Вазъи мушкили Маҳмуди Аҳмадинажод

Талоши Маҳмуди Аҳмадинажод барои аз мақом сабукдӯш кардани вазири истихбороти кишвараш, ӯро дар ростои низои ошкор бо яке аз нерӯмандтарин мардҳои Эрон, раҳбари олӣ, Оятулло Алӣ Хоманеӣ қарор дод. Раҳбари олӣ раисҷумҳурро маҷбур кард, то вазирро дубора дар мақомаш барқарор кунад.
Ҳоло дар пазманзари "ҳуҷум"-ҳои пайиҳам ба раҳбари дастгоҳи ӯ, Исфандиёр Раҳим Машоӣ, ва боздошти ду ёвари ӯ бо иттиҳоми “ҷодугарӣ” мавқеи Аҳмадинажод аз ҳарвақта заифтар шудааст.
Алӣ Ансорӣ мегӯяд, дуруст аст, ки дар “задухӯрди ахир” Аҳмадинажод каме зарба дидааст, вале ӯ ҳатман роҳи бозгаштро меёбад. Табиати ин мард ҳамин аст...


Ҳар боре, ки Аҳмадинажодро дар гӯшае танг мекунанд, ба назар мерасад, ӯ ҳамеша дар як ҳолати калаванда аз он бадар меояд. Аммо ин дафъа бо зери зарба омадани шарики наздикаш, Исфандиёр Раҳим Машоӣ, раисҷумҳур ба хатари ҷиддитар аз гузашта мувоҷеҳ шудааст.

Дар ин авохир баҳсҳои камшиддат ба адовату душманӣ печида ва Аҳмадинажодро аз ҳимояти сиёсии раҳбари олӣ, Оятулло Алӣ Хоманеӣ, ки дар ин сохтор, дар ҳар мавзӯе набошад ҳарфи ниҳоиро мезанад, маҳрум кардааст.

"МУРҒОБИИ ЛАНГ"

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳим Машоӣ
Мавриди танаффур шудани раҳбари дастгоҳ, Раҳим Машоӣ, ки Аҳмадинажод ӯро ҷойгузини худ мебинад, раисҷумҳурро ба истилоҳ ба “мурғобии ланг” табдил дод, ки эҳтимол натавонад даври дуввуми раёсатро то ба охир бирасонад.

Мушкилот дар ҳоле буруз кард, ки ҳафтаи гузашта хадамоти амният якчанд ёвари Маҳмуди Аҳмадинажодро боздошт кард. Яке аз онҳо Аббос Ғаффорӣ ба гуфтаи додситони Теҳрон дар “ҷодугарӣ” даст доштааст.

Дигаре бо исми Аббос Амирифар, раҳбари бахши фарҳангии дастгоҳи раисиҷумҳур ба филми зиддунақизи “Зуҳур ногузир аст” иртибот доданд, ки дар он аз Аҳмадинажод ва Оятулло Алӣ Хоманеӣ ҷиҳати ҳамвор кардани роҳ барои бозгашти имоми 12-уми шиаҳо ситоиш шудааст. Бисёр рӯҳониён ба ин назаранд, ки Аҳмадинажод барои маъвиза дар масоили мазҳабӣ дониши кофӣ надорад.

Скот Лукас, ироншиноси донишгоҳи Бирмингҳеми Бритониё мегӯяд, иттиҳом алайҳи ёварони раисҷумҳур аломатест, ки ҷумҳурии исломӣ ба бӯҳрони сиёсӣ рӯ ба рӯ аст, ки аз замони интихоботи соли 2009 ҷиддитарин ба шумор меояд.

БАҲСҲОИ АМИҚИ СИЁСӢ

"Ҷаноби Амирифар эҳтимолан барои робитааш бо ин мавзӯи зиддунақиз, ки имоми ғоиб бозмегардад ва раисҷумҳур пайғамбарест, ки аз ин бозгашт истиқбол мекунад, боздошт шудааст. Аббос Ғаффорӣ аз тарафи вебсайти муҳофизакорон шахсе муаррифӣ шудааст, ки гӯиё ҷодугар аст ва бо арвоҳҳо сӯҳбат мекунад. Бо ин ҳол, душманони Аҳмадинажод ва Машоӣ мехоҳанд ин ҳардуро ба даст доштан дар сеҳру ҷодуи атрофи бозгашти имоми ғоиб муттаҳам кунанд. Як вебсайт навиштааст, ки бинобар сеҳру ҷодуи Ғаффорӣ бозраси ӯ сакта кардааст. Ин ҳама далелест, ки баҳсҳои амиқи сиёсӣ дар он ҷо ҷараён дорад”,-афзуд ӯ.

Ихтилофи миёни Аҳмадинажод ва раҳбари олии Эрон пас аз барканории Ҳайдар Муслеҳӣ сар зад
Боздошти ёварони Маҳмуди Аҳмадинажод ба дунболи ихтилофи раисҷумҳур ва раҳбари олӣ бар сари вазири истихборот ҷараён гирифт. Нашрияи "Лос Анҷелес Тайм" навишт, ки сабаби аслии аз вазифа сабукдуӯш кардани вазири истихборот, Ҳайдар Муслеҳӣ, дар он буд, ки ӯ дар дафтари кории Раҳим Машоӣ дастгоҳи гапшунавӣ гузошта буд.

