Хулосаи нашрияҳои ин ҳафта

Таркиш дар Душанбе, натиҷаи норӯшани музокироти Тоҷикистону Русия аз мавзӯъҳои аслии матолиби нашрияҳои Душанбест.
"Имрӯз нюс" матлаберо дар бораи таркиши субҳи рӯзи 8-март дар шаҳри Душанбе чоп карда ва сарлавҳаи онро "Чаро терористон "82"-ро тарконданд?" гузоштааст.

Ба навиштаи нашрия, дар пайи ин амали номатлуб, ки дар шафати тарафбхонаи "Лесная сказка", воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино иттифоқ уфтод, як ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Нашрия навиштааст, "агар чунин амал дар ҷойе, ки одамон зиёдтар ҷамъ мешаванд, рух медод, имконият дошт, ки боис ба талафоти бузургтар ва ҳатто марги одамон гардад."

ТАКТИКАИ МАСКАВ

"Озодагон" дар таҳлиле мавзӯи музокироти Тоҷикистону Русия дар заминаи ҳамкориҳои марзиро бозтоб дода ва навиштааст, "ду даври музокирот дар мавриди мақоми ҳуқуқии сарҳадбонони рус дар марз бо Афғонистон тақрибан натиҷаи мушаххасе ба бор наовард. Марҳалаи аввали ин музокирот моҳи гузашта доир ва ҷонибҳо ба санадҳои пешниҳодӣ шинос шуданд. Аммо дар даври дуюм ҷониби Русия масъаларо тавре гузошт, ки намехоҳад сарҳадбононашро ба марзи Тоҷикистону Русия ворид кунад."

Нашрия афзудааст, "инро бояд тавре фаҳмид, ки Маскав дар баробари ин масъала кадом тактикаи дигареро ба кор бурданист."

МУАММО

"Фараж" дар матлабе зери номи "Аз чӣ сабаб Сафаралӣ Сангов даргузашт?" дар таҳқиқи марги як сокини шаҳри Душанбе навиштаст, ки "сабаби марги ин ҷавон барои бархеҳо муаммост." Зеро ба навиштаи нашрия "гуфта мешавад, ин ҷавонро шаш тан аз маъмурони пулиси ноҳияи Сино ба сабаби "даст доштан" дар истифодаи маводи мухаддир боздошт ва дар назди аҳли оилааш лату кӯб карда ва пасон бо худ бурдаанд."

Он чӣ барои нашрия мояи тааҷҷуб ва муаммост, ки "сабаби боздошти марҳум Сафаралӣ Санговро касе исбот намекунад, дақиқтараш намехоҳад ва то имрӯз дар ин мавзӯъ муҳри хомӯшӣ зада шудааст."

ҲАШАРОТ Ё РӮҲОНӢ?

"Наҷот" зимни баррасии масоили марбут ба рушди давлатдории миллӣ, нақши уламои исломӣ дар давлатдории миллӣ ва дар ҷомеаи Тоҷикистнро муаассир донистааст. Аммо нашрия аз қавли Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик, навиштааст, "тавре медонем қишри уламо, як қишри наомӯхта дар ҷомеаи мо аст. Агар ба китобхонаи Фирдавсӣ равед, дар бораи ҳама гуна ҳашароту наботот рисолаву китобҳои илмӣ мавҷуд аст, вале дар бораи уламо ва шахсиятҳои мо ҳеҷ гуна адабиёт нест."

"Нигоҳ" дар мавриди уламои ислом аз қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо такя ба даврони донишҷӯиаш аз муносибати мардуми Бухоро ба муллобачаҳо дар солҳои 1971-1972 овардааст, ки мегӯяд, "рӯҳонибача» гуфта, мисле ба дуздбача, ҳаромӣ барин ҳарф мезаданд. Яъне ин қадар муҳитро заҳролуд карда буданд, ки ин хел бачаҳоро ҳеҷ одам ҳисоб намекарданд..."

"ГОВСУД"

"Миллат" ба қазияи додгоҳии миёни ин ҳафтанома ва вазорати кишоварзӣ, ки ахиран додгоҳи ноҳии Фирдавсӣ онро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард, пардохта ва зери сарлавҳаи "Миллат" -ро кӣ говсуд кардан мехоҳад?" бори дигар ин ҳалномаро ноодилона хондааст. Ин нашрия навишта, ки "чаро парламенти Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз содир шудани ҳукми ноодилона дар мавриди нашрияе, ки маълумоти пешниҳоднамудаи онҳоро дар бораи фасодзада будани Вазорати кишоварзӣ ба мардум расонида буд, хомӯшанд?! Ё чаро Қосим Қосимов худ ҷой доштани фасоди молиро дар вазораташ эътироф мекунад, вале "Миллат"-ро ба додгоҳ мекашад?

АЗ МАҲАЛГАРОӢ ТО МУҲОҶИРАТ

"СССР" дар остонаи иди матбуоти тоҷик матлаби "Журналистикаи кинахоҳ"-ро чоп кардааст. Ба навиштаи нашрия "имрӯз дар Тоҷикистон 3 намуди матбуот мавҷуд аст. Аввали давлатӣ, баъд ғайридавлатӣ ва ахирӣ... маҳалгароӣ..."

"Пажвок" ба мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар пардохта ва навиштааст, "дардовар аст, ки ҳар сол садҳо тобути муҳоҷирони кории тоҷикро аз Русия ба ватан меоранд. Илова бар ин, иддае аз ҷавонон ба бемориҳои мухталиф мубтало мешаванд ва даҳҳо хонаводаҳои дигар аз ҳам пошида мегарданд. Боз ашк модарони фарзандгумкардаи тоҷикро гулӯгир мекунад. Ашке, ки ҳазорсолаҳо аз ҷашми модари ғариби тоҷик дур нарафтааст."

РУС - МУСУЛМОН

"Азия-Плюс" дар матлабе зери номи "Бародарони рус-мусулмон" қиссаи мусалмон шудани ду ҷавони рус ва ҳамчунин издивоҷи онҳо бо духтарони тоҷикро ҳикоят кардааст. Егор, ки ҳамакнун Абдулмаҷид ном дорад, 13 соли пеш исломро қабул карда ва ба Тоҷикистон омадааст.

Ба наздикӣ бародари вай Никита, ки ҳамакнун худро Абдураҳим мегӯяд, низ ба назди бародараш ба Тоҷикистон омада, бо духтари тоҷик ҳаёти оилавӣ барпо кардааст. Абдулмаҷид ба нашрия гуфтааст, "ман ҳамчун фарди мусулмон он чиро ки дар худ бояд ислоҳ кунам, ин аст, ки бояд аз хулқу атвори ношоям даст кашам."