А.Раҳмонов: “Бо тундравии худ ба ислом иснод меоранд”

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодӣ” бо вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов.
Суол: Мактабу маориф сутуни ҳар давлат ва таҳдоби ояндаи ҳар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар Тоҷикистон ҳам сутун ва ҳам поя ноустувор ва ноумедкунанда ба назар мерасанд. Бачаҳо ба мактаб дилгарм нестанд, бисёре аз омӯзгорон ба кори худ ҷиддӣ бархӯрд намекунанд, чаро?

“ФУРСАТ ЛОЗИМ АСТ”
Мо духтарҳоро аз Рашт ва Нуробод бе ягон мушкилот бо супориши президент дар муассисаҳои таълимӣ барои таҳсил овардем. Баъд аз як ҳафта падару модар ва наздиконашон дар асоси ақидаҳои хурофотии худашон омада, онҳоро мебаранд. Ин тундравӣ нест?


Абдуҷаббор Раҳмонов: Медонед, масъалаи сифати таълим ва ба талаби бозор мувофиқ набудани мутахассисоне, ки мактабҳои олии кишварро хатм мекунанд, бисёр душвор аст. Ҳатто дар Русия, ки мактабҳои бузурги илмӣ дорад, касе, ки дониши баланди илмӣ дорад, дар худи Русия кор намекунад. Дар мо ҳастанд олимони мӯҳтараме, ки дар Шведсия ва Амрико кор мекунанд. Онҳо ба хотири маоши баланд ба он кишварҳо рафтаанд. Дар ин гуна ҳолат ва шароите, ки дар Тоҷикистон аст, вақт даркор, то мо ба ҳамин поя бирасем.

Бигирем, Донишкадаи андозро. 25 ҳазор донишҷӯ дошт, ҳама диплом мегирифтанд. Одами тасодуфӣ ва бозоршинин низ 100 сомон ё 100 доллар медоданду номи «донишҷӯ”-ро мегирифтанд, яъне ин донишкада барои бозори кори кишвар мутахассис омода мекард. Ҳамаи инро мо танзим кардем. Ҳоло ин донишгоҳ 4 ҳазор донишҷӯ дорад. Даҳҳо муассисаҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, мо онҳоро бастем. Баҳс сари Донишкадаи байналмилалӣ моро дар ҷаҳон «машҳур» кард. Аммо худи модарон имрӯз омаданд гуфтанд, ки «бачаҳои мо дар ин донишкада пул дода дохил шуданд, аммо таҳсил намекунанд, мо азоб мекашем.» Бубинед, сатҳи тафаккур дар ҷомеа паст аст, вақт даркор. Ман соли 2005 корро шурӯъ кардам, қариб шаш сол шуд. Шаш сол шуд, ки мо бевосита, аз президенту ҳукумат сар карда, бо тамоми нерӯ ба соҳаи маориф тамаркуз кардаем. Мактаб месозем, кӯмак мекунем. Талабот аз тарафи ҳукумат боз ҳам бештар мешавад. Соли ҷорӣ мо 15 нафарро ба магистратураи Маскав фиристодем. Бояд бигӯям, ки дар байни тамоми ҷавонон аз давлатҳои дигар, донишу саводи донишҷӯёни мо бештар аст.

“МО ҲАМ ГУНАҲКОРЕМ”

Ҳарамгули Қодир дар аснои сӯҳбат бо Абдуҷаббор Раҳмонов
Суол: Мегӯянд, ки донишгоҳҳо ба хотири гирифтани ришва донишҷӯ қабул мекунанд ва бигӯед, ки дар маҷмӯъ ин гуна қазияҳои бадномкунанда ба худи Шумо таъсир дорад?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Албатта таъсир дорад. Дар ҳар ҷое, ки сухан дар бораи фасод меравад, ҳатто дар бораи як омӯзгор ё фаррош, албатта, ба вазири маориф ҳам таъсири манфии худро мегузорад. Чунки вазирро ҳукумати Тоҷикистон таъйин кардааст ва аз ӯ мепурсад, ки чаро ин ҳодиса рух дод. Назарҳо мухталифанд. Вале мо ҳам гунаҳкорем. Ба наздикӣ як вохӯрӣ бо масъулони Оҷонсии зидди фасод доштем. Шумо, албатта, аз сару садоҳои соли гузашта дар матубот бохабаред дар мавриди фасодзада будани соҳаи маориф. Даст ба фасод задан дар соҳаи маориф гуноҳ аст. Аммо ҳастанд нафароне, ки ба номи маориф иснод меоранд. Мо ба кормандони соҳаи маориф муроҷиат кардем ва гуфтем, касе ба ин кор даст мезанад корманди мо нест, мо ӯро дигар ба кор роҳ намедиҳем. Вале ҳолатҳои субъективӣ ҳам аст. Мо сол то сол қабули донишҷӯёнро ба танзим ва дар асоси талабот ба роҳ монда истодаем. Назорат дар ин самт ҷиддӣ аст. Ҳоло мо ба сифат аҳамият медиҳем.

