Як узви қитъаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи "Сино" барои нақзи қонуни интихобот аз масъулияташ барканор шуд.
Абдулло Ҳабибов, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии "Сино" ба Радиои Озодӣ гуфт, "хонум Қосимова, ки ҳамзамон раиси шаҳраки "Испечак-2" -и пойтахти Тоҷикистон аст, ду рӯзи пеш дар яке аз мулоқоти Амирқул Азимов, номзад ба интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза иштирок кардава аз интихобкунандагон даъват кардааст, ки ба тарафдории ҷаноби Азимов райъ диҳанд, ки ин хилофи қонунҳои интихобот аст."
Ба таъкиди ҷаноби Ҳабибов, ин узви комиссияи участкаи интихоботӣ довталабона дар ин мулоқот, ки ҳатто берун аз шаҳраки зери тобеаш будааст, ширкат карда ва бо ин амалаш фаъолияти шаффофу мунсифонаи ҳавза ва раванди баргузории интихоботи озоду демократиро халалдор кардааст.
Ба ин далел раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии "Сино-4" гуфт, ки хонум Қосимова аз узвияти комиссияи участкаи интихоботӣ барканор шуда ва ба ҷойи ӯ нафари дигаре интисоб шудааст.
Дар зимн, ба гуфтаи Абдулло Ҳабибов, Мавҷуда Қосимова, узвияти ҳеҷ ҳизби сиёсиро надорад ва танҳо аз ангезаҳои шахсии худ ба чунин коре даст задааст.
Ин дар ҳолест, ки Амирқул Азимов, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи интихоботии "Сино-4" пешниҳод шудааст.
Барканории як узви Комиссияи участкаи интихоботӣ аз симматаш то кунун собиқа надоштааст. Махсусан, барои пуштибонӣ аз номзади ҲХДТ, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, Комиссияи ҳавзаи интихоботии "Сино- 4" бо ин амалашон мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки интихобот дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ва бидуни ҳимоят аз кадом номзад, ҳатто номзади ҳизби ҳоким доир хоҳад шуд.
Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи "Сино-4"-и шаҳри Душанбе ба рӯзи якшанбеи 15-уми май бо рақобати чаҳор номзад: Амриқул Азимов, аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ ва Толибшоҳи Саидзода, сардабири нашрияи "Миллат" ва Сафарбек Маннонов, муовини раиси Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ки ба таври худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, сурат мегирад.
ҲНИТ дар ин интихобот Саидиброҳими Назар, ёвари раҳбари ҳизбро пешниҳод карда буд, аммо вай ба далели шомил накардани намояндагони ин ҳизб ба қитаъҳои раъйшуморӣ аз сабти номи худ дар ҳавза худдорӣ кард.
Коршиносон мегӯянд, Комиссияи ҳавзаи интихоботии "Сино- 4" бо ин амалаш мехоҳад нишон бидиҳад, ки интихобот дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ва бидуни ҳимоят аз кадом номзад, ҳатто номзади ҳизби ҳоким доир мешавад...