Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод дар Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил шуд, ки Хонаи Озодӣ ё Freedom House, созмони амрикоии нозири вазъи озодии баён дар ҷаҳон ин кишварро ба шумори кишварҳои "ноозод" ворид кардааст.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон, Кеннет Гросс, низ дар баёнияе дар ин рӯз вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хонда, гуфтааст, "бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдудманшаъ мегирад."
Аммо Мансур Сайфиддинов, сармушовири раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин арзёбиҳо аз рӯи адолат сурат нагирифтаанд. Ба қавли ӯ, вижагии Тоҷикистон дар минтақа дар ин мавзӯъ ба назар гирифта намешавад.
Вай афзуд, "дар минтақа дар қиёс бо дигар кишварҳо мо шояд хеле пешрафта ҳастем. Мо дар матбуоти ҳаррӯзаи худ мебинем, ки ин қадар матолиби интиқодӣ аз мақомот нашр мешаванд, ки дар дигар кишварҳо имкони нашр шуданро надоранд. Ба назари ман, дар ҷумҳурии мо озодии сухан дар сатҳи хеле баланд аст."
МАҚОМОТ: "ОЗОДИИ БАЁН ҲАСТ"
Тайи як соли равон Тоҷикистон шоҳиди мавридҳои зиёди фишор ба матбуоти озод буд. Чандин нашрияҳо ва рӯзноманигорони алоҳида маҳз аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шуданд ва ҳангоми ҳаводиси шарқи кишвар дар тобистону тирамоҳи соли гузашта фаъолияти иддае аз нашрияву сомонаҳо муваққатан қатъ шуд.
Ҳамчунин аз минбарҳои баланд шурӯъ аз раисҷумҳур то мақомдорони поёнӣ пайваста ҳушдор медиҳанд, ки расонаҳои мустақил аз манофеъи миллӣ дифоъ кунанд ва ваҳдати миллиро халалдор нанамоянд.
Мансур Сайфиддинов мавҷудияти мушкилотро инкор накард, аммо афзуд, дар гузаштаи начандон дури таърихи Тоҷикистон ҷомеа шоҳиди он буд, ки чӣ гуна рӯзноманигорон дар ноамниҳо саҳм доштанд. Вай афзуд, бамаротиб бештар будани теъдоди расонаҳои мустақил дар қиёс бо расонаҳои давлатӣ далели боло будани сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон аст.
КОРШИНОС: "БОВАР НАДОРАМ"
Тибқи иттилои расмӣ, тайи 20 соли истиқлолият теъдоди расонаҳои мустақил бамаротиб афзудааст, аз ҷумла агар дар соли 1991 аз 139 чор рӯзномаву ҳафтанома хусусӣ буданд ва танҳо як оҷонси хабаргузории давлатӣ фаъолият мекард. Ҳоло аз 404 рӯзномаву маҷалла 250, аз 8 оҷонсӣ 7, аз 30 телевизион 19 ва аз 16 радио 9 адад хусусианд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷовид Муқим, рӯзноманигор ва устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон гуфт, даъвоҳои мақомот дар бораи озодии сухан дар Тоҷикистон то ба имрӯз "ноозод" набудани кишварро собит накардаанд: "Ман ба ин гуфтаҳо чандон эътимод надорам. Воқеан то ба ҳол Тоҷикистон аз нигоҳи озодии сухан ноозод аст. Дар он сатҳе ки бояд бошад, нест. Бештар будани теъдоди нашрияву радиову телевизионҳои хусусӣ ҳанӯз ба маънои он нест, ки озодии баён ҳаст."
Иддае аз коршиносон ҳам бар инанд, ки новобаста аз фишорҳои мақомот ба рӯзноманигорон солҳои ахир ҷасорати рӯзноманигорони тоҷик афзуда ва ҳатто дар баробари ҳукумат мақоми аҳзоби мухолифро танг кардаанд.
ПОЁНИ ҶУРЪАТИ ХАБАРНИГОРОН?
Аммо Иршод Сулаймонӣ, як рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, то чанд соли пеш ин ҷасорат эҳсос мешуд, аммо соли гузашта ин бартарии рӯзноманигорон низ аз даст рафт: "Мутаассифона, рушди ҷуръати рӯзноманигорони мо бар зарари онҳо анҷом ёфт. Соли гузашта дар пайи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи амният ва даргириҳои водии Рашт, вақте ки рӯзноманигорон дар набарди иттилоотӣ пешдастӣ карданд, ин айём ба анҷом расид."
Бо ин ҳол, дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён бархе аз журналистон барои дарёфти ҷоизаҳо аз сӯи Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон шарафёб шуданд.
Аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифта буд, барои ҷасорати журналистӣ ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳро соҳиб шуд.
Хабарнигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ ва Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ҷоизаи таъсисдодаи "Медиа-Алянси Тоҷикистон" барои ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигоронро дарёфт карданд. Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи мустақили "Азия-Плюс" низ ба дарёфти ҷоизаи махсус барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мушарраф шуд. Ҳамчунин ҳафтаномаи "Нигоҳ" барои дифоъ аз манофеи миллӣ низ соҳиби ҷоиза гардид.
Чандин нашрияҳо ва рӯзноманигорони алоҳида маҳз аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шуданд...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад