Се фармондеҳи олирутбаи Яман аз эътирозгарони хостори истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ пуштибонӣ намуданд.
Ин фармондеҳони баландпояи артиши Яман ба тарафи эътирозгарон гузашта, пойгоҳи ҳукми президенти ин кишвар Алӣ Абдулло Солеҳро боз ҳам заифтар намуданд.
Генерал Алӣ Муҳсин ал-Аҳмар, фармондеҳи фирқаи аввали зиреҳпӯш, яке аз муттафиқони наздики президент Солеҳ ба шумор мерафт. Ҳамроҳшавии ӯ ва ду фармондеҳи дигар - Муҳаммад Алӣ Муҳсин ва Ҳамид ал-Қусайбӣ ба сафи мухолифин пойгоҳи ҳукми раҳбари яманиро ба қадри кофӣ заиф мекунад.
Дар як паёмаш ал-Аҳмар сабаби пайвастани фирқааш ба сафҳои мухолифинро чунин шарҳ дод: "Ман аз номи сарбозонам эълон мекунам, ки мо аз инқилоби ҷавонон ва тақозоҳои онҳо ба таври осоишта пуштибонӣ мекунем. Мо ҳамоно таъмини назму суботи пойтахтамонро давом медиҳем. Воҳиди низомиамон бародаронамон ва нерӯҳои мусаллаҳро ҳимоят мекунад. Аз Худо дархост мекунам, ки Яманро аз ҳар гуна бадӣ эмин нигаҳ дорад.”
ТОНКҲО ДАР КӮЧАҲОИ САНЪО
Дар паи ин эълон дар кӯчаҳои шаҳри Санъо тонкҳо ҷойгир шуданд. Як идда тонк дар канори майдони эътирозгарон ҷа ба ҷо шуда, чанд тонки дигар дар назди Қасри президент, Бонки Марказӣ ва Вазорати мудофиаи Яман мавқеъ гирифтаанд.
Хабарнигорон мегӯянд, маълум нест, ки кадом яке аз ин тонкҳо ба мухолифин ва кадоме марбут ба горди ҷумҳурӣ аст, ки зери фармони Аҳмад, писари президенти Яман, қарор доранд.
Дар Яман, ки бо нуфузи қабилаҳояш маъруф мебошад, раҳбари яке аз қабилаҳо бо номи Содиқ ал-Аҳмар ба мухолифин пайваст. Ҳамчунон сафирони яманӣ дар Урдун, Сурия ва Арабистони Саудӣ вазифаашонро канор гузоштанд.
НИГАРОНИИ ҒАРБ
Рӯзи якшанбе, 19-уми март, дар зери фишори эътирозгарон президент Солеҳ ҳукумати Яманро ба истеъфо фиристода буд. Аслан Солеҳ, ки 32 сол инҷониб раёсатҷумҳурии Яманро дар дӯш дорад, гуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли 2013-ум сабқат нахоҳад кард.
Солеҳ татбиқи як барномаи ислоҳоти сиёсиро низ мадди назар гирифтааст.
Вале шумори зиёди яманиҳо аз таъқиби хунини эътирозгарон ба ғазаб омадаанд. Рӯзи ҷумъаи гузашта мерганҳо аз болои биноҳои ҳукуматӣ оташ кушода, беш аз 50 эътирозгарро ба қатл расониданд. Пас аз ин хунрезӣ, Солеҳ вазъи фавқулодаи якмоҳаро тамдид намуда, салоҳияти пулисро тавсеа бахшид.
Нооромиҳои Яман боис ба нигаронӣ дар кишварҳои ғарбӣ шудааст. Зеро президент Солеҳ ҳамчун муттафиқи Ғарб дар мубориза бо созмони террористии ал-Қоида шинохта мешавад. Дар зимн, бахши ямании ал-Қоида бар зидди манфиатҳои ИМА ва Арабистони Саудии саршор аз нафт чандин ҳамла раҳандозӣ кардааст.
Солеҳ, ки 32 сол инҷониб раёсатҷумҳурии Яманро ба ӯҳда дорад, гуфта, ки дар интихоботи президентии соли 2013-уми ин кишвар сабқат нахоҳад кард...