ҲАҚИҚАТ Ё ТӮҲМАТ?

Суол: Оё худи шумо аз рӯи ришваситонии устодон шикоят гирифтаед ва бархӯрди шумо ба ин гуна шикоятҳо чӣ гуна будааст?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Бале, буданд ин гуна шикоятҳо. Мо дар асоси аризаҳои шикоятии падару модарон бо ректорҳо сӯҳбат кардем. Санҷиш муайян кард, ки баъзе шикоятҳо хусусияти тӯҳмат доштанд. Даҳҳо асноде аст, ки ҳолатҳои тӯҳмат кардани роҳбарони донишгоҳҳоро собит мекунад. Мо маблағ ҷудо кардем барои санҷиши ин шикоятҳо, вале худи муаллифон гуфтанд, ки шикоятҳоро онҳо нанавиштаанд ё хабар надоранд.

“МАОРИФ ФАЛАҶ НАМЕШАВАД”

Суол: Маркази байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар як гузориши худ соҳаи маорифи Тоҷикистонро дар ҳоли суқут унвон кардааст. Мутахассисони ватании соҳаи маориф низ мегӯянд, ки вазорати маориф бо сарфи маблағҳои зиёд даҳҳо марказ таъсис додааст, ки зиёд ба дард намехӯранд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Баҳои Маркази Бӯҳроншиносиро ҳам шунидам ва хондам. Баҳои Маркази бӯҳроншиносӣ, ки соҳаи маориф фалаҷ мешавад нодуруст аст. Онҳо ба мо муроҷиа накарданд, ки ин маълумот ва далелҳоро аз куҷо гирифтаанд. Соҳаи маориф фалаҷ намешавад, баръакс устувор мешавад ва пеш меравад. Дар мавриди марказҳо, маълумоте, ки шумо доред, ғалат аст. Мо маркази татбиқи ислоҳоти соҳа доштем, ки 40 нафар кор мекард, барҳам додем. Маркази татбиқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ буд, корашро тамом кард. Ҳудуди 55 нафар кор мекард, ҳоло ҳамагӣ 8 нафар мондааст. Маркази амалишавии лоиҳаи қарзи Бонки Исломии Рушд доштем, 20 нафар кор мекард, ҳоло 4 нафар кор мекунад. Маркази кор бо ҷавонони шоиста ҳамагӣ 5 нафар кор мекунад. Бубинед, имрӯз чӣ қадар кор мекунанд. Марказҳое, ки мо таъсис медиҳем ёрирасон ҳастанд ва воҳиди кориашон ҳам кам аст. Барои муқоиса дар замони Шӯравӣ дар Тоҷиистон вазорати маориф, вазорати олии касбӣ ва Кумитаи таҳсилоти муассисаи ибтидоии касбӣ мавҷуд буданд. Мо ду вазорату як кумитаро пайваст кардем бо теъдоди 92 воҳиди корӣ ва тамоми сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро ба танзим даровардем.

