Истиқболи гарм аз ғолибони Eurovision дар Боку

Истиқбол аз Элдар Қосимов ва Нигор Ҷамол

Имрӯз дар фурудгоҳи издиҳоми бузурги мухлисон парчамҳои Озарбойҷон дар даст аз бозгашти ғолибони озмуни Eurovision -2011 Элдар Қосимов ва Нигор Ҷамол, маъруф ба дуэти Ell ва Nikki истиқбол кард. Ин дуэт бо таронаи инглисии "Running Scared" дар ин озмуни қораӣ дар Дюсселдорфи Олмон соҳиби ҷои аввал шуда, ҳаққи баргузории сабқати ояндаи Eurovision дар Озарбойҷонро ба даст оварданд. Раисиҷумҳури худкомаи Озарбойҷон Илҳом Алиев дар як баёния дар сомонаи иннернетиаш пирӯзӣ дар Eurovision-ро “комёбии бузурги давлат ва мардуми Озарбойҷон номидааст. Ин озмунро, ки 56 сол боз доир мешавад, ба гуфтаи ташкилдиҳандагонаш, имсол 125 миллион нафар дар 55 кишвари ҷаҳон тамошо кардаанд.