Оxfam: "Афғонҳо бештар аз артиши худ метарсанд."

Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон шояд ҷони ғайринизомиёнро аз сӯи нерӯҳои афғон бо хатар рӯбарӯ кунад.
Ин ҳушдор дар гузориши таҳқиқие дода шудааст, ки аз сӯи муассисаи бритониявии Oxfam ва чандин муассисаи дигар анҷом шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки даҳ дарсади ғайринизомиён дар соли гузашта аз сӯи пулис ва сарбозони урдуи Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд. Ин гузориш аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст то ҳам ҷараёни истихдом ва ҳам омӯзиши нерӯҳои амниятии афғонро беҳбуд бахшанд.

Ин гузориш дар ҳоле таҳия мешавад, ки интизор меравад нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар тақрибан ду моҳи дигар масъулияти амниятии бархе аз нуқоти Афғонистонро ба нерӯҳои афғон бисупоранд.

Ҳамзамон Зулмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон, ки ҳамакнун дар Пекин, пойтахти Чин ба сар мебарад, бо ҳамтои чинии худ дар баробари дигар масоил, дар мавриди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон сӯҳбат кардааст. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳам қаблан ваъда додааст, ки нерӯҳои афғон дар соли 2014 –и мелодӣ рӯи пои худашон хоҳанд истод.

Аммо чунончи дар гузориши таҳқиқии муассисаҳои хориҷӣ аз ҷумла Оxfam омадааст, бисёриҳо аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон нигаронӣ доранд. Абдулматин Хайрхоҳ, рӯзноманигори афғон мегӯяд: «Агар нерӯҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Афғонистон берун шаванд, вазъият дар ин ҷо сад баробар бештар аз солҳои 1990 бадтар хоҳад шуд.»

Дар ҳоли ҳозир Афғонистон 118 ҳазор нерӯи пулис ва 159 ҳазори сарбоз дорад. Аммо ҳаводиси ахир мисли даргириҳо дар Қандаҳор, фирори тақрибан панҷсад зиндонӣ аз маҳбаси ин вилояти ҷанубии Афғонистон ва ҳамла дар дохили вазорати дифои ин кишвар нишон дод, ки нерӯҳои афғон дар чӣ ҳадде тавони гирифтани масъулияти амниятиро доранд.

Масъалаи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон махсусан баъд аз кушта шудани Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида дар дуввуми моҳи май дар Покистон шиддат гирифтааст.

Бархе аз аъзои Конгресси Амрико хоҳони хуруҷи фаврии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шудаанд. Аммо давлатмардони амрикоӣ ва бритониёӣ гуфтаанд, ки ба маъмурияташон ҳамчунон идома хоҳанд дод.