АЗ “МАЪРИФАТИ ИСЛОМ” ТО МАДРАСАҲО

Абдуҷаббор Раҳмонов
Суол: Ҷаноби вазир солҳои ахир Шуморо нисбат ба вазирони дигари ҳукумат бештар интиқод мекунанд. Зоҳиран бо ҷорӣ намудани чанд дастур то ҷое бахши муҳофизакори ҷомеаро бо худ «душман» кардед. Яке аз ин дастурҳо манъи фанни «Маърифтаи ислом» дар мактабҳои миёна буд. Шумо ин дастури худро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Дарси “Маърифати ислом” аз барномаи таҳсил бардошта шуд, барои он ки муаллифон натавонистанд сари вақт ин китобро таҳия кунанд. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон вазифадор аст нақшаи таълимро бо фармони вазири маориф, ҳар сари се моҳ монитор кунад. Вақте монитор гузаронида шуд ва ин масъала баррасӣ гардид, ба хулосае омаданд, ки мавод номукаммал аст. Пас аз ин, ин дарс аз нақшаи таълимӣ хориҷ ва ба ҷои он барномаи таълимии фанни таърих ворид карда шавад. Ба ҳамин хотир, вазорати маориф қарори худро баровард ва ба хулосае омадем, ки фанни таърих муккаммал омӯзонида шавад. Шояд дар оянда, вақте тамоми мавод омода ва пешниҳод мегардад, мо ба ин масъала баргардем. Вале дар ҳоли ҳозир мо имкони ташкил кардани фанни «Маърифати ислом»-ро надорем бинобар онро аз нақшаи таълим баровардем. Вале дар қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ таъкид шудааст, ки муассисаҳои таълимии динӣ метавонанд вуҷуд дошта бошанд ва дар ассоси иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҷумҳуриявӣ, яъне вазорати маориф фаъолият кунанд. Мо ҳоло дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин оид ба ин масъала ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда истодаем. Барои мадраса ва дигар муассисаҳои динӣ, ки дар Тоҷикистон аст, нақшаи мукаммали таълимӣ таҳия кардем. Дар нақшаи таълимӣ дар баробари омӯзиши таълимоти динӣ, онҳо аз омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва фанҳои гуманитариву ҷамъиятӣ низ баҳра мегиранд. Заминаи ин нақшаҳоро мо омӯхтем. Хусусан дар мадрасаҳои Қазон ва дигар кишварҳо омӯхтем. Дар асоси таҷрибаи муасисаҳои таълимии кишварҳои ИДМ, мо дар оянда нақшаи мукаммали ин хел муассисаҳоро омода мекунем ва фаъолияташонро ба роҳ мемонем.

“АГАР АҚИДАИ СУННАТИИ ХУДРО ИДОМА ДИҲЕМ...”
Писари калониям Донишгоҳи миллиро хатм карда ва ҳоло дар ширкати «Талко» сармутахассис аст, маоши хуб мегирад. Писари дуввумам дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил дорад. Духтари калониам баъд аз хатми Донишгоҳи миллӣ оиладор шуд. Духтари дигарам дар литсейи муштараки туркӣ-тоҷикӣ таҳсил дорад...


Суол: Ҳоло дар матбуоти дохиливу хориҷӣ матолиби зиёде дар бораи тундрав шудани як бахши ҷомеаи Тоҷикистон нашр мешаванд. Аксарият инро ба заъфи кори мактабу маориф вобаста медонанд. Шумо чӣ мегӯед?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Ростӣ гап, дар ин ҷо баҳсҳову ақидаҳои гуногун аст. Мо, алҳамдуллилоҳ, ҳамаамон мусулмон ҳастем. Мо инро эътироф ва эҳтиром мекунем. Фарҳанги исломӣ бо ҳама зуҳуроти аслие, ки ба ислом алоқамандӣ дорад, бояд омӯхта шавад. Бахусус мо, ки пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем. Агар мо ҳамин ақидаи суннатиро худамонро идома диҳем, эҳтироми калонсолонро ба ҷо биорем, тундрав набошем, эҳтироми калонсолон, арзишҳои шариатро дар доираи ваколатҳое, ки таъкид шудаанд ба ҷо орем. Мо ба ин гуна ислом эҳтирому эътиқод дорем ва дастгирӣ мекунем. Вале вақте тундравӣ мекунанд, таҳқир мекунанд, маҷбур месозанд ва мушкилҳои дигарро пеш меоранд, албатта, мо дар ин гуна ҳолат бояд андеша кунем, ки ба худи дини ислом иснод наорем. Ҳастанд имомхатибҳое, ки нуқтаи назари худро ба мусулмонҳо таҳмил мекунанд. Ҳастанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд мо аз арзишҳои сунатии исломӣ пайравӣ накунем ва ба ин хотир равияву шаклҳои гуногунро оварда, дар муҳити Тоҷикистон паҳн мекунанд. Албатта, ин мушкил ба бор меорад.

БАҲСИ ЗОҲИРПАРАСТӢ

Суол: Ҷаноби Раҳмонов, ба назари шумо кадом омилҳо ба тундрав шудани ҷомеа таъсир гузоштаанд ва “ҷанҷоли”-и духтарҳои сатрпӯши донишҷӯ бо вазир бар сари пӯшидани ҳиҷоб ҷанбаи мазҳабӣ дорад ё сиёсӣ?

