Субҳи 4-уми май гурӯҳе аз соҳибкорони бозори «Саховат»-и пойтахт дар рӯбарӯи Қасри раёсати ҷумҳурӣ таҷаммӯъ карданд.
Онҳо, ки моҳи ноябр бар асари як сӯхтор дӯкону амволашонро аз даст дода ва то ба ҳоло натавонистаанд муваффақ ба барқарории он бишаванд, барои додхоҳӣ ба назди кохи раёсати ҷумҳурӣ омадаанд.
СОҲИБКОРОН АЗ РАИСИ ҶУМҲУР ДОДХОҲӢ МЕКУНАНД
Онҳо мегӯянд тӯли ин муддат дар бештари идора ва ниҳодҳои ҳукумат арзу шикоят бурда вале аз ҳеҷ ҷое ба ҷуз аз ҳарфи хушку холӣ посух дарёфт накардаанд. Шикояти дастҷамъӣ дар назди кохи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон аз иттифоқоти тозае нест, ки дар солҳои ахир мушоҳида мешавад. Вале чӣ сабаб ва авомил боис мешавад, ки аз ақшори гуногуни ҷомеа гурӯҳҳо ва афрод ба нишони додхоҳӣ маҳз дар назди кохи раёсати ҷумҳурӣ таҷаммӯъ мекунанд ва оё дигар тарси ҷанги шаҳрвандӣ таъсири худро аз даст додааст.
Ин соҳибкорони ба додхоҳӣ омада то инки ба назди кохи раёсати ҷумҳурӣ оянд, борҳо ба шаҳрдорӣ ва масъулини бозори «Саховат» аз вазъи сангини худ шикоят кардаанд. Хонум Майсара яке аз ин бонувони соҳибкор гуфт, ки ҳоло онҳо аз баҳри хисороти расида гузаштаанд ва танҳо мехоҳанд, дӯконҳояшонро пас бигиранд. Зеро дар ин фурсати тӯлонии бекорӣ ҳама имконот ва шароити пеш бурдани рӯзгорро аз даст додаанд: «Ба мо ягон тин надоданд. Мо гуфтем ягон пул надиҳед. Бозорро зудтар обод кунед. Бозорро ҳам обод накарданд. Роҳбарияти бозор ҳоло мешавад гуфта то ба имрӯз кореро иҷро накарданд. Мо аз бонкҳо пул қарз гирифта будем. Фоизи ин қарзҳо афзуда истодааст.»
Ин хонум гуфт, ки бар асари сӯхтор дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар ҷойи кори худро аз даст додааст. Ва агар ин соҳибкорон ҳар кадоме дар хонавода 4-5 нафариро мехӯронданд ҳоло тасаввур кунед, ки чӣ қадар инсонҳо бо маҳрумият рӯбарӯ шудаанд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки муроҷиатҳои мукаррари онҳо натиҷае ба бор наовард ва ба ғайр додхоҳӣ аз худи раиси ҷумҳурӣ чораеро пайдо накарданд.
"САХОВАТ" ҲОДИСАИ НАХУСТИН НЕСТ
Аммо танҳо ин бонувони соҳибкор нестанд, ки мушкилоти ҳалношуда онҳоро то ба кохи раёсати ҷумҳурӣ овардааст ва ин танҳо мавриде ҳам нест, ки афроди ба истилоҳ ба ҷонрасида бидуни кадом тарсу ҳароси бархурд бо ходимони интизомӣ дар баробари Қасри раиси ҷумҳур қарор мегиранд.
Пештар низ фиребхӯрдагони мӯҳрабизнеси ширкати «Ҷамол», тоҷирони бозори тахрибшудаи «Зарнисор», муштариёни ширкати хонасозии «Мовароуннаҳр» ва чандин мавориди ҷамъомади занҳо аз маҳаллоти гуногуни пойтахт, ки биноҳояшон бо ин ва ё он сабаб вайрон шуданд, аз ҷумла сокинони рустои Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омада даъвои расидагӣ ба арзу шикоят карда буданд.
ЧАРО МАРДУМ НАЗДИ ҚАСРИ РАИСИ ҶУМҲУР МЕОЯНД?
Коршиносон иллати пеш омадани чунин вазъро ба ду омил рабт медиҳанд. Яке инки дар мақомоти маҳаллӣ масъулин ба шикоятҳои мардум расидагӣ намекунад ва дигар инки то ҳадде тарсу ҳароси ба меросмонда аз ҷанги шаҳрвандӣ таъсири худро аз даст медиҳад.
Саймуддин Дӯстов, раиси созмони иҷтимоии «Индем» мегӯяд, мардум аз он ҷиҳат назди раиси ҷумҳурӣ меояд, ки масъулини мақомоти маҳаллӣ ба шикояти онҳо эътибор намедиҳад: «Аксарияти ин мардум шикоят аз мақомоти давлатӣ доранд. Ба доди онҳо намерасанд ва ин чиз боис мегардад, ки мардум меоянд. Онки ин мардум меоянд боз баёнгари он аст, ки ҳокимияти иҷроия то дараҷае фалаҷ аст, ки он наметавонад ниёзҳои мардумро бароварда кунад. Ман фикр намекунам, ки оқибатҳои ин омаданҳо ба назди Қасри раиси ҷумҳур хуб бошад».
Ин нуктаро Сӯҳроб Шарифов-раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷиикстон низ эътироф мекунад, ки дар маҳалҳо на ҳама масъулин бо мушкилоти мардум расидагии дуруст мекунад. Вай гуфт, омадани мардум ба назди Қасри раиси ҷумҳур ба ин маъност, ки онҳо ба раиси ҷумҳурӣ бовар ва эътимод доранд: «Ман фикр мекунам, ки эътиқод, боварӣ ва имони худро ба президент бо ин амалҳо зоҳир мекунанд. Яъне, охирин инсоне, ки онҳо бовар доранд ин президенти ҷумҳурӣ мебошад, ки адолати иҷтимоиро метавонад баробар кунад ва қонеъ гардонад. Мардуми Тоҷикистон бояд масъулинро маҷбур созад, ки онҳо аз иҷрои вазифаҳои худ даст накашанд.»
"НАМЕТАВОН ДАҲОНИ МАРДУМРО БАСТ"
Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода-таҳлилгар аз маркази таҳлилии «Диалог» мегӯяд наметавон то ба беохир бо истифода аз тарси ҷанги шаҳрвандӣ даҳони мардумро баст. Оқои Сайфуллозода додхоҳии мардум аз раиси ҷумҳурро натиҷаи афзоиши фишору азият болои мардум унвон кард: «Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки нуқтаи ниҳоист. Дигар ҷои дигаре нест. Вақте ки дида мешавад ба доди онҳо дар ин даргоҳ ҳам касе намерасад, ҳатто раиси ҷумҳур ҳам намерасад, пас гумон мекунам, ки албатта боло рафтани беэътимодии ҳукумат рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ин аз як ҷониб. Вале ҳоло он тарз гуфтан, ки тарси ҷанги шаҳрандӣ аз қалбҳои мардум зудуда шудааст, каме барвақт аст.»
Бо ин ҳол соҳибкорони бозори «Саховат», ки барои додхоҳӣ ба назди раиси ҷумҳурӣ омада буданд баъди чанде аз кох берун шуданд. Онҳоро боз ҳам ба шаҳрдорӣ фиристода гуфтаанд, ки шикояти шуморо дар онҷо хоҳанд шунид. Ҷое ки соҳибкорон натавониста буданд посухи мусбат ба шикояти худ пайдо кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад