Ҷаноби Бордюжа гуфтааст, ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои арабӣ ва дар пасманзари он нооромиҳо дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ бори дигар водор месозад, ки дар чаҳорчӯби СПАД ҷиҳати суботи авзоъ, якҷоя тасмим гирифта шавад.
Таъкиди дуввумӣ мушоҳидаи эҳтимоли ба ҳам хӯрдани оромиву субот дар минтақа будааст, ки бо наздик шудани "Толибон" дар марзҳои СПАД эҳтимол доштааст.
ҲУШДОРИ БОРДЮЖА
Таҳлилгарони масоили минтақа ин ду таъкиди Николай Бордюжаро ду
Дар баробари ишораҳои дабири СПАД Николай Бордюжа дар мавриди эҳтимоли норомиҳо дар минтақа, Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон хомӯш буд ва изҳори назаре ба хабарнигорон накард...
ҳушдоре арзёбӣ мекунанд, ки ҳадафи аслии он ҷалби таваҷҷӯҳи созмонҳо ва кишварҳо ба Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ мебошад.
Бордюжа ин ҳарфҳоро дар ҳоле баён медорад, ки Душанбе мизбони як нишасти дигари байналмилалӣ доир ба масоили марзбонӣ ва амнияти минтақа дар Осиёи Марказӣ низ хоҳад буд. Ин нишаст бо кӯшиши як барномаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, ки дар он намояндагон аз Амрико, Чин, САҲА ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
"ШОНСИ МАСКАВ"
Ба қавли Худойбердӣ Холиқназаров, устоди факултаи муносиботи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дабири СПАД қабл аз сафараш ба ин минтақа, изҳороти баландсадо дар мавриди печида шудани вазъи Осиёи Марказӣ пахш кард, ки дар расонаҳои Русия пушти сари ҳам ба нашр расидаанд.
Вай гуфт, ҳадафи аслӣ аз ин ҳама нигарониҳо ҳадафи аслӣ аҳамият бахшидани ОДКБ ба унвони як созмони низомӣ дар минтақа мебошад ва Маскав ҳам шонси тақвияти ҳузури худ ва ҳифзи манофеи худ дар минтақаро аз тариқи ҳамин созмон мебинад.
“Русия ҳузури худашро метавонад дар чаҳорчӯби СПАД тақвият диҳад, агар ба шарте инро тавонад анҷом диҳад. Тақрибан аксари кишварҳои минтақа узви СПАД ҳастанд ва онҳо манфиатдор ҳастанд, ки субот дар минтақа побарҷо бошад. Аз ин рӯ фикр намекунам, ки Русия аз роҳҳои дигар дар инҷо ҳузури худро тақвият диҳад",-афзуд ӯ.
"НООРОМИҲОИ ИДОРАШАВАНДА"
Комёб Ҷалилов, ходими калони Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон дар як таҳқиқоти худ таҳти унвони "Нооромиҳои идорашаванда" мегӯяд, имкон дорад, кишварҳои манфиатдор дар минтақа ба хотири манофеи худ бозиҳоеро дар миён дароранд, ки аз як сӯ ҳам ин нооромиро контрол карда тавонанд ва ҳам ҳадафҳои худро тавонанд пиёда намоянд
Ҷаноби Ҷалилов афзуд: "Дар мақолаи таҳқиқотии худ таъкид кардам, ки қувваҳои хориҷӣ ба хотири манофеи худ як камони секунҷаро созмон медиҳанд, ки дар он Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон дар марҳилаи аввали шомил ҳастанд ва кишварҳои абарқудрат барои ҳадафҳои худ, нооромиҳоеро ба вуҷуд меоранд , ки назоратшаванда ҳастанд. Бо «нооромиҳои назоратшаванда» мехоҳанд ҳузури худро тақвият диҳанд. Дар марҳилаи баъдӣ Узбакистон ҳам дар назар гирифта шудааст."
БОРДЮЖА ҲАРФ МЕЗАНАД, АЗИМОВ ХОМӮШ АСТ
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон, Вазорати умури дохилӣ ва ниҳодҳои дигари қудратии ин кишвар мегӯянд, ки бо фарорасии баҳор, мақомоти амниятии Русия, Қирғизистон ва баъзе кишварҳои дигари минтақа аз эҳтимоли нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ бахусус дар Тоҷикистон ҳадс мезананд, вале вазъи феълии кишвар ором аст.
Дар баробари ишораҳои дабири СПАД Николай Бордюжа дар мавриди эҳтимоли норомиҳо дар минтақа, Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон хомӯш буд ва изҳори назаре ба хабарнигорон накард.