Хисороти соҳибкоронро кӣ ҷуброн мекунад?

Бозори "Баракат"-и ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ пас аз сӯхтор

Зарардидагони оташсӯзии бозори марказии ноҳияи Румӣ, дар назди идораи ҳукумати маҳаллӣ таҷаммӯъ карданд.
Талаби аслии беш аз 200 тан соҳибкори таҷаммӯънамуда ҷуброни зарар ва барқарор кардани бозор ва ё таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ дар мавзеъи дигар будааст.

Ба иттилои расмӣ, cоатҳои тақрибан чаҳори баъд аз зӯҳри рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, дар бозори мавсум ба «Баракат», дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, оташсӯзӣ ба амал омад, ки дар натиҷа170 нуктаи фурӯш ё дӯконҳо хароб шуда ва соҳибмулкон ҳазорҳо доллар хисорот дидаанд. Вале манобеъи огоҳ мегӯянд, шумораи ҷабрдидаҳо аз оташсӯзӣ ба 300 нафар наздик буда, беш аз 90 дарсади бозори марказӣ бо сабабҳои то ҳанӯз номуайян хароб шудааст.

Аксҳо аз бозори "Баракат"-и ноҳияи Румӣ пас аз сӯхтор



САБАБ: ТАСОДУФ ВА Ё АМАЛИ БАРҚАСДОНА?

Комисияи вижаи ҳукуматӣ ҳоло ба арзёбии ҳаҷми хисорот ва иллати аслии оташсӯзӣ дар бозори марказии ноҳия машғул мебошад. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ҳамчун фарзияи аслии сӯхтор баррасӣ мешавад, иддае аз соҳибкорон иддао доранд, ки ин амали барқасдона буда, ба хотири фишору аз бозор рондани онҳо сурат гирифтааст.

Юсуфҷон Юсуфов, соҳибкор
Юсуфҷон Юсуфов, соҳибкори ҷабрдида аз оташсӯзии бозори «Баракат»-и Румӣ, мегӯяд, як моҳ қабл соҳибкоронро ҳушдор дода буданд, ки бояд ба бозори навбунёди «Баҳор» кӯч банданд, аммо оташсӯзӣ расо баъд аз он сурат гирифт, ки соҳибкорон даъвати маъмурияти бозори «Баҳор»-ро рад карданд:
«Чӣ кунем, куҷо равем, намедонам. 12 нафар нонхӯр дорам дар хона, ҳоло ҳамаашон ба нони қоқ рӯз мебаранд. Мо ошхона доштем, қисман сӯхт, камаш 4 ҳазор доллар зарар дидем, ҳоло иҷозаи кор кардан намедиҳанд. Мо розием, ки як бало карда, худамон таъмир кунем, зиндагиро пеш бурдан даркор. Мегӯянд, ки бояд ба бозори навбунёд равем. Лекин он ҷо нархи иҷораву дигар пардохтҳо ду баробар зиёд аст, то 1200 сомонӣ супурдан даркор. Мо барои фақат беҳбуди раиси бозор кор кунем?! Дари бозорро маҳкам карданд, гуфтанд куҷое равед, раведу худатона ҷой кунед. Ҳукумат ҷонибдори ҳамин раиси бозори нав аст, вай вакил аст, авторитети калон аст…»

Ишораи соҳибкор Юсуфов ба вакили маҷлиси вилоятӣ ва ҳамзамон раиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баҳор» Саймуҳриддин Сайфов аст, ки ду сол пеш маркази нави тиҷоратии «Баҳор»-ро ба гунае ҳамчун алтернатива барои бозори ҳоло харобшудаи «Баракат» таъсис додааст. Вале ҷаноби Сайфов иддао дорад, ки ҳадсу гумонҳо дар бораи қасдан оташ задани бозори «Баракат» дуруст нест ва аз ҷониби ӯ соҳибкорони бозори харобшуда фишор надидаанд. Вай гуфт, ҳоло омода аст, ки барои соҳибкорони ҷабрдида аз оташсӯзӣ дар ҳудуди бозори нави зери раҳбариаш нуктаҳои нави тиҷоратӣ ихтисос бидиҳад.

СОҲИБКОРОН ХОСТОРИ ТАҲҚИҚ ҲАСТАНД

Вале гурӯҳе аз соҳибкорони ҷабрдида ҳамоно талаби ҷуброни хисорот ва таҳқиқи иллати оташсӯзӣ дар бозорро пеш меоранд.

