Вазири хусусисозии Покистон гуфтааст, Исломобод аз тарҳи CASA-1000 даст нахоҳад кашид.
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, ба Озодӣ гуфт, Саид Навид Қамар, вазири хусусисозии Покистон, дар сӯҳбат бо ӯ таъкид кардааст, ки агар Тоҷикистон нерӯгоҳи Роғунро низ насозад, метавонад нерӯи барқи изофии худро ба ин кишвар интиқол бидиҳад.
Ҷаноби Қамар, намояндаи Кумисюни иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст, ки дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ ба Душанбе омада ва ҳам аз маҳали сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид кард.
Зубайдулло Зубайдов ба "Озодӣ" гуфт, вазири обу энержии Покистон бори дигар итминони хотир додааст, ки Исломобод ба ҳамаи қарордодҳояш бо Тоҷикистон содиқ буда, барои амалисозии тарҳи CASA-1000 низ омода аст.
Хати баландшиддати CASA-1000, қарор аст, нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро тавассути Афғонистон ба Покистон интиқол бидиҳад. Гуфта мешавад, рӯзҳои наздик музояда барои сохтмони ин хати баландшиддат эълон хоҳад шуд.
Қабл аз ин, рӯзномаи англисизабони "Dawn”, чопи Покистон, навишт, сафири Узбакистон дар Исломобод Ориф Каримов ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи Вазорати обу энержии Покистон мулоқот анҷом дода, номаи "норизоияти"-и кишвараш аз ин тарҳро ба онҳо додааст.
Дар ин гузориш бо ишора ба мактуби сафорати Узбакистон омадааст, ки ҳама кишварҳои поёноб - Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон мухолифи ин тарҳ мебошанд.
Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳазинаи 680 миллион доллар сохта мешавад ва умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.
Намояндаи Бонки Осиёии Рушд рӯзи чаҳоршанбе, 16-уми март, пас аз мулоқоташ бо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов гуфтааст, ин бонк "ба хотири ҳифзи мавқеи беғаразонаи худ" дар ин тарҳ иштирок намекунад...
Ҷаноби Қамар, намояндаи Кумисюни иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст, ки дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ ба Душанбе омада ва ҳам аз маҳали сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид кард.
Зубайдулло Зубайдов ба "Озодӣ" гуфт, вазири обу энержии Покистон бори дигар итминони хотир додааст, ки Исломобод ба ҳамаи қарордодҳояш бо Тоҷикистон содиқ буда, барои амалисозии тарҳи CASA-1000 низ омода аст.
Хати баландшиддати CASA-1000, қарор аст, нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро тавассути Афғонистон ба Покистон интиқол бидиҳад. Гуфта мешавад, рӯзҳои наздик музояда барои сохтмони ин хати баландшиддат эълон хоҳад шуд.
Саид Навид Қамар, вазири покистонӣ ба Тоҷикистон омада ва аз маҳали сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидан кард
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Бонки Осиёии Рушд (БОР) рӯзи чаҳоршанбе, 16-уми март, пас аз мулоқоташ бо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов гуфтааст, ин бонк "ба хотири ҳифзи мавқеи беғаразонаи худ" дар ин тарҳ иштирок намекунад. Қабл аз ин, рӯзномаи англисизабони "Dawn”, чопи Покистон, навишт, сафири Узбакистон дар Исломобод Ориф Каримов ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи Вазорати обу энержии Покистон мулоқот анҷом дода, номаи "норизоияти"-и кишвараш аз ин тарҳро ба онҳо додааст.