Н.Саидов: «Филми дуввум аз муносибати падару писар аст»

Носир Саидов, коргардони тоҷик мегӯяд, ба зудӣ наворгирии филмеро, ки мӯҳтавои он муносибати падару писар аст, оғоз хоҳад кард.
Ахиран филми коргардони тоҷик Носир Саидов, «Қиёми рӯз» дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро ба даст овард. Ин ҷоиза барои беҳтарини кори коргардонӣ ба ин филм дода шудааст.

ПАРВОЗИ БАЛАНДИ "ҚИЁМИ РӮЗ"

Ин дар ҳолест, ки дар ин ҷашнвора 266 номгӯ аз филмҳои таҳиягарони синамои ҷаҳонӣ пешниҳод шуда буд. То кунун «Қиёми рӯз», дар чандин
ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Ҷопону Русия, Ҳинду Итолиё ва Ҳуланд ширкат карда ва ҷоизаҳоеро ба даст овардааст. Аммо ин бори дуввум аст, ки филми «Қиёми рӯз» ба Эрон меравад. Зеро моҳе қабл ин филми синамогарони тоҷик дар ҷашнвораи даҳаи Фаҷр иштирок карда буд.

Носир Саидов, коргардони филми «Қиёми рӯз» дар сӯҳбат бо РО аз ширкат дар ин ҷашнвораҳо, ба хусус ҷашнвораи «Кеш» истиқбол кард ва гуфт: «мояи хушҳолист, ки «Қиёми рӯз» аз миёни садҳо филми пешниҳодшуда дар ин тадбири муҳим, соҳиби ҷоиза ва он ҳам барои беҳтарин кори коргардониро ноил шуд.»

"СИНАМОИ ТОҶИК БО ЭРОН ҚИЁСНАШАВАНДА АСТ"

Аммо бо ин ҳам ҷаноби Саидов бар ин назар аст, ки синамои Эрон бо Тоҷикистон қиёснашаванда аст. Зеро ба гуфтаи вай дар Эрон дар як сол танҳо 120 филми ҳунарӣ тавлид мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар Эрон шаҳрчаи синамо мавҷуд аст ва дар ин макон тамомии имконот ва шароит барои филмбардорон фароҳам мебошад.



Бо он, ки синамогарони тоҷик дорои чунин маконе нестанд, аммо Носир Саидов мӯътақид аст, ки табиати Тоҷикистон дар муддати 12 моҳ фазои муносиберо барои филмбардорӣ дорад. Аммо ба таъкиди ин коргардони тоҷик, танҳо мушкилоти молӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, монеъи рушди синамо ва филмофарӣ дар Тоҷикистон гардидаст.

ФИЛМИ САИДОВ ВА ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун Носир Саидов ният дорад то ба зудтарин фурсат ба наворбардории дуввумин филми ҳунарӣ ва он ҳам дар плёнкаи 3 5 милиметрӣ шурӯъ кунад. Ҳарчанд ҷаноби Саидов нахост то номи ин филм ошкор шавад, аммо гуфт, ки мӯҳтавои филми дуввум дар масоили муносибати падару писар аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар ҷомеаи Тоҷикистон қабули лоиҳаи «Қонуни
ҷадид дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» матраҳ аст. Носир Саидов низ мегӯяд, албатта то ҷое ин нияташ ба мӯҳтавои ин лоиҳаи қонун рабт дорад, аммо мехоҳад то проблемаеро рӯи навор орад, ки тамошобин тамошо кунад ва онро бипазирад.

МУШКИЛОТИ ФИЛМСОЗОНИ ТОҶИК

Дар ҳамин ҳол қарор буд, ки Ҷопон барои наворгирии ин филм маблағ ихтисос бидиҳад, аммо Носир Саидов, мегӯяд, офати табие, ки дар ин кишвар рух дод ва мардуми ин кишвар худ ба кӯмак ниёз доранд, ба ин далел умедворанд то аз дигар сарчашмаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ маблағ дарёфт кунанд.

Аз Носир Саидов пурсида шуд, ки оё бовар дорад, ки филми дувваш битавонад чун «Қиёми рӯз» ба истилоҳ «ҷаҳонгир» шавад, яъне дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷоизаҳо гардад, гуфт: «барои ман нахуст сохтани филм муҳим аст. Чун ҳоло дар фикри он ҳастам, ки ин филмро чӣ гуна бисозам, то тамошобин дӯсташ бидорад ва қабул кунад. Агар ба тамошобин писанд омад, пас метавонад дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷоиза гардад.»

Зимнан, ба таъкиди Носир Саидов, маҳалли наворгирии ин филм омода шудааст ва интизор меравад, ки он дар дохили Тоҷикистон таҳия шавад.