Путин дар сар ҳавои президентӣ дорад

Владимир Путин аз қасди бозгашти худ ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия аломатҳои қавӣ нишон медиҳад.
Дар ин авохир Владимир Путин бо намоиш додани чанд ибтикор, аз ҷумла таъсиси “Ҷабҳаи мардумӣ” ва ожонсии назорат ба навовариҳо, аз оғози ворид шудан ба маъракаи пешазинтихоботӣ, пайғом дод.

ПУТИН КРЕМЛИНРО АЗ НАВ ТАСХИР КАРДАНИСТ

Таҳлилгарон бо ишора ба ҳаракатҳои Путин мегӯянд, ки бо ин равиш нахуствазир дар муддати кӯтоҳ метавонад назорат бар интихоботи парлумонии моҳи декабари соли 2011- ро ба даст биёрад.

Владимир Путин дар Сочӣ бо аъзоёни"Ҷабҳаи мардумӣ"
Путин дар конфронси ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар Волгоград ҳамаи ҳизбу созмонҳоро барои ба ҳам омадан дар зери чатри “Ҷабҳаи мардумӣ” даъват кард ва гуфт: “Ман бисёр мехостам, ки ҳизби “Русияи ягона”, аҳзоби дигар, иттифоқҳои касаба, созмонҳои занон, ташкилотҳои ҷавонон, созмонҳои қаҳрамонҳои ҷанг, бо шумули қаҳрамонҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон, ҳамаи онҳое, ки дар пайи талоши ягонаи таҳкими кишвари мо ҳастанд, роҳи матлуби ҳалли мушкилоти моро ҷустуҷӯ доранд, битавонанд дар зери чати “Ҷабҳаи мардумӣ” ба ҳам биёянд.”

Путин гуфт, ки дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар авохири соли равон ва интихоботи президентӣ дар соли 2012, ҳизби “Русияи воҳид” ба идеяву пешниҳодҳои нав ва чеҳраҳои тоза ниёз дорад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар интихоботи Думаи давлатӣ номзадии нафарони номарбут ба ҳизби ҳоким низ пешбарӣ хоҳанд шуд.

ПУТИН "ҶАБҲА" ТАШКИЛ КАРД

Ҳамин тавр “Ҷабҳаи мардумӣ” сареъ таъсис ёфт ва рӯзи 12-уми май Путин бо фаъолони он дар Сочӣ мулоқот анҷом дод. Сухангӯи Путин гуфт, ки шоми 11- уми май нахуствазир дар яке аз тарабхонаҳои Сочӣ бо шарикони наздики худ, муовини раиси дастгоҳи раёсатиҷумҳур Владислав Сурков, раиси палатаи поёнии парлумон Борис Грызлов ва мақомоти дигар машварат доштааст. 12-уми май ба машварат кормандони сатҳи поёнтар ворид шуданд. Ҳадафи аслии нишаст, таъсиси сохтор, таҳияи асноди зарурӣ ва барномаи омодагӣ ба интихобот будааст.

Сухангӯи нахуствазир Дмитрий Песков дар заминаи шарҳи мулоқоти президент бо шариконаш гуфт, таъсиси “Ҷабҳаи мардумӣ” ин таҷаммуъи нерӯ на дар астрофи ҳизби “Русияи воҳид”, балки дар атрофи шахсияти Путин аст.

ПУТИН ДАР БАРОБАРИ ШОГИРДИ ХУД

Бо он, ки маъракаи пешазинтихоботии раёсати ҷумҳури Русия аз ҳоло шурӯъ шудааст, таҳлилгарон мегӯянд, акнун барои идомаи маърака Дмитрий Медведев бояд ибтикороти ҷолибтареро дар муқобили талошҳои Путин гузорад.

Таҳлилгари рус Григорий Голосов мегӯяд, ҳаракатҳои Путин далели он аст, ки ӯ барномаи бозгашт ба мақоми раёсати ҷумҳуриро қотеъаона тарҳрезӣ
кардааст: “Акнун то рафт рӯшан мешавад, ки Владимир Путин барои иштирок дар сабқати раёсати ҷумҳур тасмим гирифтааст. Ва ба эҳтимоли қавӣ ӯ дар интихоботи парлумон ба рӯйхати ҳизби “Русияи воҳид” шомил хоҳад шуд.”


Дар ҳоле, ки Путин мегӯяд, идеяи таъсиси “Ҷабҳаи мардумӣ”- ро бо Дмитрий Медведев машварат кардааст, аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки муборизаи байни Путин ва Медведев ошкортар шуда ва ба эҳтимоли қавӣ роҳе барои бозгашт боқӣ намондааст.

МЕДВЕДЕВ ДАР ДУРОҲА

Сиёсатшиноси рус Дмитрий Орешкин мегӯяд: “Ба назари ман эълони “Ҷабҳаи мардумӣ” чолиши мустақим ба президент Медведев ва ворид шудани Путин ба “қаламрави бегона” аст. Худатон қазоват кунед, Путин як корманде аст, ки аз тарафи Медведев ба ин мақом таъйин шудааст. Во ҳоло ин корманд “Ҷабҳаи мардумӣ” созмон медиҳад, ки раҳбараш низ ҳатман худаш хоҳад буд.”

Ин сиёсатшинос мегӯяд, акнун Медведев дигар илоҷ надорад, ба ҷуз ин, ки хати маши худро рӯшан кунад. Медведев ё ба ин ҷабҳа ворид шуда “думрав”-и Путин мешавад ё аз ҷабҳа сарфи назар карда ба “душман” табдил меёбад. Орешкин мегӯяд, агар Медведев, 18-уми май дар мулоқот бо рӯзноманигрон чизе нагӯяд, пас маълум хоҳад шуд, ки ӯ аз қудрат даст шуста сарнавишташро ба дасти раҳбари “Ҷабҳаи мардумӣ” супурдааст.