Ифтихор аз филмсозони эронӣ дар ҷашнвораи Канн

Ҷашнвораи Канн бо шиори ифтихор аз ду филмсози эронӣ – Ҷаъфари Паноҳӣ ва Муҳаммад Расулов оғоз ёфт.
Созмондиҳандагони ҷашнвора филмҳои нави Паноҳӣ ва Расуловро, ки ҳарду ба шашсолии зиндон маҳкум шудаанд, “намунаҳои пойдорӣ” ва муқовимат унвон карданд.

Ҳарду филми коргардонҳои маҳкумшудаи
Воқеияти зинда будан ва орзуи зинда доштани синемо моро ангеза дод, ки аз маҳдудиятҳои имрӯзаи синемои Эрон убур кунем...
эронӣ, ки акнун дар ҷашнвораи Канн ба намоиш меоянд, ба таври нимапинҳонӣ сохта шуда, шаҳодати мухолифати филмсозон ба ҳукми додгоҳанд.

Паноҳӣ ва Расулов дар моҳи декабри соли гузашта бо иттиҳоми фаъолиятҳои зидди низоми сиёсии Эрон ба шаш соли ҳабс маҳкум шуда, зимни гаравпулӣ ба озодӣ баромадаанд. Додгоҳ ҳамчунин бо филмсозӣ машғул шудани онҳоро барои 20 сол манъ кард.

“ИН ФИЛМ НЕСТ!”

Аббоси Бахтиёрӣ, раиси Маркази фарҳанги эронии “Пӯё” дар Порис, дар бораи филми нави Паноҳӣ бо номи “Ин филм нест”, ки якҷо бо коргардони дигар, Муҷтабо Миртаҳмосп офарида шудааст, чунин мегӯяд: “Ин филм ҳаёти худи Паноҳиро ба тасвир гирифтааст. Махсусан, рӯзҳоеро, ки Паноҳӣ интизори рӯшан шудани парвандаш дар додгоҳ буд. Ҳамзамон, коргардони дигари филм, Миртаҳмосп дар намунаи зиндагии Паноҳӣ мушкилоти синемо дар Эронро нишон медиҳад.”

Бахтиёрӣ меафзояд, дар филм саргузашти филмсозе ҳикоят мешавад, ки дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва ҳаққи филмсозӣ надорад. Биноан, филмсоз тасмим мегирад, филми худро дар байни чаҳор девор бигирад. Вай ба ин бовар аст, ки агар кори худро идома надиҳад, ҳаёти ӯ бесамар хоҳад буд.

“БА УМЕДИ ДИДОР”

Филми Расулов, “Ба умеди дидор” рӯзи 14-уми май дар барномаи истеъдодҳои нави Канн намоиш дода хоҳад шуд. Ин филмест дар бораи як вакили ҳуқуқӣ, ки ба дунболи раводиди сафари хориҷист, то Эронро тарк кунад. Худи филмсоз низ то ҳабсаш дар чунин вазъ қарор дошт.

Раиси ҷашнвора Ҷилз Якоб дар изҳороте гуфт, ҳарду филм паёми фавқулодаи ҳунар ва ҷасоратанд. Худи Паноҳӣ дар номае ба ҷашнвора менависад: “Воқеияти зинда будан ва орзуи зинда доштани синемо моро ангеза дод, ки аз маҳдудиятҳои имрӯзаи синемои Эрон убур кунем.”

Паноҳӣ ва Расулов иҷозаи сафар ба хориҷаро надоранд. Пеш аз ҳабсаш Паноҳӣ талош кард дар бораи иттиҳоди мухолифон -- Ҷунбиши Сабз, ки пас аз интихоботи президентии байсбарангези соли 2009 ба саҳна омад, филми мустанаде ба навор гирад.

Ҳукми сангини додгоҳро дар нисбати онҳо бисёриҳо паёми шадиде ба ҳунармандони эронӣ медонанд, то ки аз сиёсат ба дур биистанд. Барои Паноҳӣ, ки барандаи даҳҳо ҷозиаи бонуфузи синемои ҷаҳон аст, ҳарчанд филмсозӣ манъ шудааст, нақшофарӣ дар синемо манъ намебошад.