Созмонҳои занони Қирғизистонро афзоиши худкӯшӣ миёни духтарони аз сӯи ҷавонҳо рабудашуда нигарон кардааст.
Раҳбари Маркази ибтикори шаҳрвандӣ Банур Абдиева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду созмони занони шаҳри Қарокӯл аз шаҳрвандон хостаанд, ки зери як номаи эътирозӣ имзо гузоранд ва дар мубориза бо ҷинояте, ки хоси мардуми қирғиз нест, саҳм бигиранд.
Ӯ афзуд, ки тайи шаш моҳи ахир дар вилоятиИссиқ-кӯл ду донишҷӯдухтар - Венера Қосималиева ва Нурзод Қалиқова, ки бидуни хосташон аз сӯи ҷавонҳо рабуда шуда буданд, худкӯшӣ карданд.
Анъанаи бостонӣ ё ҷиноят?
Мунара Бекназарова, раиси Бунёди «Масири боз», мақараш дар шаҳри Бишкек, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки онҳо сабабҳои рӯх додани ин худкӯшиҳоро таҳқиқ мекунад ва ба волидон барои ба додгоҳ кашидани муҷримон кӯмак хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, дар Қирғизистон, бар пояи Кодекси ҷиноӣ, рабудани арӯс ҷиноят аст ва агар ҷавон хилофи ризояти духтар ӯро рабуда бошад, ба додгоҳ кашида мешавад.
Рабудани арӯс аз анъанаҳои бостонии қирғизҳост ва аммо ҳоло он мардумро дар ду сӯи сангар қарор додааст – бархе аз боқӣ мондани ин анъана пуштибонӣ мекунанд ва бархеи дигар барои аз байн бурдани он пойфишорӣ доранд.
Мунара Бекназарова ҷонибори ақидаи дуввум аст. Ӯ мегӯяд, «чаро мо бархе духтаронро аз ҳаққи интихоб маҳрум мекунем? Чаро мо худро сафед мекунем, ки рабудани арӯс анъанаи бостонист? Оё имкон надорад, ки ҷавону духтар ҳамдигарро бипазиранд, ҷавон ба ӯ пешниҳоди хонадорӣ кунад ва баъдан ӯро ба хона биёрад ва бигӯяд, ки ана арӯсро рабудам, ва ин ҳама, албатта, бо ризояти худи духтар?»
Мунара Бекназарова мегӯяд, ки бар пояи пажуҳиши муаррихон, ҳанӯз дар қарни 18 рабудани духтар дар Қирғизистон ҷиноят маҳсуб мешуд ва муҷрим бояд даҳҳо сар чорво ҷарима пардохт мекард. Барои дуздидани духтар аз хонаводаи сарватманд, ҳаҷми ҷарима хело бузургтар буд. Он замон, ба гуфтаи Мунара, бидуни ризояти духтар рабуда шудани ӯ боиси низоъҳои хунин миёни қабилаҳо мегашт.
«Дигар зистан намехоҳам!»
Мусоҳиби мо меафзояд, ки созмони онҳо бо чанд духтаре сару кор дошт, ки бидуни хосташон рабуда шуда буданд. Яке аз онҳо баъд аз рабуда шудан мавриди таҷовуз қарор гирифт, зеро ҷавон итминон дошт, ки баъд аз ин духтар барои зиндагӣ бо ӯ розӣ мешавад. Ва аммо духтар аз хонаи он ҷавон фирор кард ва тақрибан як сол дар ҳоли қабл аз худкӯшӣ қарор дошт ва пайваста мегуфт, ки дигар зиндагӣ кардан намехоҳад. Вале ин духтар, ба гуфтаи Мунара, аз навиштани ариза ба додгоҳ худдорӣ кард.
Духтари дигар баъди рабуда шудан он қадар дар ҳоли афсурдагӣ қарор дошт, ки доруи зиёд хӯрд ва табибон баъди заҳматҳои зиёд наҷоташ доданд. Ин духтар ҳоло маъюб аст, ҷавон бошад аз ӯ рӯ тофтааст.
Мунара Бекназарова мегӯяд, як сабаби афзудани духтаррабоӣ он аст, ки духтарон ҳуқуқҳои худро намедонанд, баъди рабуда шудан аз арз ба мақомот шарм мекунанд. Онҳо ҳамчунин аз он ҳарос доранд, ки бабд аз муроҷиат ба додгоҳ ҳадафи таънаву маломат ва масхараи мардум қарор мегиранд.
Мунара аз бетафовутии мақомот ба ин мушкил ҳайрон аст. Ӯ мегӯяд, мехоҳанд аз ҳар роҳе, ки набошад, таваҷҷуҳи ҳукумат ва ҷомеъаро ба мушкили худкӯшии духтарони рабудашуда ҷалб кунад. «Ба хотири он ки ҳукумат ба ин мушкил таваҷҷӯҳ кунад, мо мехоҳем далелҳои ҷамъовардаи худро ба Кумитаи СММ дар умури занон ирсол ва аъзои ин кумитаро ба кишвар даъват кунем, то онҳо худ тафтишоти мустақил доир намоянд. Зеро вақте ки онҳо ин мушкилро баён мекунанд, шояд он гоҳ ҳукумат ба ин мавзӯъ мутаваҷҷеҳ шавад», мегӯяд ӯ.
«Баҳор бидуни онҳо»
Созмонҳои занони Қарокӯл рӯзи 18 май дар майдони назди донишгоҳи шаҳр ҳамоишеро бо унвони «Баҳор бидуни онҳо» доир ва ба ин васила таваҷҷуҳи ҷомеъа ба худкӯшии духтарони рабудашударо ҷалб карданианд. Масъулини созмонҳо мегӯянд, ки ин ҳам маҳфили ёдбуд ва ҳам ҳамоиши эътирозӣ хоҳад буд. Қарор аст, ҳама ба майдон бо гулҳои баҳорӣ биёянд, ки рамзи ҳамоиш эълон шудааст.
Банур Абдиева, раиси Маркази ибтикори шаҳрвандӣ, умедвор аст, ки он рӯз мардуми бештар зери номаи эътирозӣ имзо гузошта, алайҳи анъанаи рабудани бидуни ризояти духтарон садо баланд хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, ки тайи шаш моҳи ахир дар вилояти
Чаро мо бархе духтаронро аз ҳаққи интихоб маҳрум мекунем? Чаро мо худро сафед мекунем, ки рабудани арӯс анъанаи бостонист?..