Забони мураккаб, печида ва нофаҳмои қонунҳо

Муғлақбаёнӣ дар матни қонунҳои Тоҷикистон корафтодаҳоро саргардон ва харҷҳоро бештар ва дарди сар эҷод мекунад.
Мураккаб печида, нофаҳмо ва муғлақ, мафҳумҳое, ки нисбат ба забони қонунҳои Тоҷикистон истифода мекунанд. Бо чанд нафар ҳуқуқдон, афроди оддӣ ва хабарнигор, ки доир ба ин масъала сӯҳбат кардем бо ин гуфта мувофиқанд, ки забони қонунҳои Тоҷикистон мафҳум нест ва ба сахтӣ муяссар мешавад, то манзури муаллифро бифаҳмед. Агар масъала танҳо забон мебуд, мушкил надошт, аммо забони сахти қонун, кору муомила, ҳалли ягон мушкил ва дар маҷмӯъ зиндагии мардум дар Тоҷикистонро ҳам сахт мекунад.

ЗАБОНИ ҚОНУНҲО-ПЕЧИДА ВА НОФАҲМО

Аз ин ҷумлае, ки бароятон мехонам, лутфан худатон биёбеду бигиред: “Cуғурта ҳангоми рух додани ягон ҳодиса дар ҳаёт, маҷмӯи намудҳои суғуртаи захиракунандае ба ҳисоб меравад, ки ба маблағи муқарраршуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми дар ҳаёти суғурташуда рух додани ҳодисаи пешакӣ қайдгардида (бастани ақди никоҳ ё таваллуди фарзанд) пешбинӣ менамояд.” Шояд шумо фаҳмида бошед, ки муаллифи Қонун дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Тоҷикистон бо ин боби қонун чӣ гуфтан мехоҳад. Аммо ман бо вуҷуди онки панҷ сол дар донишгоҳи миллӣ забону адабиёти тоҷик хондаам, бахудо манзури муаллифро умуман нафаҳмидам. Ин танҳо як намуна аст ва ин гуна намунаҳо зиёданд, агар яке дигар мехоҳед, марҳамат. Намунае аз Қонун дар бораи ихтироъоти махфӣ дар Тоҷикистон. Лутфан ба ҳама гӯед, сокит бошанд ва бодиққат бихонед:

“Ҳангоми муайян кардани навгонии ихтироъоти махфӣ, дараҷаи махфиятнокии маълумотҳои дорои сирри давлатии ба сатҳи техника дохилшаванда набояд аз дараҷаи махфиятнокии ихтирооти махфии арзшуда баланд бошад.”

Боз ҳам чизе нафаҳмидед, манам ҳамин тавр.

БАРОИ ШАРҲИ ҚОНУН ТО ПАРЛУМОН

Шояд муаллифони қонун бигӯянд, ки забони ҳуҷҷатгузорӣ назар ба забони гуфтӯгуӣ, илмӣ ва дигар сабкҳои забонӣ хушку мушкилфаҳм аст. Ҳақ бар онҳост, аммо ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъи тоҷик, забони қонун набояд ба ҳадде печида бошад, ки мардумро саргардону дарбадар кунад ва онҳоро то ба назди муаллифони қонун барад, ки мисли Қуръон шарҳу тафсираш диҳанд. Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ин гуна мавридҳо буданд, ки барои шарҳи қонуне ба назди муаллифонаш то ба порлумон рафтаанд:
“Мисол, ман мехонам, як чиз мефаҳмам ва мақоми иҷрокунандаи қонун чизи дигар мефаҳмад. Барои ин мушкилро аз байн бардоштан, ба парлумони кишвар муроҷиат мекунанд ва парлумони кишвар маънидод мекунад, ки таҳти чунин модда ва ё таҳти чунин боби қонун чӣ дар назар дошта шудааст ва ҳангоми татбиқи қонун, чӣ тавр татбиқ шавад.”


