"Ҳамла"-и нерӯҳои Қирғизистон ба хоҷагии "Чоркӯҳ"

Нерӯҳои вижаи Қирғизистон як боғ дар хоҷагии деҳқонии "Чоркӯҳ"-ро бо 400 бех зардолуаш решакан кардаанд.
Ин боғ дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон воқеъ буда, бар сари он байни сокинони ду ҷониби марз чандин дафъа даргириҳо низ рух додаанд.
Баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад...


Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии "Чоркӯҳ" ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо натавонистаанд дар муқобили ин нерӯи эъзомии мусаллаҳ истодагарӣ кунанд ва монеи кандани боғ шаванд.

Ҷаноби Олимов мегӯяд, замини ин боғ дар тамоми харитаҳои заминшиносии ноҳияи Исфара ҳамчун қаламрави Тоҷикистон талаққӣ мешавад, вале мақомоти Душанбе бо вуҷуди боздидҳои мукаррар аз ин мавзеи баҳсӣ натавонистанд аз ҳудуди кишвар дифоъ кунанд.



Балки, меафзояд ӯ, ҷониби Тоҷикистон бо гузаштҳои пайдарпаяш дар баҳси ин заминҳо ҷониби Қирғизистонро ба ғасби қаламрави боз ҳам бештар шерак мекунад, ки як натиҷааш амалиёти шаби 17-уми март буд.

Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд.

Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват карданд.



Аммо тайи, инак, 22 соле, ки аз он рӯёрӯии аввал ва се соле, ки ки аз охирин даргирии байни сокинони ду тарафи ин марз мегузарад, то ҳол як роҳҳалли барои ҳамаи ҷонибҳои ин низоъ муносиб таҳия нашуда, баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад.

Неъматбой Олимов мегӯяд, мардуми ин минтақа аз бақия мақомот дасту дил шуста, акнун дидаи умед танҳо ба сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон дӯхтаанд, ки ҳамчун кафили якпорчагии қаламрави кишвар аз даст рафтани ин гӯшаи хоки Тоҷикистонро набояд иҷозат диҳад.