"Шикор"-и гӯштфурӯшон дар Душанбе

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе беш аз даҳ гӯштфурӯшро барои риоя накардани тавсияи раиси шаҳр дар мавриди танзими нарх боздошт кардааст.
Нусратулло Саидов, сухангӯи раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод нархи аз сӯи шаҳрдорӣ муқарраршударо сарфи назар кардаанд.

Вай афзуд, "як кило гӯштро бояд 23 сомонӣ бошад, 27 сомонӣ
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои танзими нархи гӯшту орд ва дигар маводи ғизоӣ дар бозорҳо то ба имрӯз аз ҳисоби буҷаи шаҳр 20 миллион сомонӣ ихтисос додааст...
фурӯхтаанд. Нисбат ба онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, мавриди омӯзиш қарор доранд. Масалан, аз онҳо пурсида мешавад, ки аз кадом сарчашма гӯшт мегирифтанд ва ба чӣ хотир қиммат мефурӯшанд, ин ҳама омӯхта мешавад ва дар ҳоли ошкор шудани қонуншиканиашон ҷарима мешаванд."


Бино ба ин манбаъ, аз ҷумла дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нафаре шаш кило гӯшти гӯсфандро, ки 24 сомонӣ муқаррар шудааст, ба як сокини шаҳр бо нархи 27 сомонӣ сари ҳар кило фурӯхтааст, ки боздошт шуд.



Аммо гӯштфурӯшон мегӯянд, бархӯрди мақомот роҳи ҳалли масъала нест. Яке аз онҳо, ки худро муаррифӣ накард, гуфт, қиммати муқарраршуда аз ҳукумати шаҳр бо арзиши аслии мол мувофиқат намекунад: "Гӯште, ки мо ба бозор ворид мекунем, аз 26 то 27 сомонӣ қимат дорад. Аммо ҳоло ба 23 сомонӣ мефурӯшем. Маълум, ки ин бар зарари мост."

Ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, акнун баъд аз ҳамчунин бархӯрди мақомот, ки мехоҳанд гӯштфурӯшон дӯконҳояшонро набанданд, низ маҷбур аст бар зиёни худ кор кунад: "Бисёр агар зӯрашон расад, вазъи ордро бинанд, бензинро бинанд, ки чӣ қадар қимат шуда рафт. Ҳоло фақат ба гӯшт часпидаанд. Гӯшт аз он сабаб камчин, ки намемонанд бо нархи аслиаш фурӯхта шавад. Аз ҳамин сабаб, камчин мешавад ва боз қиматтар мешавад. Гов қимат шудааст. Ана, ҳоло моли тоза ҳам нест, ки мардум фурӯшад."

Қаблан шаҳрдории Душанбе барои харидорӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр 20 миллион сомонӣ ихтисос дод, аз ҷумла 12 миллион барои ғаллаву орд, 4 миллион барои маҳсулоти кишоварзӣ ва 4 миллион барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт. Аммо чанд ҳамсӯҳбати мо аз ҷумлаи гӯштфурӯшон расидани ҳамчунин як кӯмаки молиро ба эшон таъйид накарданд.
Аммо то куҷо он ба вазъи нархҳои афзоянда таъсир хоҳад кард ё таъсири акс хоҳад дошт, рӯзҳои оянда нишон медиҳад...


Коршиносон мегӯянд, муҷозоти фурӯшандагон илоҷи воқеа буда наметавонад, зеро болоравии нарх ба онҳо кам вобастааст. Илова ба ин, ҳуқуқдонҳо низ мегӯянд, боздошти тоҷирон барои риоя накардани тавсияи шаҳрдорӣ набояд ҷавобгарӣ ба дунбол дошта бошад.

Зеро ба гуфтаи онҳо, ин танҳо тавсия буда ва ҳар касе, ки мехоҳад аз он риоя мекунад. Ба қавли коршиносон, ба гумон аст, ки дар ҳоли мудаввом будани раванди қимматшавӣ, ки бо беқурбшавии пули миллӣ ва болоравии қиммати сӯзишворӣ ҳамгом аст, ҳукумат ҳам метавонад маблағҳои нав ихтисос диҳад.

Муҳаммадмӯъмин Тағоев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, ҷудо шудани маболиғ аз сӯи ҳукумат як кори хайр аст, аммо суол ин ҷост, ки оё он то куҷо воқеӣ харҷ мешавад ва ба ҳадаф мерасад.

"Агар маблағи ҷудошуда аз маболиғе, ки барои истеъмолот харҷ мешаванд, зиёд ё ҳатто баробар бошад, таъсири мусбат мерасонад. Аммо бо ин вуҷуд барои пешгирӣ кардани болоравии нархҳо мусоидат карда наметавонад"
,-афзуд ӯ.

Боздошти гӯштфӯрӯшон дар Душанбе аввалин бархӯрди амалии мақомот бо бозориён аст, ки шояд сипосгзуорӣ ва пуштибонии авомро ба бор орад. Аммо то куҷо он ба вазъи нархҳои афзоянда таъсир хоҳад кард ё таъсири акс хоҳад дошт, рӯзҳои оянда нишон медиҳад.