Исроил аз оштии ду ҷиноҳи асосии фаластиниҳо – Фатҳ ва Ҳамос шадидан интиқод кард.
Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, оштии байни ҷиноҳҳои фаластинии Фатҳ ва Ҳамосро “зарбаи шадиде ба сулҳ ва пирӯзии бузурги терроризм” хонда, гуфт, кишвараш наметавонад бо ҷиноҳе тараф бошад, ки давлати Исроилро эътироф намекунад ва хостори маҳви он аст.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки раҳбари маъмурияти худгардони Фаластиин, Маҳмуд Аббос ва пешвои ҷунбиши Ҳамос, Холид Машъал дар маросиме дар Қоҳира, пойтахти Миср, оштии байни ҷиноҳҳои Фатҳ ва Ҳамосро баъд аз чаҳор соли душманиҳо расман тасдиқ карданд.
Ҳазорон нафар аз фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун аз созиши байни Фатҳ ва Ҳамос истиқбол карданд.
Дар расми имзои қарордод дар Қоҳира, Маҳмуд Аббос гуфт, ҳарду ҷиноҳи асосии фаластиниҳо тасмим гирифтаанд, сафҳаи сиёҳи муносибатҳои худро абадан пӯшонанд. Фатҳ ва Ҳамос замоне вориди хусумати шадид шуданд, ки Ҳамос дар соли 2007 назорати Навори Ғаззаро ба даст гирифт. Оштии тарафҳо дар ҳафтаи гузашта бо миёнаравии Миср ва нақшаи таъсиси ҳукумати эътилофӣ дар ростои интихоботи нав имконпазир гашт.
Дар ҳамин маросим пешвои ҷунбиши Ҳамос, Холид Машъал эълом дошт, ки ду созмон намояндагони як халқанд ва бояд барои дастёфт ба ормонҳои ин халқ талош кунанд. Вай афзуд, ҳадафи ҳарду ҷиноҳ ташкили давлати мустақили Фаластин аст.
Аммо Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, дар ҳоле ки озими сафар ба Лондон буд, гуфт, ин оштӣ сулҳи байни Исроил ва фаластиниҳо ва ҳамчун пайомад таъсиси давлати мустақили Фаластинро зери суол мебарад. Вай афзуд, Фатҳ бояд аз ду бо яке сари кор дошта бошад – бо Ҳамос ё бо Исроил.
Дар ҳоле ки Исроил аз ин созиш интиқод мекунад, ҳампаймони асосии он, Иёлоти Муттаҳида, аз ҷиноҳҳои фаластинӣ хостаст, оштии худро тавре амалӣ кунанд, ки раванди сулҳро тақвият диҳад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида Ҳамосро расман шомили феҳрасти созмонҳои террористӣ кардааст ва Чаҳоргонаи Ховари Миёна – Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва Русия борҳо аз Ҳамос даъват кардаанд, ки терроризмро расман рад ва давлати Исроилро эътироф кунад.
То ҳанӯз Ҳамос, ки гуфта мешавад, аз пуштибонии густардаи ҳукумати Эрон бархӯрдор аст, аз иҷрои ин даъватҳо сарпечӣ кардааст.