Раиси САҲА дар бораи озодӣ ва мушкили оби Осиёи Марказӣ

Аудрониус Ажубалис

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" бо раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Аудрониус Ажубалис.
Таҳкиму густариши равандҳои демократӣ, таъмини озодии баён ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз мавзӯъҳои меҳварии дидору гуфтугӯҳои Аудрониус Ажубалис, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мақомоти
Қатъи ҳамкорӣ хеле осон аст, аммо оғози он хеле мушкил...
давлат, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе будааст.

Раиси САҲА, ки субҳи рӯзи душанбе, 16-уми май, вориди пойтахти Тоҷикистон шуда, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва сипас бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи мадании ин кишвар мулоқот кард.

Ин нахустин сафари Аудрониус Ажубалис дар мақоми раиси САҲА ба Тоҷикистон аст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо "Озодӣ" ҷаноби Ажубалис нахуст арзёбии сафарашро чунин шарҳ дод:

Раҳбари САҲА ҳангоми гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон
"Нахуст, инро бояд гӯям, ки ҳукумати Тоҷикистон бо САҲА ва бахусус панҷ дафтари он ҳамкории муассиреро ба роҳ мондааст. САҲА дар Тоҷикистон дуввумин дафтари бузургеро дорад. Фаъолияти густардаи он дар бахшҳои марбут ба таҳкими марз, поксозии он аз минаҳо, мусоидат дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин ислоҳоти соҳаи пулис ҷараён дорад. Ба ин далел, албатта, масоиле ҳаст, ки бояд мо бо ҳукумати Тоҷикистон баҳс кунем. Аммо ҳеҷ гоҳ ҳама чиз, ҳатто дар ҳар кишвари дигари ҷаҳон ҳам ба таври хеле хуб нахоҳад буд. Ин буд, ки ман бо ҳамтоёни тоҷики худ ошкоро дар бораи рушди демократия ва густариши озодии баён сӯҳбат кардем. Озодии расонаҳо аз самтҳои афзалиятнок фаъолияти САҲА аст. Ҳатто мисолҳои мушаххасе низ дар мавриди вуҷуд доштани маҳдудият дар ин заминаро ёдовар ва хостори таваҷҷӯҳи мақомоти Тоҷикистон ба ин масоил шудам. Ҳатто дар мулоқот бо раиси парлумон ба ин нукта таъкид кардам, ки бояд фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон бояд ғайриҷиноӣ бошад, яъне дар қонунҳо ҷавобгарӣ бояд маъмурӣ бошад, на ин ки ҷиноӣ. Ба ин маънӣ, ки набояд журналист барои навиштани мақола ба зиндон кашида шавад."

СӮҲАТИ ХАБАРНИГОРИ "ОЗОДӢ" БО РАҲБАРИ САҲА

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо раиси САҲА



Озодӣ: Пас, вазъи расонаҳо, бахусус озодии баён мояи нигаронии САҲА аст?

Ажубалис: "На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳар нуқоти дигаре низ ин масъаларо САҲА пайгирӣ мекунад. Ба ин далел дар ин ва дигар масоили муҳими ҷомеа бартарӣ дода хоҳад шуд. Зеро рушду густариши демократия ва озодии баён ин таҳаввули муҳим аст. Агар воқеан хоҳони озодии матбуот бошем, пас, бояд барои он талош кунем, онро пайгирӣ кунем, то дар воқеъ озод бошад."



Озодӣ:
Омили аслии рушду густариши демократия фаъолияти озоди аҳзоби сиёсӣ аст. Шумо ба фаъолияти аҳзоб дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ажубалис: "Мулоқоте, ки бо аҳзоб доштам, ҳам бо аҳзоби мухолиф буд ва ҳам бо аҳзобе, ки дар парлумон ҳастанд ва ҳатто берун аз парлумон. Воқеан, низоми Тоҷикистон ҳизбӣ аст ва ман чун фарде, ки ҳизбӣ ҳастам, дарк мекунам, ки сохтани низомӣ бисёрҳизбӣ кори осоне нест. Мо дар Литва барои ҳимояти аҳзоб пул ҷудо мекунем, зеро аҳзоб аз тарафи давлат ҳимояти молӣ шаванд, на ин ки аз ҷониби олигархҳо ва ё гурӯҳҳои дигар. Дар ин кор мо кафолати мустақилияти аҳзобро мебинем. Албатта, дар ин ҷо - Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа барои фаъолияти аҳзоб бояд кори зиёде сурат бигирад. Аз сӯи дигар, ҳукумати феълии Тоҷикистон низ бояд дарк кунад, ки ҳизби қавӣ ин ба маънии давлати қавӣ аст."

Озодӣ: Баҳси обу энержӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои доғ маҳсуб мешавад ва боис ба ихтилофи миёни кишварҳои болооб ва поёноб шудааст. Оё дар ниҳоят САҲА барои рафъи ин мушкил чӣ иқдоме хоҳад кард?

Ажубалис: "Муҳимтарин роҳи ҳалли ин масъала баҳсу муколама миёни кишварҳои ҳамсоя аст. Ман ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ сафар хоҳам кард ва барои он кишварҳо низ платформаи САҲА, ки меҳвари он муколама аст, пешниҳод хоҳам кард. Қатъи ҳамкорӣ хеле осон аст, аммо оғози он хеле мушкил."

МУЛОҚОТИ РАИСИ САҲА БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЗОБИ СИЁСӢ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯи раҳбари САҲА бо намояндагони аҳзоб