Рӯзи 17-уми апрели соли ҷорӣ Аҳмадинажод барои аз мақом дур кардани вазири истихборот талош кард, аммо раҳбари олӣ ин дархости ӯро напазируфт ва амр кард, ки вазирро аз ҷояш наҷунбонад. Посухи Маҳмуди Аҳмадинажод ба ин талаб ғиёби 11-рӯза аз корҳои давлатӣ буд.

ҲУШДОР БА АҲМАДИНАЖОД

Баъзе аз мақомҳои наздик ба раҳбари олӣ ошкоро ба Аҳмадинажод ҳушдор доданд, ки аз ихтилоф бо раҳбари олӣ худдорӣ кунад. Ҳуҷҷатислом Муҷтабо Зонур, намояндаи раҳбари олӣ дар Шӯрои Нигаҳбон равобити Аҳмадинажод ва Раҳим Машоиро ба интиқод кашид ва гуфт, ки "имрӯз дар асл Машоӣ раисҷумҳур аст. Оқои Аҳмадинажод бо эътимод кардан ба Машоӣ ба “банди пӯсида” такя кардааст."

Ҳатто Оятуллоҳ Муҳаммад-Тағӣ Мисбоҳ Яздӣ, рӯҳонии муҳофизакор, ки замоне устоди мазҳабии раисҷумҳур буд, ӯро ошкоро ҳушдор дод, ки сарпечӣ аз амри раҳбари олӣ муодили баргаштагӣ аз дин аст.

Душманӣ ба Раҳим Машоӣ қисман аз мухолифати рӯҳониҳо ба ақидаи ӯ “Эрони исломии миллатгаро” маншаъ мегирад, ки бисёриҳо онро таҳдиде ба бунёди сохтори мазҳабии кишвар медонанд. Ӯ дар соли 2008 бо изҳори назаре, ки “Эрон дӯсти мардуми Исроил аст”, ҷиноҳи рости Аҳмадинажодро зери зарба гузошта буд.

МУШКИЛИ РАҲИМ МАШОӢ

Раисҷумҳури Эрон ҳоло дар вазъияти ногуворе қарор дорад...
Аммо Моҳир Ҷовидонфар, таҳлилгари эронии муқими Ховари Миёна сабабҳои бадбинии Машоиро амиқтар ва фаротар мебинад. Ӯ мегӯяд, бадбинии Машоӣ ва хонаводаи ӯ аз иртибот бо “Муҷоҳидини Халқ”, гурӯҳи чапгарои мухолифин маншаъ мегирад.

Вай гуфт, “дар бораи гузаштаи Машоӣ суолҳое мавҷуданд. Дар китобе, ки аз тарафи нафаре аз ҷиноҳи ростгарои сиёсатмадорони Эрон таҳия шудааст, гуфта мешавад, ки бародари Машоӣ узви “Муҷоҳидини Халқ» буд ва дар ҷараёни ғорати номуваффақи Бонк дар Ромсари Эрон кушта шуд. Парвандаи ӯ, дуруст замоне, ки Машоӣ дар паллаҳои қудрат боло мерафт, ба таври асроромез ғайб зад. Дар ҳамин китоб ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳамсари аввали Машоӣ узви Муҷоҳидини халқ буд, ки аз ҷониби сипоҳи посдорони инқилоб боздошт ва аз тарафи Машоӣ бозпурсӣ шуда буд.”

"Ӯ РОҲИ БОЗГАШТРО МЕЁБАД"

Ин ҳама рост аст ё дурӯғ гуфтан душвор аст, аммо таҳлилгарон дар як нукта ба ҳам мувофиқанд, ки таҳаввулоти ахир Аҳмадинажодро ба таври қобили мулоҳиза заиф кардаанд.

Скотт Лукас, эроншиноси донишгоҳи Бирмингҳеми Бритониё мӯътақид аст, ки ҳам бақои сиёсии Аҳмадинажод ва ин барнома, ки Машоӣ ӯро дар соли 2013 дар мақоми раисҷуҳмур иваз хоҳад кард, нобуд мешаванд.

Аммо Алӣ Ансорӣ раҳбари бахши омӯзишҳои Эрон дар донишгоҳи Ендрюси Скотланд нобудии сиёсии Аҳмадинажодро иғроқ мехонад. Ӯ мегӯяд, Аҳмадинажод аз нафароне нест, ки бидуни мубориза шикаст бихӯрад ва ин зарбаи мутақобил кофӣ нест, ки ӯро ба истилоҳ “дар ҷояш бинишонанд.” Алӣ Ансорӣ мегӯяд, “дуруст аст, ки дар “задухӯрди ахир” Аҳмадинажод каме зарба дидааст, вале ӯ ҳатман роҳи бозгаштро меёбад. Табиати ин мард ҳамин аст.”