ҲСТ муҳоҷиронро ихтисос меомӯзонад

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ҷиҳати ҳимоят аз муҳоҷирони ҷавони тоҷик дар хориҷ иқдом мекунад.
Масъулони ҳизб мегӯянд, то кунун дар Русия беш аз 70 муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба давраҳои махсуси омӯзиши забон ва касб фаро гирифта, соҳиби сертификат кардаанд.

ИҚДОМИ НОДИРИ ҲСТ


Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ ба Озодӣ гуфт, ки барномаи дастгирии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳизб дар оянда хоҳад шуд ва дар ин робита бо вазорати илму маорифи Русия ва мақомоти вилояти Челябинск барномаҳои муштарак низ тарҳрезӣ шудааст.

Пешвои ҲСТ мегӯяд, ки дастгирии ҷавонон бо такя ба диаспораҳои муҳоҷирони тоҷик ва донишкадаҳои ин вилоят дар ҳоле натиҷаи мусбат
Абдулҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ
медиҳад, ки диаспораҳо тавонанд муҳоҷиронро ба давраҳои вижаи тахассусӣ, ки дар назди донишкадаҳои маҳаллӣ таъсис дода шудаанд, ҷалб кунанд.Ҷаноби Ғаффоров мегӯяд, ки яке аз корхонаҳои азими тракторбарории Челябинск, ки дар замони шӯравӣ 75 ҳазор коргар дошт ҳоло ба коргар ниёз дорад. Ин корхона муҳоҷирони тоҷикро дар сурате ба кор қабул мекунад, ки ҳадди ақал сертификати тахассусии челонгарӣ дошта бошанд: «Ҳоло ҳудуди 15 ҳазор коргар дорад ва ҷавонони мо довталаби кор дар ин корхона ҳастанд. Аммо ин корхона коргарони ихтисосмандро қабул мекунад. Маоши хуб ҳам дорад. Коргари тахассусдошта дар ҳамаҷо кор меёбад ва мо бо ректори яке аз донишкадаҳои ин вилоят тафовуқ кардем баъди гузаштан аз курсҳо, ба муҳоҷирон гувоҳномаи тахассусӣ диҳанд то онҳо ба кор қабул карда шаванд.»

ҲАМКОРИИ ҲСТ БО ВАЗОРАТИ МАОРИФИ РУСИЯ

Вазорати илм ва маорифи Русия ҳам унвонии ҲСТ аввалин маълумот роҷеъ ба таъсиси давраҳои кӯтоҳмуддат ва махсуси омӯзишӣ барои муҳоҷирони тоҷикро ироа кардааст. Дар номаи вазорати маориф ва илми Русия омадааст, ки дар марҳалаи аввал 70 нафар соҳиби сертификат шудаанд ва ин раванд идома дорад.

Аз байни ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ҲС нахустин ҳизб аст, ки аз роҳандозии барномаҳои муштарак бо мақомоти Русия ба хотири ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба давраҳои омӯзиши забон ва касб дар он кишвар дарак медиҳад.

АҲЗОБИ СИЁСӢ ВА МУҲОҶИРОНИ КОРӢ

ҲНИТ, ҲСДТ ва ҲХДТ ҳам мегӯянд, ки шуморе аз аъзояшон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Аммо то ҳол аз кадом барномаи мушаххаси кор бо ин қишр иттилоъ надодаанд. ҲНИТ дар арафи интихоботҳо ҳайатҳои худро ба Русия фиристода бо муҳоҷирон вохӯриҳо низ анҷом медод, вале ин
тамосҳои ҳизб бо муҳоҷирони тоҷик одатан танҳо бо давраҳои интихобот маҳдуд мешавад.

Аммо, на ҳама муҳоҷирон дар Русия аз иқдоми ҲСТ огоҳӣ доранд. Манучеҳр Саидзода, як муҳоҷири ҷавон мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсии Русияро мешиносад ё медонад аммо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро намешиносад. Манучеҳр мегӯяд, ки дар солҳои аввали ба Русия рафтанаш мушкили забон дошт, аммо бо гузашти солҳо ва муошират бо мардуми рус, забони русиро каму беш омӯхтааст.

Вай аз таъсиси курсҳои омӯзишӣ ва ихтисосӣ истиқбол кард ва гуфт, дар шароите, ки муҳоҷир аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва надонистани забон дучори мушкилот, ба хусус бо мақомоти пулиси Русия мешавад, ин давраҳо то ҷое ба дард мехӯрад: «Аммо ман надидам, ки ягон маротиба ягон тоҷик ояд ва гӯяд, ки биёед, ба шумо савдогарӣ ё забонро омӯзонем. Диаспораҳо меоянд, мегӯянд, ки чӣ мушкил доред, чӣ кумак кунем, аммо ҳизбҳои сиёсиро надидаам.»

ҶАВОНОН- БАХШИ АЪЗАМИ ҶАРАЁНИ МУҲОҶИРАТ

Аҳлиддин Салимов, таҳлилгари ҷавон бар ин назар аст, ки дар ҳоле ки сол то сол шумори муҳоҷирон меафзояд, на ҳукумат ва на ҳизбҳои сиёсӣ ягон барномаи мукаммал ва мушаххас барои ҳимояи ин қишри бузург ва муҳими Тоҷикистонро надоранд. Он ҳам дар ҳоле, ки аробаи иқтисоди Тоҷикистон, ба бовари тақрибан ҳамагон, пеш аз ҳама бо шарофати пули бо сад азоб
Як муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург
бадастовардаи ҳамин муҳоҷирон пеш меравад.

Дар маҳофил ба ҳар сурат, умедворанд, ки ибтикори ҲСТ, ки дар солҳои 90- ҳамчун ҳизби Сафаралӣ Кенҷаев ба майдон омада буд, шояд дарро барои ибтикорҳои аҳзоби дигар дар ин арса низ боз бикунад. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз як миллион тахмин зада мешавад. Бахши бузурги ин тоифа ҷавононанд, ки ҷавонӣ – беҳтарин фасли умри худро дар ғурбат сипарӣ мекунанд.