Акнун худи он мардум медонанду Худо, ки то расидан ба назди муаллифони қонун, чанд рӯз саргардон шуданду чанд пул сарф карданд, то баъдан сариштаи кори худро биёбанд. Ба ибораи дигар, нофаҳмову мураккаб будани забони қонунҳо дар Тоҷикистон, ҳамон қадар мояи саргардониву ба тӯл кашидани кор, харҷи зиёдатӣ ва дардисарҳои изофӣ ҳам барои мақомот ва ҳам мардуми одӣ мешавад. Мутаассифона, роҳе нест, ки ин хароҷотро бо пул ҳисоб кунем, то миқёси мушкил рӯшантар шавад.

Марҳабо Ҷабборова, вакили Маҷлиси Намояндагон
"ШИКОЯТЕ ВОРИД НАШУДААСТ"


Аммо Марҳабо Ҷабборова, вакили мардумӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури илм, маориф ва сиёсати ҷавонон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замони шурӯъи кораш дар парлумон ба худи онҳо то кунун шикояте доир ба забони қонунҳо нарасидааст ва пеш аз қабули ҳар қонун, забоншиносон низ бо қалами ислоҳ дар даст онҳоро мебинанд: “Истилоҳоту мафҳумҳо бояд аниқ бошанд, дақиқ бошанд. Ба ин масъала диққати махсус дода мешавад, таркиби луғавии ибораву ҷумла ва истилоҳот ҳам бояд фаҳмо бошад, сохтаву сунъӣ набошад. Мо то ҳол ягон шикоят дар ин бора нагирифтем. “

"ТАРҶУМАЗАДАГӢ"-И ҚОНУНҲО

Аммо мардум шикояту дарди худро на ба парлумон, балки ба якдигар ё хабарнигорон мегӯянд. Яке аз ин гуна афрод як муҳосиби ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки кораш ба идораи молиёт зиёд меафтад ва аз тарси онҳо, номашро ифшо накард ва ба Радиои Озодӣ гуфт, барои шарҳи як боби Кодекси андоз пеши чанд нафар аз кормандони ин ниҳод рафта ва аз ҳар яки онҳо шарҳи гуногун гирифтааст.

Мушкили аслии забони асноди ҳуқуқӣ ва қонунҳои Тоҷикистон ба гуфтаи Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва вакили
Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
собиқи парлумон, тарҷумазадагии онҳост: “Забони қонунҳои мо, аз замони шӯравӣ ба ин сӯ зери таъсири сабки нигориши забони асноди ҳуқуқӣ ва қонунгузории русӣ мондааст. Аз ҳамин таъсир мо раҳо нестем. Имрӯз мо, парлумони Тоҷикистон, ҳукумат сари ин мавзӯъ андеша дорем, ки забони қонунҳоро бояд содда сохт, чунки қонун набояд дар бештар маврид ниёз ба ташреҳ дошта бошад.”

ҚОНУНСОЗ КИСТ: ТАРҶУМОН Ё ҲУҚУҚДОН?

Дар Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ислоҳи забони қонунҳо яке аз авлавияти кори онҳост ва конфронси “Забон ва сифати қонун”-ро мисол оварданд, ки соли гузашта баргузор шуд.

Додихудо Саймуддинов мегӯяд, қаблан сарнавишти забони қонунҳои Тоҷикистон дар дасти тарҷумонҳо буд, вале акнун бояд батадриҷ ба дасти ҳуқуқшиносон гузарад, ки медонанд, қонун чӣ мехоҳад ва чӣ гуна бояд бигӯяд.

Аммо то расидан ба ин ҷо, роҳи дарозе дар пеш аст ва то он замон маъмурони молиёт ба муҳосиби корафтодаи тоҷик Кодекси печидаву мураккаби андозро ба хости худ шарҳ хоҳанд дод ва мардуми корафтода дар ба дар хоҳанд гашт, то бифаҳманд, ки қонуне аз онҳо чӣ мехоҳад ва бар асоси он бояд чӣ гуна амал кунанд.