Доғе, ки дар дили модар мондааст

Ман як модари ҷигархунам ва қиссае, ки мехоҳам бароятон бигӯям аз тақдири талхи ману марги бемаҳали духтари ноболиғам аст.
Шояд ин қисса барои дигарон ибратомӯз бошад. Шояд баъзеҳо ин қиссаро хонда андеша кунанд, ки ҷангҳо, рӯзҳои сахту сангин, қаҳтиву гуруснагиҳо мегузаранд, вале доғҳо дар дил боқӣ мемонанд ва азизони гумкарда дигар пайдо намешаванд.

Аввали солҳои навадуми асри гузашта буд. Мо мардуми деҳоти кӯҳистони шарқ, хусусан, хонаводаҳои серфарзанд ҷуворимаккаро орд карда мехӯрдем, ки баъдан ҳамон ҳам ёфт намешуд.

Зиндагиямон ба сахтӣ мегузашт. Мо шаш фарзанди кӯчак доштем. Зайнаб - фарзанди калонии мо ҳамагӣ 13-сола буд. Мардуми деҳаи мо духтарони қадрасашонро аз тарси силоҳдорон ва гурӯҳҳо ба ҳар куҷо, хонаи хешу наздикон гурезонида буданд.
Вай гуфт, ки барои Зайнаб як домоди хубу пулдоре ёфтааст ва бояд ба зудӣ ризоият ва рӯзи тӯйро муайян кунад. Бо гиряву зорӣ ӯро илтиҷо кардам, ки ин корро накунад. Зайнаби мо ҳоло кӯдак аст. Вале ба ҳарфам гӯш надод...


Кӯдакони ман, ки хурдсол буданд, чунин ташвишро надоштам. Бехабар аз он ки доғи ҷанг дили маро ҳам афгор мекунад.

Зайнаби ман нав ба синни 13 қадам монда ва ҳоло аз лӯхтакбозӣ сер нашуда буд. Ӯ духтараки бебоку шӯхе буд. Як истеъдоди тақлидкорӣ дошт, ки бо ин кораш моро бисёр механдонд. Зеби хонадон ва шамъи рӯзгор буд. Худам орзу доштам, ки ҷанг тамом ва замона ором шавад, Зайнабро мехононам, то табиб шавад.

Ба ӯ нигоҳ карда ӯро духтари қадрасе тасаввур мекардам бо хилъати сафеди духтурӣ. Худаш ҳам ба духтурӣ шавқ дошт. Ҳамеша бо дугонаҳояш духтурбозӣ мекард ё додарчаҳояшро қаторак хобонида, куртаи сафеди падарашро мепӯшиду онҳоро гӯиё сӯзандору мегузаронду табобат мекард.

Шавҳарам, падари фарзандонам, ки дар солҳои Шӯравӣ ва то саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар идораҳои "серравған" кор мекард ва ҳамеша ҷайбаш пури пул буду ошнобозӣ мекард, шурӯи ҷанг ва бекор мондан барои ӯ сахт асар карда буд. Вай якбора ба носу сигоркашӣ ва арақнӯшӣ шурӯъ кард.

Рӯзе, баъд аз хӯрдани ғизои шомгоҳӣ шавҳарам маро ба хонаи дигар бурда ҳарфе гуфт, ки тамоми вуҷудамро ба ларза орвард. Вай гуфт, ки барои Зайнаб як домоди хубу пулдоре ёфтааст ва бояд ба зудӣ ризоият ва рӯзи тӯйро муайян кунад. Бо гиряву зорӣ ӯро илтиҷо кардам, ки ин корро накунад. Зайнаби мо ҳоло кӯдак аст. Вале ҳарфамро гӯш накард. Чандин бор вақте дар ин бора ба ҳарф задан оғоз кард, ҷангҷол бардоштам ва як рӯз маро ба хона дароварда чунон лагадкӯб кард, ки як дастам шикаст.

Мани модари зор илоҷе дигар наёфта тамоми хешу наздиконро ба по хезонидам, ки шавҳари пулпарасти маро сари андеша оранд, ки Зайнаби маро қурбони нафси бади худ накунад. Вале чизе аз дасти мо наомад.

Вақте падараш Зайнабро аз мактаб гирифт, ягон муаллим боре ҳам напурсид, ки чаро духтари шумо ба мактаб намеояд. Касе аз мардуми бечора ҳам намепурсид, ки чӣ ҳол дорӣ?

То охир кӯшиш кардам, ки Зайнаб чизеро нафаҳмад ва то охир умед доштам, ки падари чизпарасташ рӯзе ба худ меояд ва дилаш ба Зайнаби хурдакаки ман месӯзаду аз раъйаш мегардад. Вале сад афсӯс!

