Эрон дар Тоҷикистон ду донишгоҳ таъсис медиҳад

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Эрон дар доираи ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ду донишгоҳ таъсис хоҳад дод.
Ин муассисаҳои таълимӣ яке донишгоҳи техникӣ ва донишгоҳи дувум дар умури сайёҳӣ хоҳад буд.

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин донишгоҳҳо мутахассисоне омода мешаванд, ки ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда, Тоҷикистон ба онҳо ниёз хоҳад дошт.

Ҷаноби Шеърдӯст гуфт, дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузургро яке аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодии худ қарор додааст, омода кардани мутахассисон, аз ҷумла муҳандисони арсаи гидроэнержӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик як ибтикори басо муфид хоҳад буд.
Дар ҳоли ҳозир давлати Эрон баъд аз Чин, дувумин сармоягузори асосӣ ба тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад...


Ба гуфтаи сафири Эрон дар Тоҷикистон, қарор аст баъд аз таҷлили иди Наврӯз тармим ва навсозии биноҳое, ки барои ин ду донишгоҳ ҷудо мешавад, оғоз гардад.

Алӣ Асғари Шеърдӯст афзуд, бархе аз монеаҳо ва мушкилотеро, ки дар роҳи ҳамкориҳои бештари Тоҷикистон бо Эрон пеш омада буд, тавонистааст бо раисҷумҳурии Тоҷикистон дар миён гузошта, ризоияти ӯро барои ҳалли ин масоил ба даст оварад.

Вай аз ҷумлаи ин масоил сохтмони мактаби байналмилалии эронӣ дар шаҳри Душанбе ва чанде аз барномаҳои тиҷоратии бозаргонони кишварашро ба унвони намуна ёдовар шуд, ки ба таъйиди ӯ, аз сӯи масъулини зинаҳои миёнаи мақомот мувоҷеҳ бо мушкил шудаанд.

Ҳамчунин, давлати Эрон бунёди ду бемористон, ки бо навтарин фанновариҳои замони муосир муҷаҳҳаз хоҳад шуд ва низ сохтмони як корхонаи сементабарориро бо иқтидори 2 миллион тонна дар як сол дар Тоҷикистон ба маблағи ним миллиард доллар рӯи даст гирифтааст.

Дар зимн, Эрон дар вақтҳои ахир ба яке аз кишварҳои шарики муҳими иқтисодии давлати Тоҷикистон табдил мешавад. Феълан Эрон баъд аз Чин, дувумин сармоягузори асосӣ ба тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.