Баҳори хунини ҷаҳони араб

Пас аз намунаҳои нисбатан осоишта ва муваффақи инқилобҳо дар Тунис ва Миср, дар кишварҳои дигари ҷаҳони араб бархостани мардум бо хуну оташ печидааст.

СУРИЯ


Ҳамлаҳои ахири нерӯҳои Сурия бо истифода аз тонкҳо дар шаҳрҳои Ҳумс, Баниёс ва деҳоти Ҳаръо, Инхил, Тафс дар наздикии Даръо ба ҳалокати 19 нафар, аз ҷумла як
Масҷид дар Даръо
писараки 8-сола сабаб шуданд. Мудири созмони Мушоҳидаи ҳуқуқи инсон дар Сурия, Рамӣ Абдулраҳмон мегӯяд, режими Башор Асад эҳсос мекунад, ки дасти боз дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ба ӯ имконият медиҳад, роҳи осоиштаро дар пеш бигирад.
Мухолифони Асад, ки дар чанд шаҳр дар муҳосираи нерӯҳои давлат ба сар мебаранд, ба хабаргузориҳо гуфтаанд, аз бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ба рӯйдодҳои Сурия норозиянд.

Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо сафари 13 мансабдори аршади Сурияро ба кишварҳои узваш манъ кард ва таҳдид дорад, ки чунин таҳрим дар баробари раисиҷумҳури 45-солаи Сурия низ эълон хоҳад шуд. Вошингтон ҳушдор дод, ки агар саркӯби, ба гуфтаи он “ваҳшиёна”-и норозиён дар Сурия идома кунад, Иёлоти Муттаҳида қонунмандии режими Асадро зери суол қарор хоҳад дод.

Ҳангоме ки тонкҳои артиши Сурия ба сӯи хонаҳо дар шаҳрҳои Ҳумс, Баниёс ва деҳоти Ҳаръо, Инхил, Тафс дар наздикии Даръо оташ мекушоянд, аҳолии солманди ин манотиқ ҳамин гуна амалиёти нерӯҳои падари президенти феълии Сурия, Ҳофиз Асадро дар соли 1982 ба ёд меоранд. Он вақт, бино ба иттилои созмони Афви Байнулмилал то 25 000 нафар кушта шуданд. Пас аз ин зӯроварӣ Ҳофиз Асад 11 сол бидуни мушкил кишварро идора кард. Баъд аз сари ӯ писараш Башор дар интихоботе, ки танҳо ӯ дар он номзад буд, раисиҷумҳур интихоб гашт.

Аз оғози нооромиҳо дар Сурия то ҳоло 750 нафар кушта ва ҳазорон нафар боздошт шудаанд.

ЛИБИЯ


Шӯришиёни Либия мегӯянд, муҳосираи думоҳаро рахна карда, фурудгоҳи шаҳри бандарии Мисротаро ба даст овардаанд. Онҳо, ки ин пешрафтро як пирӯзии муҳим меноманд, мегӯянд, нерӯҳои вафодор ба
раҳбари Либия, Муаммар Қаззофиро ба канораҳои ғарбии шаҳр танг кардаанд. Бино ба гуфтаҳои намояндаи шӯришиён, Абдул Салом, дар ин ҷангҳо 5 шӯришӣ кушта ва 105 тани дигар захмӣ шудаанд. Пизишкон бар инанд, ки дар ҷангҳои Мисрота ва тирандозиҳои бенизоми нерӯҳои давлат зиёда аз 1000 сокини шаҳр кушта шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо пешрафти шӯришгарон бо мадади нерӯҳои ҳавоии НАТО ба вуқӯъ пайвастааст. Намояндагони Паймони Атлантики Шимолӣ гузориш додаанд, ки паймон аз 31-уми март то ҳоло 2400 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Ҳукумати Либия гуфт, ҳавопаймоҳои НАТО рӯзи панҷшанбе қасри Қаззофиро дар Троблус ва мавзеъҳоеро дар Боб-ул-Азизия ҳадаф қарор доданд. Ҳамлаҳо пас аз чанд соати дар телевизиони Либия падидор шуданги Қаззофӣ сурат гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки пас аз 9-уми апрел раҳбари Либия дигар дар мазҳари ом пайдо нашуда буд.