Абдуҷаббор Раҳмонов: На сиёсӣ ва на мазҳабӣ. Албатта ҳар ҳизб аз нуқтаи назари худ ба рӯйдодҳои ҷомеа баҳогузорӣ мекунад, кафолату вазифаи муқаддаси ҳамон ҳизб аст. Лекин давлатдории мо, пеш аз ҳама, аз Қонуни асосӣ сарчашма мегирад. Мо дар доираи ваколтаҳое, ки Қонуни асосӣ ба мо додааст, кор мекунем ва ягон ақидаҳои сиёсиро таҳмил ё таблиғ накарда истодаем. Вазорати маориф барои муайян кардани сару либос дар муассисаҳои таълимӣ ваколат дорад ва мо дар доираи ваколатҳо тарҳи либосҳои тавсиявиро пешниҳод кардем. Ин ки духтарҳо барои пӯшидани либоси мазҳабӣ даъво карданд, ақидаҳои таҳмилианд. Мову шумо дар ҳамин муҳит бузург шудем ва дидаем, ки модару бибиву бибикалонҳои мо чӣ либос мепӯшиданд, фаризаҳои исломро ба ҷо моварданд ва ҳеҷ даъвое надоштанд. Мо дар замони гузариш қарор дорем, дар замони озодии ақидаҳо қарор дорем. То расидан ба дараҷаи худшиносӣ ва тафаккури миллӣ мо хоҳему нахоҳем ин баҳсҳо идома мекунанд. Духтарон модарони оянда аст. Модарони оянда бояд, ки босавод бошанд. Ҳозир мо ҳарчӣ баҳс дорем, ҳама дар бораи шаклбозӣ ва зоҳипарастӣ аст. Биёед, аз рӯи мантиқ сӯҳбат кунем. Президент супориш медиҳад, ки духтарон ба таълим фаро гирифта шаванд. Ҳатто дар синфи 9 ва 11 ҳам. Оё фарзанди ман, духтари Шумо ва дигарон синфи 11-ро хатм кард, зараре дорад? Ҷомеа гирифтори мушкилот мешавад? Мо духтарҳоро аз Рашт ва Нуробод бе ягон мушкилот бо супориши президент дар муассисаҳои таълимӣ барои таҳсил овардем. Баъд аз як ҳафта падару модар ва наздиконашон дар асоси ақидаҳои хурофотии худашон омада, онҳоро мебаранд. Оё ин мушкил нест. Ин тундравӣ нест?

“ЗИДДИ ИСЛОМ ДАСТУРЕ НАДОДААМ”

Суол: Номи шумо замоне бо созмони «Растохез» тавъам буд ва шумо дар гурӯҳи рӯшанфикрони миллатдӯст будед. Ҳоло бархе шуморо “исломситез” меноманд. Бигӯед, ҳар дастуре, ки шумо дар ин замина қабул кардед, бо амри ҳукумат сурат гирифтааст?

Абдуҷаббор Раҳмонов:Дастури ҳукумат ва роҳбаре нест. Мо ҳамаи арзишҳои диниро эҳтиром дорем, новобаста ба он ки кадом дин аст. Бахусус, ба дини ислом. Мо дар китобҳои дарсӣ ҳадисҳои зиё чоп мекунем. Китоби забони тоҷикӣ барои синфҳои ибтидоӣ таҳия кардем, даҳҳо ҳадис, байтҳои Аттор, Румӣ ва дигар орифони фарҳанги мо, ки осорашон аз Қуръон сарчашма мегирад, истифода кардем. Дар баробари ин вазифаамон, охир, эътиқод ҳам дорем. Аммо сӯистифодаи зиёди баъзе гурӯҳҳо аз мазҳаб моро ба ин ҳолат овардааст. Мактаббача ба ҷои ин, ки ба мактаб равад, ба масҷид меравад. Мо ба ин зид нестам. Даҳҳо маротиба гуфтам, ки намози пешинро ҷавонон метавонанд қазоӣ хонанд. Дар шариат қазо раво аст, лек боз шаклпарастӣ ва зоҳирпарастӣ. Мехоҳад худашро нишон диҳад, ки масҷид меравад. Бигузор равад, ин бадӣ надорад. Вале баъд аз дарс равад. Шумо як бор равед, ки дар китобхонаи масҷид ягон донишҷӯ китоб хондааст? Ҳазорҳо ҷилд китоб дар масҷидҳо хоб аст, ки аз Бунёдҳои байаналмилии кишварҳои арабӣ тӯҳфа шудааст, вале касе онҳоро варақ намезанад. Ман дар ягон масҷид надидам, ки ҷавонон китоб хонанд. Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки китобро нахонӣ ҳам, дар рӯзе як маротиба онро бикушо. Мо ҳар кадоме, ки дар хона Қуръон надоштем, Девони Ҳофиз доштем ва ҳар субҳ кӯдакро аз гаҳвора мекушодем, ҳамон китобро дар дидаҳо мемолидем. Барои чӣ донишҷӯи азизи мо ин қадар вақт пайдо карда тақҳирҳоро нисбат ба дигарон дар интернет раво мебинад, вале китоб намехонад? Мо ба ҷавонон эҳтиром дорем, масҷид раванд, намоз хонанд дар баробари ин китоб ҳам хонанд. Лекин, мутаассифона, ҳама дар паи зоҳирпарастӣ аст.

