Ҳамлаҳои Толибон: Интиқом барои марги бин Лодин?

Даргирӣ миёни нерӯҳои давлати Афғонистон ва шабакаи низомии Толибон дар Қандаҳор идома дорад.
Бино ба гузориши "Ассошиейтед-Пресс", сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи якшанбе, 8-уми майи соли ҷорӣ, эълон карда, ки даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон дар Қандаҳор вориди дуввумин рӯз шудааст.

Змарай Башарӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон
Ҳамлаҳои гурӯҳи Толибон дар Қандаҳор рӯзи шанбе, 7-уми май, тақрибан соати яки баъд аз зӯҳр шурӯъ шудаанд. Дар ин рӯз зимни тирандозиҳои густурда ва инфиҷорҳои суратгирифта аз сӯи Толибон, шаш бомбгузори интиҳории узви ин гурӯҳ худро дар наздикии маконҳои давлатӣ тарконидаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, дар ин ҳамлаҳо аз ҷумла яке аз биноҳои Хадамоти иттилоотӣ ё иктишофии Афғонистон, як маркази мутааллиқ ба нерӯҳои хориҷӣ ва чанд маркази пулиси афғон мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Рӯзи якшанбе сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон изҳор дошт, ки то ин лаҳза 23 тан аз шибҳанизомиён кушта шудаанд. Вазорати дифои Афғонистон низ аз дастгир шудани ҳафт тан аз аъзои Толибон дар Қандаҳор хабар додааст.

Ҳомид Карзай ҳамлаҳои Толибонро "интиқом барои марги бин Лодин" донистааст
Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии НАТО, ки ҳамчунон машғули хунсо кардани ҳамлаҳои шибҳанизомиён ҳастанд, гуфтааст, талоши гурӯҳи Толибон барои дар ихтиёр гирифтани контрол ё назорати Қандаҳор ноком мондааст.


Агарчӣ намояндаи "Толибон" ин ҳамлаҳоро Қанаҳор бахше аз амалиёти густурдаи баҳории ин гурӯҳ хондааст, аммо Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон дар баёнияе эълон карда, ки ин иқдомот барои интиқом аз марги Усома бин Лодин, раҳбари "Ал-Қоида" сурат гирифтааст.

Вале ҳамлаҳои рӯзи шанбеи шибҳанизомиён дар ҳоле сурат гирифтааст, ки моҳи гузашта беш аз 450 тан аз зиндониёне, ки бештари онҳо аъзои Толибон буданд, аз зиндони Қандаҳор фирор карданд. Яке аз сухангӯёни гурӯҳи Толибон ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки теъдоде аз ин афрод дар амалиёти рӯзи шанбе, 7-уми май, иштирок кардаанд.