар узангу мондааст.”

Дар охирин навори садоии бин Лодин ҳам, ки 17 рӯз баъд аз қатли ӯ нашр шуд, раҳбари Ал-Қоида аз дамидани “хуршеди инқилоб” дар Ховари Миёна гарм истиқбол кардааст. Аммо ба ақидаи таҳлилгарон, таҷрубаи эътирозҳои хиёбонӣ ба мусалмонон ҳақиқати дигареро ҳам ба намоиш гузошт, ки танҳо чора ва роҳи мубориза террор нест, ки гурӯҳҳое чун Ал-Қоида таблиғ мекунанд, балки аз роҳи эътирозҳои мардумӣ хеле зудтар ва бо талафи хуни ба маротиб камтаре низ метавон ба тағйири низомҳои ҳоким ноил шуд.

Таҳлилгари тоҷик Қосимшоҳи Искандар мегӯяд, гароиши гурӯҳҳои исломгаро ба шеваи террор дар кӯтоҳфурсат ба ҳамон доманаи қаблӣ шояд боқӣ бимонад, вале дар дарозмуддат мардуми мусалмон бо илҳом аз комёбии инқилобҳои ахир ҳарчӣ бештар ба роҳҳои муборизаи бехушунат бартарӣ хоҳанд дод: “Ба ҳар сурат, таҷрибае ҳаст ин таҷрубаи кишварҳои арабӣ. Ва имкон дорад, ки аз ин таҷруба дар кишварҳои дигар низ истифода шавад ва роҳи хушунат ва террор шояд камтар шавад. Аммо фикр мекунам, то чанд муддати дигар ҳарду шева – ҳам аз роҳи терроре, ки як таҳдиди глобалӣ шудааст, истифода хоҳанд бурд ва ҳам аз шеваи наве, ки имрӯзҳо дар кишварҳои арабӣ мебинем.”

Зимнан Усома Бин Лодин ба ҳайси раҳбари Ал-Қоида худ ба раҳбари Толибон Мулло Умар байъат дода, ӯро амиралмӯъмин ва фармондеҳи аввал эътироф мекард. Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, агар Мулло Умар инбор байъати раҳбари нави Ал-Қоидаро напазирад ва бо ҳамин баҳона Толибонро аз ин шабака ҷудо кунад, бистари пешрафт дар раванди сулҳу оштии Афғонистонро хеле муносибтар мекард.