Қотили нозири роҳ кист?

Шодимурод Шарипов, падари Равшан Шарипов, нозири БДА-и шаҳри Душанбе, ки рӯзи 6-уми май дар бемористон Қаряи Боло даргузашт мегӯяд, аз шеваи баррасии қазияи писараш аз сӯи мақомот розӣ нест.
Вай ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва шикоят кард, ки ба ҷои гунаҳкори асосӣ, нафари дигар муҷозот мешавад: «Ман бисёр шубҳа дорам. Аз одаме, ки имрӯз нишастааст (дар маҳбас) гумон намебарам. Гумони ман аз ронандаи автомашина ва шахси сеюм аст, ки ҳангоми ҳодиса ғайб задааст. Аз онҳо шубҳа дорам, ки ҳамин корро ташкил кардаанд. Аммо онҳоро мақомот ҳеҷ дастгир накарда истодааст. Намедонам ба куҷо муроҷиат кунам.»

ҲОДИСАЕ, КИ МУНҶАР БА МАРГИ НОЗИРИ РОҲ ШУД


Бино ба иттилои расмӣ, Равшан Шарипов, нозири Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе рӯзи 27 апрели соли равон дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе ҳангоми адои вазифа аз сӯи ронандаи сабукрави “Мерседес” рақами давлатиаш 9889 Саидмухтор Мирҷонов ва ҳамроҳаш Озод Одинаев мавриди латукӯб қарор гирифт ва то 6-уми май ба худ наомада, даргузашт.

Мақомоти амниятӣ бадоҳатан ҳардуро боздошт карда, бо иттиҳоми муқобила ба намояндаи ҳукумат, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо ба қавли падари Равшан Шарипов, ҳоло барои марги писараш танҳо Озод Одинаев муттаҳам мешавад, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, дар латукӯб на ду, балки чаҳор нафар ширкат доштанд.

ДОДСИТОНӢ ХОМӮШ АСТ

Дар доситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки баррасии ин парвандаро ба зимма дорад, касе омода нашуд бо мо сӯҳбат кунад, аммо Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, боздошти муҷримон аз сӯи ин ниҳод сурат гирифта, бадоҳатан ҳамон рӯзи ҳодиса собит шуда буд, ки нафари муттаҳам ҳамоно ҳамроҳи ронанда аст: «То расидани парванда ба додситонӣ ин қазияро раёсати тафтишоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ронандаи автомашина ва мусофираш боздошт шуда буданд. Таҳқиқи пешакӣ нишон дода буд, ки гумонбари асосӣ мусофир аст. Азбаски Равшан Шарипов корманди мо буд, яке аз мо буд, мо ҳам ҷонибдори ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони дастдошта дар марги ӯ ҳастем.»

ДУВВУМИН ҚАЗИЯИ МАРГИ КОРМАНДОНИ МИЛИСА


Зимнан, ин дуввумин қазияи марги кормандони милиса тайи чанд моҳи ахир аст, ки раванди таҳқиқаш аз сӯи пайвандон таҳти суол гузошта мешавад.

Қаблан Абдулло Пиров, бародари Саъдулло Пиров, раҳбари собиқи
хадамоти амнияти дохилии вазорати корҳои дохилӣ, ки тибқи фарзияи ин ниҳод, дар Хуҷанд аз сактаи қалб фавтид, низ шикоят карда буд, ки бародараш кушта шудааст, на ба аҷали худ даргузаштааст. Додситонии кул ҳам марги Саъдулло Пировро «куштор» унвон кард ва ҳоло ин қазияро баррасӣ мекунад.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, раванди баррасии парвандаи Равшан Шариповро худи вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров таҳти назорат гирифтааст ва то куҷо даст доштани дигар афрод низ ҳангоми таҳқиқ рӯшан хоҳад шуд.