Тасвиби қонуни шароити боздошт ва ҳабси муваққат

Харҷи давлат дар соли ҷорӣ барои нигаҳдории беҳтари боздоштшудагон дар шароити ҳабси муваққат, 20% афзудааст.
Ин матлаб дар ҷараёни таъйиди лоиҳаи қонуни тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон садо дод.

НАХУСТИН ҚОНУНИ СОҲАВӢ

Зимнан ин нахустин қонуни соҳавӣ дар мавриди гумонбаршудагони ҷиноят дар ин кишвар аст, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст. Гуфта шуд, ки ин қонун бо ҳадафи ҳифз ва ҳимояти
Агар шикоят аз болои худи маъмурияти ҳабсхона бошад, савол пеш меояд, ки манфиатдор ҳастанд, он шикоятро бифиристанд...

беҳтари ҳуқуқи шаҳрвандон ва мутобиқ кардани қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул мешавад. Ва аммо савол инҷост, ки оё дар амри иҷрои ин қонун зарфият ва имконоти давлат то куҷо мусоидат мекунад.

Қонуни нав ҳама гуна зӯроварӣ ва шиканҷаро барои иқрор ё баёноти боздоштшудагони маҳбаси муваққат манъ ва дар тамоми марҳилаи исботи ҷурм асли
Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон.

«эҳтимолияти бегуноҳӣ» -ро мавриди амал қарор медиҳад.

Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, ки мӯҳтавои тарҳи мазкурро ба вакилони Маҷлис тавзеҳ мекард, қабули онро як гоми ҷиддӣ дар амри риояти ҳуқуқи инсон ва демократӣ шудани қонунгузории кишвар арзёбӣ кард.

ҚОНУН САБУКИҲО МЕДИҲАД

Вазири адлияи Тоҷикистон афзуд, ки ин қонун ба афроде, ки дар ҳоли ҳабси муваққатанд, як идда аз сабукиҳоро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Худоёров, бар асоси ин тарҳ, дар маҳбаси муваққат мардону занон ва ноболиғон аз ҳам ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

Аммо қонуни мазкур барои занҳое, ки кӯдаки то се сола дар тарбият доранд, ҳуқуқ медиҳад, ки онҳоро дар назди худ нигоҳ доранд: «Қонун нисбати занҳо шароити махсусро пешбинӣ кардааст. Дар ҷойҳои нигаҳдорӣ барои занҳои ҳомила ва занҳое, ки фарзанди то сесола доранд, шароитҳо муҳаё карда мешавад, яъне дар назар дорад дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва тавқифгоҳҳои нигаҳдории муваққатӣ.»

Зимнан, ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон дар бобати шароити нигаҳдории гумонбаршудагон як қонуни алоҳида ба тасвиб мерасад

Аммо як нуктае, ки ҳангоми баррасии тарҳ боиси баҳс шуд ин буд, ки он барои маъмурони маҳбас ҳуқуқ медиҳад, ки мукотибаи гумонбаршудагон ро бо вакили дифоъ ва ё созмонҳои ғайридавлатӣ қабл аз ирсоли номаи афроди боздоштшуда зери назорат дошта бошанд.

БАҲСИ НАЗОРАТ БА МУКОТИБА

Ин ҳам дар ҳолест, ки барои номаи мушобеҳ ба ниҳодҳои дигари ҳукуматӣ масалан додгоҳ ва ё додситонӣ чунин монеа вуҷуд надорад.

Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ чунин тарзи бархурдро навъе аз маҳдудият дар ҳуқуқи афрод
Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

номид: «Дар модаи 21 дар қисми 2 сухан дар бораи он меравад, ки таклифу шикоятҳои айбдоршаванда, гумонбаршаванда, судшаванда ба додгоҳ, додситонӣ ва омбудсмен бидуни баррасӣ ва сензураи мақомоти ҷойи нигаҳдорӣ фиристода мешавад. Вале қисми се пешбинӣ мекунад, ки таклиф ва арзу шикояте, ки ба дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин ҳимоятгар ирсол гардидаанд, аз тарафи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан баррасӣ шуда вобаста ба мансубият на дертар аз се рӯзи корӣ фиристода мешавад. Агар шикоят аз болои худи маъмурияти ҳабсхона бошад, дар ин сурат вақте мо ҳаққи баррасӣ кардан ва баъд фиристоданро ба маъмурият медиҳем, инҷо савол пеш меояд, ки манфиатдор ҳастанд, ки он шикоятро бифиристанд.»

Аммо Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, ки ин меъёр дар қонунгузории бештари кишварҳо роиҷ аст, зеро он бо ҳадафи пешгирӣ аз ифшои асрори таҳқиқи ҷиноӣ ва ба хотири таъмини амнияти шоҳидони эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст.

Аз вазири адлияи Тоҷикистон пурсидам, ки оё то куҷо барои иҷрои меъёрҳои ин қонун давлат имконият дорад.

ХАРҶИ ДАВЛАТ БАРОИ БОЗДОШТШУДАГОН ЧАНД АСТ?

Зеро барои татбиқи он масрафоти изофӣ зарур аст. Ҷаноби Худоёров гуфт, ки танҳо дар соли 2011 давлат барои нигаҳдорӣ ва беҳтари кардани шароит дар маҳбасҳои муваққатӣ маблағгузориро бист дар сад афзоиш дод: «Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки имсол, соли 2011 назар ба соли гузашта тахмин то 20 фоиз маблағҷудокунӣ барои нигаҳдории маҳбусон зиёд карда шудааст.»

Аммо Бузургмеҳр Ёров, як тан аз вакилони дифоъ гуфт то ҷое, ки барои ӯ рӯшан аст, афроди дар шароити ҳабси муваққат умдатан аз тарафи пайвандон бо ғизо ва либос таъмин мешаванд: «Нисбати хӯроке, ки дода мешавад, онҳо шикоят намекунанд. Барои онки бештар хӯрду хӯрокро хешовандонашон меоваранд. Хӯрду хуроки онҷо сифаташ пасттар аст.»

Ва аммо вазири адлияи Тоҷикистон аз посух ба саволи ин, ки давлат барои як нафари дар шароити боздошт рӯзона чӣ қадар харҷ мекунад сукутро авло донист.

Бо ин ҳол ин қонун баъд аз имзои шудани он аз тарафи раиси ҷумҳур ва чопи он дар нашрияи расмии Тоҷикистон эътибор пайдо хоҳад кард.