Мақомоти Либия пирӯзии шӯришиёнро рад мекунанд. Вале коршиносон бар инанд, ки
икмоли артиши Қаззофӣ бо мушкил рӯбарӯ шуда, рӯҳияи сарбозони ӯ афтодааст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун ба “оташбаси фаврӣ ва қобили эътимод” дар Либия даъват кардааст. Рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми май вазири умури хориҷии Лаҳистон, Радек Сикорски ба Бенғоӣ сафар ва бо сарони Шӯрои милли гузори Либия мулоқот кард. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз ифшои мӯҳтавои мулоқоташ бо шӯришиёни Либия худдорӣ кард.

ЯМАН


Нерӯҳои амниятии Яман ба сӯи таоҳуркунандагон дар Санъо тирандозӣ кардаанд. Эътилофи асосии мухолифони Яман, Маҷлиси Муштараки Аҳзоб, мегӯяд, бар асари ин ҳамла 12 тазоҳуркунанда кушта ва 226 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин хабарро пизишкон низ тасдиқ кардаанд.
Маҷлиси Муштараки Аҳзоб, ки аз сарони ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолон ва пешвоёни
қабилаҳо таркиб ёфтааст, аз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои арабии ҳамсояи Яман даъват кард, зидди саркӯбгариҳои маргбори ҳукумат чорасозӣ кунанд. Ин созмон гуфтааст, сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала ба президент Солеҳ имкон медиҳад, мухолифонашро ҳадафи тиру туфанг қарор диҳад.

Гирдиҳамоӣ ва талаби норозиён ба истеъфои Солеҳ пас аз 32 соли раёсат дар Яман дар моҳи январ сар шуда, моҳи феврал, пас аз барканории Ҳуснӣ Муборак дар Миср ба авҷ расиданд. Дар ин нооромиҳо то ҳоло, ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар, зиёда аз 150 нафар кушта шудаанд.

Президенти Яман, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, пешниҳод кард, ки дар ивази дахлнопазирӣ ва таҳрими таҳқиқи ҷиноӣ аз раёсатҷумҳурӣ даст кашида, ба ҳайси раҳбари ҳизби худ фаъолияташро идома медиҳад. Мухолифон ин пешниҳодро пазируфтанд, аммо Солеҳ аз имзои созишнома худдорӣ кард. Мухолифон низ созишро рад карданд ва хостори муҳокимаи Солеҳ дар додгоҳанд.

БАҲРАЙН


Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Баҳрайн, Шайх Халифа бин Аҳмад Ал-Халифа гуфт, қувваҳои Арабистони Саудӣ пас аз лағви вазъи фавқулода дар моҳи оянда низ дар кишвараш боқӣ хоҳанд монд. Ин нерӯҳо барои саркӯби норозиёни шиъа ба Баҳрайн даъват шудаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки 21 фаъоли мухолифон дар додгоҳ ба ташкили нооромиҳои зиддиҳукуматӣ айбдор мешаванд. Ва подшоҳи Баҳрайн гуфтааст, вазъи изтирорӣ дар кишвар рӯзии 1-уми июн бекор хоҳад шуд.

Мақомоти Баҳрайн бар инанд, ки тавонистаанд, тазоҳурот ва ошӯбро дар кишвари худ саркӯб кунанд. Нооромиҳо
замоне сар заданд, ки раҳбарони ҷомеаи шиъамазҳаби Баҳрайн тарафдорони худро ба майдонҳо хонданд, то ҳокимияти 200-солаи сунниҳоро барканор кунанд. Шиъаҳо дар Баҳрайн наздик ба 70 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд.

Ба маълумоти созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар хушунатҳои ахир дар Баҳрайн 31 тан кушта, садҳо нафар захмӣ ва ҳазорҳо нафар аз мухолифони сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, варзишгарон ва таҳсилдидагони шиъа боздошт шудаанд. 18 вакили шиъаи порлумони 40-нафараи Баҳрайн ба нишони эътироз аз бархӯрди ҳукумат бо тазоҳургарон маҷлисро тарк карданд ва қарор аст, барои пур кардани ҷои онҳо дар моҳи сентябр дар Баҳрайн интихоботи ғайринавбатӣ баргузор шавад.