Эътирози муҳаррири "Миллат" аз ҷоизаи Лоҳутӣ

Толибшоҳ Саидзода, муҳарири ҳафтаномаи "Миллат"

Барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ аз ҳастии Вазорати кишоварзӣ дар миёни сармоягузорони ҷоиза норозист.
Толибшоҳ Саидзода, муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" далели эътирози худро маблағгузории ин ҷоиза аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон унвон кардааст. Вазоратхонае, ки бо нашрияи "Миллат" даъвои додгоҳӣ дорад.
Сарфи назар кардани як хабарнигор аз ҷоизаи Лоҳутӣ дар таърихи ин ҷоиза аз соли 1968 то кунун собиқа надоштааст...

Ин вазорат як сол қабл нашрияро ба додгоҳ кашид ва дар ниҳоят Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбат ба ҳафтаномаи "Миллат" ҳукми пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима барои зарари маънавӣ расонидан ба Вазорати кишоварзӣ ва чопи раддия, ки гӯиё далелҳои матлаби нашркардаи "Миллат" исбот нашудаанд, содир намуд.

Ҷаноби Саидзода мегӯяд: "Саҳмгузории як ниҳоди давлатие, ки аз сӯи Оҷонси мубориза бо коррупсия ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар соли 2009 ба доштани фасод муттаҳам шуда буд ва бо матбуот даъвои судӣ дорад, дар муҳимтарин Ҷоизаи журналистии Тоҷикистон барои ман қобили дарк нест. Аз ин рӯ, ба унвони муҳаррири нашрияи "Миллат" гирифтани бахшишеро аз чунин ниҳод кори ғайриахлоқӣ медонам."



Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳар сол барои беҳтарин корҳои журналистӣ дар бахши матбуот, радио ва телевизион дода мешавад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар як соли пеш аз болои ҳафтаномаи "Миллат" ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят карда буд. Ин вазорат даъво дошт, ки дар матлабе зери унвони "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" дар ҳафтаномаи "Миллат" таҳқир шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ баъд аз як соли баррасии ин қазия ба нафъи Вазорати кишоварзӣ ва бар алайҳи "Миллат" қарор қабул кард ва аз ин нашрия талаб кард, то 1 ҳазору 500 сомонӣ ба нафъи вазорат пардохт ва ҳам раддия чоп кунад.

Аммо масъулини нашрияи мустақили "Миллат" мегӯянд, чунин қарори додгоҳ ноодилона ва ғайриқонунист, чунки онҳо танҳо суханони як вакили Маҷлиси намояндагон ва гузориши Оҷонси мубориза бо коррупсияро дар ҷаласаи парлумон нашр кардаанд ва мутобиқи банди 36-и Қонуни матбуот нашрия барои нақли қавли вакил ё мақоми расмӣ ҷавобгар намебошад.

Бо ин вуҷуд, сарфи назар кардани як хабарнигор аз ҷоизаи Лоҳутӣ дар таърихи ин ҷоиза аз соли 1968 то кунун собиқа надоштааст.