Имрӯз, 21-уми март, ҳазорон сокини шаҳри Душанбе ба Наврӯзгоҳ ё Ипподроми собиқ рафтанд, ки ҷашни асосии наврӯзии пойтахти Тоҷикистон дар он ҷо оғоз ёфтааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе ба "Озодӣ" гуфт, барои баргузории ин намоиши пуршукӯҳ то 10 ҳазор нафар басиҷ шудаанд.
Ҷаноби Саидов афзуд, рӯзи 22-юми март дар ин наврӯзгоҳ мусобиқоти гӯштии наврӯзӣ ва рӯзи 23-юми март пойгаи аспҳои тоҷикиву англисӣ низ доир хоҳад шуд.
Шаби гузашта дар майдони назди ҳайкали Исмоили Сомонии Душанбе барои нахустин бор ба шарафи Наврӯз як консерти бузург низ доир шуд.
Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.
Гузашта аз ин, дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.
Сокинони пойтахти Тоҷикистон барои нахустин бор Наврӯзро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ таҷлил мекунанд.