Омодагии Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳодияи гумрукӣ

Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии кишварҳои ИДМ омодагии худро баён доштааст.

Иттиҳоди гумрукии кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар ҳоли ҳозир аз се кишвар - Русия, Белорус ва Қазоқистон иборат аст.

Мизони болои молиёт ва боҷҳои гумрукӣ дар марзҳо коҳиш ёфта, имкон фароҳам хоҳад овард, то ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот арзонтар ворид шавад...


Пешниҳоди узвият ба ин Иттиҳодия аз сӯи Тоҷикистон, ки дар як соли ахир раёсати даврии ИДМ-ро ба ӯҳда дорад ахиран дар шаҳри Маскав дар як ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ бори дигар матраҳ шудааст.

МОНЕАҲОИ МАРЗӢ БАРДОШТА МЕШАВАД?

Гуфта мешавад, дар доираи ин ҳамоиш Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ширкатдорон ба аҳамияти ташкили фазои воҳиди иқтисодӣ дар ин қаламрав ва тавсеаи Иттиҳоди гумрукӣ таъкид кардаанд.

Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии кишварҳои Муштаркулманофеъ имкон медиҳад, ки иқтисоди ин ҷумҳурӣ ба пешравиҳои назаррас ва қобили мулоҳиза даст ёбад.



Сайраҳмон Назриев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мегӯяд, узвият дар ин Иттиҳодия аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим аст, ки монеаҳои мавҷуди сарҳадӣ барои гардиши мол ва доду ситад аз байн меравад.

Афзун бар ин, мизони болои молиёт ва боҷҳои гумрукӣ дар марзҳо коҳиш ёфта ва ин имкон фароҳам хоҳад кард, то дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот арзонтар ворид шавад.

ТОҶИКИСТОН БОЯД ШАРТҲОИ ХУДРО БИГӮЯД?


Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Аммо бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик бо ин ки узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодияро як амри зарурӣ ва ногузир меҳисобанд, ба ин нукта низ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон бояд бо шартҳои худ вориди ин созмон шавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик, мегӯяд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукии кишварҳои ИДМ дар дарозмуддат барои Тоҷикистон муфид хоҳад буд. Зеро бар пояи шароити ин Иттиҳодия кишварҳои пешрафтаи он муваззафанд, ки кишварҳои ақибуфтодаро барои таъмин бо фановариҳои муосир кӯмак кунанд.

Аз тарафи дигар, бо таваҷҷӯҳ ба он ки меъёри ягонаи гумрукӣ шарти дигари мавҷудияти ин Иттиҳодия аст, воридшавии амвол аз кишварҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон осонтар ва арзонтар мешавад.

ҚИРҒИЗИСТОН НИЗ ДАРХОСТ ДОДААСТ

Аммо ба ақидаи ин донишманди тоҷик азбаски дар ҳоли ҳозир ҳаҷми воридот аз содирот дар Тоҷикистон бештар аст, даромади буҷа аз ҳисоби амоли воридшаванда коҳиш хоҳад ёфт.

Сайраҳмон Назриев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон танҳо дар он сурат метавонад узви ин Иттиҳодия бишавад, ки бо яке аз кишварҳи узви он ҳамсарҳад бошад.

Аз ин рӯ, мегӯяд ҷаноби Назриев, узвияти Тоҷикистон ба воридшавии Қирғизистон ба ин Иттиҳодия бастагӣ дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нишасти баргузоршуда дар шаҳри Маскав Қирғизистон низ дархости мушобеҳро матраҳ кардааст.