Сафар Мирзоев, соҳибкор
Соҳибкор Сафар Мирзоев мегӯяд: «Гап ин ҷост, ки як ҳафта пеш аз ҳодисаи оташсӯзӣ дари калони бозори моро сварка карданд, то ки боз нашавад. Вақте, ки оташнишонҳо барои хомӯш кардани сӯхтор омаданд, расо якуним соат вақти худро барои кушодани ҳамин дарвоза сарф карданд, ки аллакай хеле дӯконҳо ба коми оташ рафтанд…»

Сӯҳроб Иброҳимови ҷабрдида афзуд: «Мо асосан матоъ савдо мекардем. Анборамон оташ гирифт, камаш 25 ҳазор сомонӣ зиён дидем. Хеле хисороти калон аст барои ман, ки бо пули бародарони муҳоҷирам тиҷоратамро гардон мекардаму рӯз пеш мебурдам. Аз худи ҳодисаи сӯхтор чанд рӯз гузашт, аммо ягон кас аз ҳоли мо намепурсад, касе кӯмак карданӣ нест. Яъне набояд ба умеди ҷуброни зарар аз тарафи ягон ниҳод шавем. Соҳибкорони ҷабрдида захираҳои доштаашро хӯрда истодаанд, даҳҳо нафар бемор шуданд, ба беморхона афтоданд. Ҳама асабонӣ ҳастанд, намедонем чӣ кунем…»

ХИСОРОТИ СОҲИБКОРОНРО, КИ ПАРДОХТ МЕКУНАД?

Файзалӣ Наврӯзов, тоҷири бозори харобшудаи «Баракат» чунин дарди дил кард: «Зарари мо хеле калон аст, фақат маҳсулотамон ба миқдори 50
Файзалӣ Наврӯзов, соҳибкор
ҳазор доллар, агар худи дӯконро ҳам ҳисоб кунем, 20 ҳазор доллар арзиш дошт, яъне ҷамъан зиёда 70 ҳазор доллар зиён бардоштем. Мо барои тиҷорат аз ҳар манбаъ маблағ гирифта будем, танҳо аз бонк 10 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтаем. Ҳоло фикри бозгардонии қарз маро хеле азият медиҳад, аз куҷо меёфта бошам…»


Дар ҳамин ҳол, Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Румӣ мегӯяд, арзу доди тамоми 200 соҳибкори ҷабрдида, ки дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ гирди ҳам омада буданд, аз ҷониби раиси ноҳия шунида шуд. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати маҳаллӣ талош хоҳад кард, ба зудтарин фурсат афроди ҷабрдида бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шаванд: «Дар бозори нав – маркази савдои «Баҳор» ба он нафароне, ки зарар диданд, 2-метрӣ ҷой (нуктаи тиҷорат) дода мешавад. Соҳибкорони ҷабрдида то се моҳ аз пардохти ҳаққи иҷораи нуктаи фурӯш озод хоҳанд шуд. Ҳамчунин кумитаи андози ноҳия низ барои соҳибкорони ҷабрдида бархе имтиёзҳои муваққатиро дод, то ки дубора бизнесашонро барқарор карда тавонанд. Ба ғайр аз ин, ҳукумати ноҳия бо бонкҳо ба чунин мувофиқа расид, ки мӯҳлати қарзҳоеро, ки соҳибкорони зарардида гирифтаанд, тамдид ва фоизашро кам кунанд.»

Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Ҷалолуддин Румӣ
МАҚОМОТ ТАҲҚИҚ МЕКУНАНД

Ҳоло бозори «Баракат» бо амри раиси ноҳияи Румӣ баста шуда, гуфта мешавад, имкони дубора боз намудани дарҳои он танҳо пас аз таҳия шудани тарҳи бозсозӣ, ё генплани нави бозор, ба миён хоҳад омад. Аммо маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад ва ҳазорҳо сомониву доллар зарари соҳибкорони ҷабрдида ҷуброн мешавад ё хайр?

Додситонии ноҳия мегӯяд, дар сурати ошкор шудани ин далел, ки оташсӯзии бозор қасдан, аз ҷониби нафаре ё гурӯҳе, сурат гирифтааст, парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, масъалаи ҷуброни хисороти расида ба соҳибкорон аз ҳисоби омилони оташсӯзӣ баррасӣ хоҳад шуд.

"ТАҶРИБА"-И БОЗОРСӮЗИҲО ДАР ХАТЛОН

Оташсӯзии бозори марказии ноҳияи Румӣ нахустин ҳодисаи тахриби бозорҳо дар Хатлон нест. Тайи як соли ахир бозорҳои марказии навоҳии Фархору Шаҳритус ҳам оташ гирифта, садҳо соҳибкорон хисороти зиёди молӣ бардоштанд ва бе ҷойи кор монданд.

Ҳоло хадамоти оташнишонӣ омодагии зиддисӯхтории тамоми бозорҳои азими воқеъ дар ҷануби Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор додааст.