НАТО ва кишварҳои дигар роҳҳои иҷрои қарори Шӯрои Амният дар мавриди минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ эълон кардани ҳарими ҳавоии Либияро меҷӯянд.
Ҳадаф аз ин қатънома, ки шоми панҷшанбе бо касби 10 раъйи мувофиқ аз 15 узви Шӯрои Амният тасвиб шуд, ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии режими Муаммар Қаззофӣ алайҳи чирикҳост. 5 узви боқимондаи Шӯрои Амният, бо шумули Чину Русия ва Бразилияву Олмон, аз раъйдиҳӣ дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд.
Қатъномаи Шӯрои Амният иттихоз ва истифодаи “тамоми тадобири лозим” ба хотири ҳимояти мардуми мулкӣ аз ҳамлаҳои нирӯҳои содиқ ба Қаззофиро тақозо мекунад. Аммо ин санад эъзоми нирӯҳои хушкигарди хориҷӣ ба қаламрави ин кишвари арабии шимоли Африқоро сарфи назар мекунад.
Сухангӯи НАТО гуфт, сафирони кишварҳои узви ин эътилофи низомӣ рӯзи ҷумъа иқдомотеро, ки НАТО метавонад ба манзури иҷрои қатъномаи Шӯрои Амният рӯи даст бигирад, баррасӣ мекунанд. Кохи Сафед гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба дунболи раъйгирии Шӯрои Амният масъалаи Либияро дар тамосҳои телефонӣ бо раҳбарони Бритониёву Фаронса баҳс кардааст. Лондону Порис алакай гуфтаанд, ки барои иҷрои қатъномаи Шӯрои Амният омода мебошанд.
Ин қатънома дар ҳоле тасвиб шуд, ки нирӯҳои Қаззофӣ бахши аъзами манотиқи зери назорати чирикҳоро пас гирифта, акнун ба сӯи Бенғозӣ, пойгоҳи асосии мухолифин дар шарқи Либия, ҳаракат мекунанд.
Аммо бо ҳарими барои парвозҳо мамнӯъ эълон шудани ҳарими ҳавоии Либия ва имкони дахолати нирӯҳои хориҷӣ бӯҳрони ин кишвари арабӣ ба куҷо хоҳад кашид. Ва оё метавон гуфт, ки умри режими Муаммар Қаззофӣ сар омадааст? Амриддин Шарифов, устоди фанни равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд: