Баҳси ҳиҷоб ё русарӣ дар матбуоти Тоҷикистон агарчӣ фурӯ нишастааст, вале тамоюли пӯшидани он мушоҳида мешавад.
Вале баҳси ҳиҷоб ё рӯсарӣ дар Тоҷикистон баҳси имрӯз нест. Дар оғози қарни гузашта ҳам, замоне ки Шӯравӣ мехост баробарҳуқуқии занону мардонро таъмин бикунад, ин баҳс рӯ зада буд.
ШӮРАВӢ ВА ФАРАНҶӢ
Низорамо Зарипова, муовини котиби собиқи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, қисса мекунад, ки дар даврони Шӯравӣ чӣ гуна занонро барои аз сар андохтани фаранҷӣ ҷалб мекарданд.
Вай мегӯяд, "даъват мекардем, намебаромаданд, ба хонаҳояшон мерафтем. Сӯҳбат мекардем, бо шавҳарошон бо падару модарҳояшон сӯҳбат мекардем. Баъд занҳои фаъол ҷамъ мешуданд, маҷлис мегузарондем, даъват мекардем, ба зарби ҳамин ташвиқот, занҳо фаранҷии худро партофтанд..."
Аммо ҳадаф на танҳо аз сари занон гирифтани фаранҷӣ, балки ҷалби онҳо ба таҳсили улуми дунявӣ ва ҳам кор дар муассисаҳои давлатӣ буд.
"КОРИ ОСОН НАБУД"
Низорамо Зарипова аз солҳои 50-ум ёдовар шуд, ки чӣ гуна ба ҳайси мудири шӯъбаи занони Ҳизби коммунист занонро ташвиқ мекард, то фаранҷиро гузошта ба кор бароянд. Ӯ мегӯяд, зарур буд, то занон низ ба равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ҳамроҳ шаванд ва донишу савод биёмузанд.
Аммо ин кор ҳатто ба коммунистҳо низ ба осонӣ муяссар нашуд ва занон дар он замон баҳои гароне ҳам барои аз сар андохтани фаранҷӣ пардохтаанд.
Мустафо Бозоров, таърихшинос ва устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар як пажӯҳише навиштааст, "танҳо дар Узбакистон, ки он замон, Тоҷикистон ҷумҳурии худмухтори тобеи он буд, бештар аз 2 ҳазору 500 занро барои тарғиби ҳуқуқи зан ва канор гузоштани фаранҷӣ ва ҷалби занон куштаанд."
Аммо бо гузашти 70 сол аз он ба истилоҳ муборизаҳо, ҳоло чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбакистон тамоюли баръакс мушоҳида мешавад, агарчӣ ҳоло ҷойи фаранҷиро ҳиҷоб гирифтааст.
"ЧОДАРИ СИЁҲ"
Сабаби ин тамоюл чист, мазҳабӣ шудани ҷомеа ва ё бозгашт ба суннат ва арзишҳои қадима дар кишварҳои Осиёи Марказӣ?
Низорамо Зарипова мегӯяд, он замон коммунистҳо идеологияи худро тарғиб мекарданд, ҳоло гурӯҳҳои дигар: "Як гурӯҳи дигар ҳаст, ки кор мебаранд, то занҳо ҳиҷоб пӯшанд, лекин аз ҳамон ҳиҷоб ҳеҷ фоидае нест ва ҳеҷ маданияти занро боло намебарад. Як чодари сиёҳро мекашанд дар сар, худи шумо тассавур кунед. Ҳамон зан фаранҷиро ба сар мекашаду дар хона мешинад. Шавҳар надорад, падар надорад, фарзанди ӯро кӣ нон медиҳад?”
Роҳат Набиева мегӯяд, фаранҷиро ҳатто дар замони қабл аз инқилоби Шӯравӣ танҳо занони бойу бекҳо мепӯшиданд, аммо занҳои рустоии Бухорои Шарқӣ ҳамон либосеро мепӯшиданд, ки ҳоло пиразанҳо дар Тоҷикистон мепӯшанд, яъне танҳо ба сари худ дока ё матои сафед меандохтанд ва дар саҳрову боғҳо кор мекарданд.
"Дар фарҳанги тоҷикии милли мо, чашмбанду фаранҷӣ нест ва баъди омадани арабҳо ба ин сарзамин ҷорӣ шудааст. Дар худи мо ин чиз нест, дар хуни мо ин чиз нест. Дар шаҳри Бухоро ҳам чодар набуд, дар он ҷо чашманбду фаранҷӣ буд, ки хусусан занони зебо карда мепӯшиданд ва ё занҳои камбағал, агар шавҳар ва ё писар надошта бошанд, ба сар мекашиданд, бозор мерафтанд, як бурида нони худро ёфта мехӯрданд, ин дар шаҳрҳо дида мешуд. Аммо дар Тоҷикистон мо чӣ дар Зарафшон, чӣ дар Бадахшону Хатлон ин чизи меросӣ набуд. Инҳо озод буданд",-афзуд хонум Набиева.
"ТАЪСИРИ ЭРОНУ АРАБИСТОН"
Роҳат Набиева меафзояд, бо он ки пӯшидани ҳиҷоб, ҳатто баъд аз омадани арабҳо ба сарзамини тоҷикон роиҷ нашуд, тамоюли бозгашт ба ин навъи либос зоҳиран муваққатист.
Вай мегӯяд, "аз ҳар куҷо як чиз маъқул мешавад, баъзе аз занҳои мо ин корро мекунанд. Ба Эрону Арабистон мераванд, шояд ҳамин либос ба онҳо маъқул мешавад, ки мепӯшанд.”
Ба андешаи Роҳат Набиева, тамоюли мазкур низ бо гузашти вақте аз байн хоҳад рафт. Ӯ чунин далел меорад: “Он чизе ки аҷдодӣ буд, он абадан мемонад, як давр гум шавад ҳам, боз мемонад, чунки вай решааш аз мо ҳаст, лекин на фаранҷӣ, на чашмбанд, на дигараш чизи аҷдодиву авлодии тоҷикон нест, ки онро нигаҳ дорем. Он чизе, ки ба зиндагии зани тоҷик аз падару бобояш наомадааст, хос нест ва ҳар чизе, ки мисол аз дигар ҷо ба мо биёранду часпонанд, инро часпонданаш душвор аст, охир. Ин канда мешавад ва меравад.”
Бар асоси як назархоҳие, ки Кумитаи занон дар Тоҷикистон анҷом додааст, ҳудуди 60 дарсади занони ҳиҷобпӯш гуфтаанд, ки иҷборан ва бар асоси амри шавҳар бародар ва ё падарашон ҳиҷоб ба сар кардаанд. Ҳафт дарсади дигар иқрор кардаанд, ки ба хотири пайравӣ ба мӯд ва ё ба хотири зебоӣ ҳиҷоб бар сар мекунанд. Аммо на ҳама ба натиҷаҳои ин назарпурсӣ эътимод доранд ва мегӯянд, теъдоди духтароне, ки аз рӯи эътиқод ҳиҷоб ба сар мекунанд, зиёд аст.