Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фаровоне, ки дар шурӯи зиндагии мустақил домангири ҷавонон мешавад, аз ҷумла дохилшавӣ ба донишгоҳ, оиладоршавӣ ё бехонагӣ, аксари волидон дар фикри ояндаи фарзандони хурдсолашон афтодаанд.
Онҳое, ки имкон доранд, бо харидорӣ ва ба мерос гузоштани ҷиҳози гаронбаҳо ё хонаву тиҷорати худ ба номи фарзандон, барои ояндаи онҳо то ҳадде шароити хуб фароҳам меоранд.
Аммо дафъаҳои ахир чунин ба назар мерасад, ки волидоне ҳам, ки имкони ба мерос гузоштани амволи гаронбаҳоро надоранд, вале хеле мехоҳанд ояндаи фарзандонашон дурахшон ва аз ҷиҳати молӣ таъмин бошад, талош мекунанд бо истифода аз хизматрасонии амонати муддатноки наврасон барои фарзанди худ дар бонкҳо пасандоз намоянд.
ПАДАР ДАР ҒАМИ ПИСАР
Масрур як падари ҷавон аст, ки мегӯяд аз ҳоло дар фикри боз кардани суратҳисоби бонкӣ барои фарзанди 3-солааш аст. Ӯ, ки худ бо машаққати зиёд дар донишгоҳ таҳсил кардаву баъди сафарҳои тӯлонӣ ба муҳоҷират, соҳиби манзили зист шудааст, мегӯяд, дар шароити феълӣ маълум аст, ки барои як ҷавон бидуни маблағ амалӣ кардани нақшаву пайдо кардани роҳ дар зиндагӣ хеле мушкил аст.
"Ин барои ояндаи писарам хеле манфиатовар аст. Махсусан барои таҳсилаш ин маблағҳо метавонанд кӯмак кунанд. Аммо мутаасифона, айни замон, чунин шароит надорам, вале ҳатман бо даст додани аввалин имконият фикр дорам, ки барои фарзандам суратҳисоб кушода маблағ ҷамъ кунам",-мегӯяд Масрур.
"ЗИНДАГИИ БЕҲТАРИ ФАРЗАНД МЕХОҲАМ"
Аммо Муҳайё як модари ҷавон мегӯяд, ӯ аз замони таваллуди фарзандаш барои ӯ суратҳисоби кӯтоҳмуддат кушодаву маблағ пасандоз мекунад. Ӯ гуфт, дар як соли гузашта тавонистааст, як маблағи муайяне барои фарзандаш ҷамъоварӣ кунад. Муҳайё мехоҳад, фарзандаш оянда дар ягон донишгоҳи бонуфузи хориҷӣ таҳсил кунад ва бинобар ин аз ҳоло барои додани дониши хуб ба фарзандаш, сармоя ҷамъ мекунад.
"Ростӣ, мехоҳам то 17-18 солагиаш пасандоз кунам. Медонед, ки дар хориҷа шароити таҳсилу зиндагӣ беҳтар аст ва ман намедонам то он замон зиндагӣ чӣ гуна мешавад, ба хотири ҳамин аз ҳоло талош мекунам, то духтарам ояндаи хубе дошта бошад",-- илова кард ин модари ҷавон.
Хизматрасонии амонатгузорӣ барои хурдсолону наврасон, то замони гирифтани шиноснома, имрӯз дар қариб ҳама бонкҳои кишвар ба роҳ монда шудааст ва масъулони бонкҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ба фарқ аз 5-10 соли пеш ҳоло теъдоди волидоне, ки барои фарзандонашон суратҳисоб кушодаву пасандоз мекунанд, бештар шудааст.
ХИДМАТРАСОНИИ БОНКҲО
Бузургшоҳ Одинамаҳмадов, сардори шӯъбаи амонатии "Тоҷиксодиротбонк" мегӯяд, нисбат ба ду-се соли қабл шумори пасандозгузорони амонатҳои кӯдакона дар ин бонк, ҳудуди 20 дарсад афзудааст. Бонки мазкур чанд навъи хизматрасонии амонатҳои кӯтоҳмуддату дарозмӯҳлати кӯдаконаро пешниҳод кардааст.
"Муштарӣ метавонад барои кӯдакаш суратҳисоби кӯдаконаи то 3- сола, то 5-сола, то 10-сола ва то 16-сола боз кунад. Ҳоло шароит инро талаб мекунад, ки волидон бояд аз ҳоло дар фикри ояндаи фарзандон бошанду барояшон пасандоз кунанд. Ҳама медонед, ки ҳоло шароити иқтисоди бозаргонӣ аст, дар ҳама ҷо маблағ зарур аст. Барои таҳсил дар мактабу донишгоҳ омодагӣ дидан даркор ва барои маблағ лозим аст. Ҳоло волидон ҳам ин навъи пасандозро дастгирӣ мекунанд ва ба мо муроҷиат менамоянд",-афзуд Бузургшоҳ Одинамаҳмадов.
"МАРДУМ БА БОНКҲО ЭЪТИМОД НАДОРАНД"
Фоизе, ки ба пасандозҳои кӯдакона аз сӯи бонкҳо илова карда мешавад, вобаста ба арз дар аксар бонкҳо аз 14 то 25 фисадро ташкил медиҳад.
Нуриддин Қаюмов, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, албатта, дар шароити феълӣ вобаста ба имконот сармоягузорӣ кардан барои ояндаи фарзандон иқдоми хеле хуб аст. Аммо меафзояд ҷаноби Қаюмов, бо таҷруба аз солҳои пеш ва муфлис шудани бонкҳо, ки дар натиҷаи он маблағҳои зиёди амонатгузоштаи мардум бозгардонида нашуданд, аксарият то ба ҳол ба бонкҳо эътимод надоранд.
Вай мегӯяд, "ҳоло бисёри волидон аз ин навъи хидматрасонӣ огоҳ нестанд ва қисмати зиёди дигар ба бонкҳо эътимод надоранд, онҳо як бор не чанд маротиба сӯхтанд. Вақте қурби пул поин рафт, дар як рӯз ҳама камбағал гашт. Дар давраи советӣ ва дар замони истиқлолият ҳам ин ҳолат рух дода буд ва мардум метарсанд."
Хизматрасонии амонатгузорӣ барои хурдсолону наврасон, то замони гирифтани шиноснома, ҳоло тақрибан дар қариб ҳамаи бонкҳои кишвар ба роҳ монда шудааст...