Вазорати дифои Амрико ё Пентагон панҷ навори видео аз бойгонии Усома бин Лодинро нашр кардааст.
Ба гуфтаи масъулини хадамоти кашфи Амрико, бойгонии мусодирашудаи Усома бин Лодин баёнгари он аст, ки манзили ӯ дар Абботобод ситоди марказӣ буд ва назорати стратегиву фаврии “Ал-Қоида” аз он ҷо сурат мегирифт.
Ахиран вазорати дифои Амрико панҷ навори аввали видеоӣ аз бойгонии бин Лодинро нашр кард. Дар яке аз онҳо паёми видеоии раҳбари “Ал-Қоида” ба ҷонибдоронаш сабт шудааст.
Пентагон мегӯяд, ин панҷ видеои мунташиршуда дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба маҳалли иқомати Усома бин Лодин дар шаҳри Абботобод, дар наздикии Исломободи Покистон, ба даст омадааст.
Дар яке аз ин наворҳо Усома бин Лодин, маъруф ба "террористи рақами аввал", дар баробари телевизион нишаста ва тасовири худро дар шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мушоҳида мекунад.
Дар ин тасовир Усома бин Лодин кӯлоҳе бар сар дорад ва риши ӯ хокистарранг аст. Вазорати дифои Амрико ин навори видеоҳои Усома бин Лодинро бидуни садо мунташир кардааст.
Ин наворҳо бозгӯи ин аст, ки Усома бин Лодин дар маҳалли иқомати худ компютер низ доштааст, агарчӣ ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ вай аз интернет ё телефон бархӯрдор набудааст.
Яке аз видеоҳои бесадои Усома бин Лодин, ки аз сӯи Пентагон мунташир шудааст: