Додгоҳи шаҳри Маскав мавзӯъи истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Анна Ставитская, вакили дифоъи Низомхон Ҷӯраев, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиаи додгоҳии рӯзи душанбе шикояти ӯ аз болои тасмими Додситонии кулли Русия барои истирдоди шахси таҳти ҳимояташ ба Тоҷикистон муҳокима хоҳад шуд. “Дар сурати рад шудани ариза аз сӯи додгоҳи шаҳри Маскав, мо ҳатман ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят мебарем, то аз таслими Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад", мегӯяд Анна Ставитская.
Чанд рӯз пеш Абдусамӣ Додобоев, сардори Раёсати равобити байналмилалӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид карда буд, ки иттиҳом алайҳи Низомхон Ҷӯраев аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйид шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия бар пояи конвенсияи Минск, ки иҷрои нукоти он барои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳатмист, муваззаф аст то масъалаи истирдоди Ҷӯраевро ҳал кунад.
Анна Ставитская мегӯяд, ки Додситони кулли Русия дар бораи истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон аллакай тасмим гирифтааст.
"AMNESTY INTERNATIONAL" АЗ ЧӢ НИГАРОН АСТ?
Аз имкони истирдоди Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва раҳбари пешини корхонаи кимиёи Исфара, ахиран созмони Amnesty International ё Авфи Байналмилал изҳори нигаронӣ кард. Сергей Никитин, раиси намояндагии ин созмон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сурати таслими Ҷӯраев ӯ шояд дар Тоҷикистон мавриди шиканҷаву азият ва бархӯрди ношоистаи мақомот қарор бигирад.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки онҳо аз тариқи сомонаи интернетӣ амалиёти "Кӯмаки фаврӣ ба Низомхон Ҷӯраев"-ро ба роҳ мондаанд.
“Низомхон Ҷӯраев маҳз он шахсест, ки дар робита ба ӯ мо аз фаъолони худ даъват кардем то ба мақомоти Русия, аз ҷумла, ба Додситони кулл Юрий Чайка нома навишта, нусхаи онро ба додгоҳи шаҳри Маскав ҳам ирсол кунанд”. – изҳор намуд Сергей Никитин. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи башар, “дар ин номаҳо онҳо бояд ба мақомоти Русия ӯҳдадориҳои байнулмилаллияшон дар робита ба арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башарро ёдрас кунанд ва ҳамчунин хотирнишон намоянд, ки ки бар пояи ин ӯҳдадориҳо, ихроҷ ё истирдоди фард ба кишваре, ки он ҷо хатари мавриди шиканҷа ваё азияти дигар қарор гирифтанаш мавҷуд аст, ғайримумкин аст”.
Аз ин рӯ, афзуд ҳамсӯҳбати мо, аз мақомоти Русия даъват мекунем, ки дархости Низомхон Ҷӯраев барои дарёфти паноҳандагиро бипазиранд, ва дар пояи конвенсия оид ба мақоми паноҳанда аз соли 1951 ба ӯ мақоми паноҳандагӣ диҳанд.
"БО ИТТИҲОМ ОШНОЕМ, АММО..."
Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро дар сирқати маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва қатли афрод айбдор мехонанд.
Фрида Рикер, дигар аз масъулини созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, онҳо бо иттиҳом алайҳи Низомхон Ҷӯраев ошноянд.
Ва аммо, меафзояд хонум Рикер, «мо намедонем, ки ӯ ин ҷиноётро содир кардааст ё на. Моро дар ин вазъ бештар он омил ба ташвиш меоварад, ки ӯ баъд аз истирдод метавонад мавриди шиканҷа қарор бигирад. Мо иттилоъи кофӣ дорем, ки дигар афроди ворид ба ин парванда дар ҷараёни бозпурсӣ азияту шиканҷа шудаанд”.
ШОҲИДОН НИЗ ШИКАНҶА ШУДААНД?
Анна Ставитская мегӯяд,далелҳои зиёди мавриди азияту шиканҷа қарор гирифтани афродеро, ки аз рӯи парвандаи “исфарагиҳо” маҳкум ба зиндон шудаанд, зери даст дорад.
Бар пояи ин аснод, меафзояд ҳамсӯҳбати мо, мақомоти тафтишотӣ дар ҷараёни бозрасии пешакӣ на фақат гумонбарон, балки шоҳидонро ҳам ба хотири дарёфти иқрори гуноҳи Низомхон Ҷӯраев шиканҷа кардаанд.
“Ҳамчунин ба ман номаву аризаи зиёде аз афроди аллакай маҳкумшуда мерасад, ки дар онҳо чӣ гуна дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ азияту шиканҷа шудани онҳо ба хотири дарёфти иқрори гуноҳи Низомхон Ҷӯраев тасвир шудааст”, мегӯяд Анна Ставитская.
Вакили дифоъ афзуд, ки дар сурати ноком шудан дар мурофиаи Маскав ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо асноди фаровоне дар бораи шиканҷаи афроди ворид ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, ангезаи сиёсӣ доштани парванда ва ҳамчунин дар бораи фишор болои додрасҳо дар мурофиаи Ҷӯраевро ирсол хоҳад кард.