Дар ҳоле, ки ҳамагӣ 7 % кӯдакони синни томактабиро кӯдакистонҳои Хатлон фаро гирифтаанд, барои нигаҳдории як кӯдак дар ин муассисаҳо дар як рӯз 70 дирам, ихтисос дода мешавад.
Камбуди маблағ сабаб шудааст, ки ба кӯдакон ғизои дурусту кофӣ дода намешавад ва аксаран таъмини ғизо дар муассисаҳои томактабӣ ба дӯши волидон будааст.
ВОЛИДАОН НОРОЗӢ ҲАСТАНД
Шарифамоҳ Субҳонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳар моҳе барои тарбият ёфтани фарзандаш дар кӯдакистон, 20 сомонӣ мепардозад. Аммо бо пардохти ин маблағ ҳам харҷи Шарифамоҳ хатм намешудааст: «То собуну сачоқу тагсариву ҷойхоби фарзандамро аз хона бурдаам ба боғча. Ҳатто аз мо барои қазои ҳоҷати кӯдак горшок пурсиданд, курсии кӯдакона ҳам дархост карданд. Ҳама ин чизҳоро бар иловаи маблағи пардохтаамон, ба кӯдакистон бурдаам…»
Хонум Субҳонова ҳамчунин аз сифат ва ҳаҷми ғизое, ки ба кӯдакон дар кӯдакистон дода мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, аслан худаш ҳамарӯза нону дигар анвоъи ғизоро барои фарзандаш ба кӯдакистон мебарад. Аммо ҳамзамон вай гуфт, ҳарчанд аз шароити нигаҳдории фарзандаш дар кӯдакистон розӣ нест, чун дар як муассиса кор мекунад, ночор аз хизмати кӯдакистон истифода мекунад.
"ХОНАВУ ПАЛОС- ОДАМУ ЛИБОС"
Ин ҳам дар ҳолест, ки Заррина Холназарова, мудири муассисаи томактабии рақами 10-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, барои таълиму тарбияи хушсифати фарзандон, зарурати боло бурдани ҳаққи хизмати кӯдакистонҳо ба миён омадааст. Вай афзуд: «Хонаву палос – одаму либос» гуфтаанд. Дар замонаи мо ҳоло аз рӯйи ҳамин мақол амал мекунанд. Бисёр волидон норозианд аз пардохти маблағи иловагӣ ва дастгирии кӯдакистонҳо. Мо бояд ба онҳо фаҳмонем, ки ҳама харҷашон барои фарзандони худашон анҷом мешавад. Магар падару модар намехоҳанд, ки тифлашон рӯйи қолини хушсифат бишинад, дастурхони зебо дошта бошанд, хонаи тифлашон гарм ва хуб таъмир шуда бошад? Пас, чаро намехоҳанд ба беҳтар кардани шароити тарбияи кӯдакашон мусоидат кунанд? Охир кӯдакашон аз субҳ то шом дар ҳамин кӯдакистон нигоҳдорӣ мешавад. Шароити хуби таълиму тарбия ба психологияи кӯдак таъсири мусбат мерасонад…»
Дар ҳамин ҳол, Исмон Ҷӯраев, корманди масъули шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, бар асоси қарори шаҳрдорӣ, ҳаққи хизмати моҳонаи кӯдакистонҳо барои як моҳ набояд беш аз 10 сомониро ташкил диҳад:
«Қарори раиси шаҳр ҳаст дар бораи ин, ки бояд на беш аз 10 сомонӣ пардохта шавад. Аммо ин ки масалан волидайн 3 сомонӣ ё 5 сомонӣ иловагӣ пардохт мекунанд, ба ихтиёри худи онҳост. Мо ҳуқуқ ҳам надорем, ки ба тасмимгирӣ ё қарорҳои кумитаи падару модарон дахолат кунем, то он даме, ки аз тарафи онҳо шикоят сар назанад…»
20-40 ДИРАМ БАРОИ ЯК РӮЗ
Вале баъзе сокинони маҳаллӣ, ки фарзандонашон дар кӯдакистонҳо таълим мегиранд, мегӯянд, мудирони боғчаҳо волидонро огоҳ кардаанд, ки дар ояндаи наздик ҳаққи моҳонаи хизматрасонӣ то ба 70 сомонӣ, 15,5 доллари амрикоӣ, боло хоҳад рафт. Бо назардошти дастмузди аксаран нокофии сокинони вилояти Хатлон, ин маблағ барои бисёриҳо миёншикан будааст.
Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, гуфт, ҳанӯз ин тасмими ниҳоӣ ва тасдиқшуда нест. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ночиз будани ҳаҷми маблағи ихтисосдодаи давлат ба кӯдакистонҳо, роҳи дигари беҳбуд бахшидан ба шароити кӯдакистонҳо вуҷуд надорад. Вай ба унвони мисол аз вазъи таъминоти кӯдакистонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт:
«Агар мехоҳед тасаввури аниқ дар бораи вазъи таъминоти боғчаҳо ҳосил кунед, бояд маблағи ҷудомешуда ба 15 кӯдакистони мавҷуда дар Қӯрғонтеппаро бубинед, ки ҳаҷмаш чӣ қадар аст. Ин маблағи умумиро ба 15 боғча тақсим кунед ва баъд ба 12 моҳ ва ба сари ҳар як кӯдак. Ҳатто дар як рӯз ба 40 дирам, 20 дирам мерасад ба сари ҳар як тифл. Бо ин маблағ як дона тухм ҳам харида намешавад…»
Хонум Роибова афзуд, ин ҳам дар ҳоле, ки феълан аксари кӯдакистонҳои қаламрави вилояти Хатлон ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин бисёре аз кӯдакистонҳое, ки дар ҷамоату рустоҳо вуҷуд доштаанд, феълан ба сабабҳои мухталиф аз фаъолият бозмондаанд.
Ҳамакнун, идораи маорифи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, барои корандозии дубораи кӯдакистонҳо доираҳои соҳибкориро ҷалб карда, ба ин восита, наздик ба 100 муассисаи томактабиро хусусӣ ва шароити таълиму нигаҳдорӣ дар онҳоро беҳбуд бахшад.