РАҲМОНОВ ВА УНВОНИ “АКАДЕМИКӢ”

Суол: Вақте шумо унвони “академик”-ро соҳиб шудед, сару садоҳо баланд гардид, ки Раҳмонов дар соҳаи илм чӣ кор кардааст, ки ба ин унвон сазовор бошад. Яъне Раҳмонов академик нашудааст, балки мансаб ба ӯ ин имконро додааст. Шумо ин сарусадоҳоро чӣ гуна пазируфтед?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Раҳмонов пеш аз он, ки вазир бошад тамоми нерӯяшро дар корҳои илмӣ сарф кард. Шумо ба китобхонаи давлатии Маскав рафта пурсед, ки чӣ гуна Раҳмонов ҳар рӯз соатҳоро дар омӯзиш сарф мекард. Ман ҳашт китоби илмӣ чоп кардаам. Аввалин рисолаи илмии ман дар мавзӯи фалсафии “замон” буд, ки заҳмати бисёрро талаб мекард. Вақте кори илмиро омода кардам, дар Донишгоҳ Шӯрои илмӣ буд, вале дар академия ҳимоя кардам. Рисолаи докторӣ ҳимоя карданӣ шудам, вазифа доштам ва бо аризаи худ аз кор рафтам. Ҳамааш устодони ман буданд, вале ман дар Институти забон ва адабиёт, ки он вақт шодравон Маниёзов рӯҳашон шод бод, роҳбар буданд, ҳимоя кардам. Баҳсҳои зиёд буданд дар ҳимояи доктории ман. Мавзӯъ истифодаи устураҳо дар адабиёт буд.

“ТИҶОРАТ НАМЕКУНАМ”

Суол: Рост аст, ки шумо дар баробари мақоми вазирӣ ҳамчунин бизнеси худро доред ва мағозае ҳам дар маҳали 82 -юми пойтахт моли шумост?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Боз мегӯям, ки агар дар ягон бонк сармоя дошта бошам, аввал ба хабарнигорон, баъд ба соҳаи маориф бахшидам. Ҳамин мағозаи маҳалаи 82 -юмро равед, бубинед, агар аз ман бошад ба Шумо тӯҳфа мекунам. Ман чизе дорам, дар муҳити хонаводагӣ дорам. Рафиқон кӯмак мекунанд. Ман маоши хуб мегирам, аспирант, докторант дорам, ҳаққи қалам мегирам. Аммо фаъолияти соҳибкорӣ надорам.

"ДУХТАРАМ ДАР ЛИТСЕЙИ ТУРКӢ МЕХОНАД"

Суол: Маъмулан фарзанди мансабдорони Тоҷикистон дар мактабҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва соҳиби ҷои кори муносиб ва маоши калон ҳам ҳастанд. Фарзандони шумо чӣ?

Абдуҷаббор Раҳмонов: Чаҳор фарзанд дорам. Танзими оиларо риоя мекунам. Ягон фарзандам дар хориҷа таҳсил намекунад. Писари калониям Донишгоҳи миллиро хатм карда ва ҳоло дар ширкати «Талко» сармутахассис аст, маоши хуб мегирад. Писари дуввумам дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил дорад. Духтари калониам баъд аз хатми Донишгоҳи миллӣ оиладор шуд. Духтари дигарам дар литсейи муштараки туркӣ-тоҷикӣ таҳсил дорад. Онҳое, ки ин гапҳоро мебофанд мехоҳанд ман аз вазифа равам. Мо сарбози ҳукумат ҳастем, ки чизе супориш диҳад, иҷро мекунем. Агар аз вазифа ҳам равам омӯзгорӣ мекунам, менависам, нони даҳонамро меёбам.