Яке аз шабҳо мисли дуздон чанд марди ношиносе дар як мошини боркаш як гови калону чаҳор гӯсфанд ва дар мошини дигари сабукрав биринҷу равған ва як сандуқ чизу чораи арӯсро оварда ва як бастаи пулро ба шавҳарам доданд. Дар рӯзи никоҳ фаҳмидам, ки домод марди 35-солае будааст. Чикора буданашро бошад шавҳарам ошкор намекард.

То лаҳзаи маргам ин лаҳзаҳои вазнин аз ёдам намеравад. Зайнаб дар хонаи холааш, ки дар ҳамсоягии мо мезист бо духтари холааш бозӣ мекард. Хоҳарам аз дасти Зайнаб гирифта ба хона оварду ба вай либосҳои арӯси пӯшонид. Вай ҳам хурсанд буду ҳам ҳайрон. Ман, ки то он рӯз оби чашмонамро аз вай пинҳон мекардам, дигар тоқат накарда, ӯро ба оғӯш кашида гиря кардам.
Рӯзе хабар омад, ки вазъи Зайнаб бад шудааст. Ман вақте расидам, аллакай Зайнабаки маро ба беморхона бурда буданду ҳолаш хеле вазнин буд. Кӯдаки мурдаашро аз батнаш берун оварда буданду худаш беҳолу беҳуш мехобид...


Зайнаб ҳам ба гиря даромад ва ба холааш ишора кардам, то ба ӯ фаҳмонад, ки ӯро шавҳар медиҳем ва худам аз хона баромадам. Вақте дувумбора ба хона ворид шудам, Зайнаб бо сари хам нишаста оби дида мерехт ва зорӣ мекард, ки ин корро накунанд. Аммо на гиряҳои ману на духтари бечораам раҳми падарашро наовард.

Духтари хурдакаки маро тӯй карда ба хонаи шаҳараш, ки ҳамагӣ 2 сол аз падараш хурд ва марди зандидае буд, бурданд. Ман ҳам ба тақдир тан додам. Маро баъзе одамон дилбардорӣ мекарданд, ки солҳои пеш аз ин ҳам барвақт духтаронро ба шавҳар медоданд. Духтари ту бошад 13-сола аст. Он солҳо духтаронро бо тоқӣ мезаданд, агар наафтад ба шавҳар медонанд, ту бошӣ гирияву нола мекунӣ, ки духтарат ҳоло хурд аст.

Қариб ним сол аз миён гузашт. Дар ин миён се-чор бор бо сабаби беморӣ Зайнабро падараш ба хона овард. Духтурони ноҳияамон дида гуфтанд, ки дар батнаш кӯдак дорад, вале гурдаҳояш осеб дидаанд ва шояд таваллуд карда натавонад. Беҳтараш, ки исқоти ҳамл кунад.

Вале шавҳару хушдоманаш розӣ нашуданд ва ҳоло исқоти ҳамл накарда моро "бачакуш" номиданд. Мо ҳар бор ноилоҷ ӯро каме табобат кардаву боз ба хонаи шавҳар мефиристодем. Рӯзе хабар омад, ки вазъи Зайнаб бад шудааст. Ман вақте расидам, ки Зайнабаки маро ба беморхона бурда буданду ҳолаш хеле вазнин буд. Кӯдаки мурдаашро аз батнаш берун оварда буданду худаш беҳолу беҳуш мехобид.

Дастони мисли яхпораи ӯро дар кафи дастонам гирифта Зайнабҷон гуфт садо кардам. Вай чашмонашро ба зӯр кушода "очаҷон омадӣ? ин қадар дер омадӣ?" гуфт. Баъд аз лаҳзае хомушӣ боз чашмонашро нимбоз карда, гуфт "очаҷон, ман магар туро бисёр ғам додам, ки худо ҷазоям медиҳад? Мебахшӣ очаҷон, мебахшӣ"

Инак, аз марги Зайнаб қариб 18 сол гузаштаасту чеҳраи ӯ дар лаҳзаҳои ҷон додан, лабони хушкидаву миҷгонҳои дароз ва акнун абадӣ баҳам часпидаи ӯ лаҳзае аз пеши чашмонам дур намераванд. Лӯхтаки парпечон кардаву дар гаҳворача хобонидаи Зайнабро дар болои ҷевон ба ёдгор гузоштаам, ки хотиротест аз Зайнаби шӯху бебок, наварӯси ғӯрамарги ман.

Ҳоло ҷанг тамому сериву пурӣ шудааст. Дастурхонҳо пури нону нозу неъмат, вале падари пушаймон ва мани ғамзада азизамонро дигар намеёбем ва як умр синачок дар ғами фарзанд хоҳем буд.

Зарафшон, модари Зайнаб
(номи қаҳрамонҳо тағйир дода шудаанд)