Таҷлили "Рӯзи модар" дар Тоҷикистон

Имрӯз бозорҳои гулфурӯшии пойтахти Тоҷикистон аз пуродамтарин нуқтаҳои шаҳр буданд.
Фазои растаи гулфурӯшон бо садбаргу мехчагул, бойчечаку лолаҳои сурх ва бо гулҳҳои аврупоии "геотсин"-у "лилия" ва "гербарӣ" ҳамроҳ бо чеҳраҳои гарми харидорон як симфонияи пуррангу зиндаро тобиш медод.

Як марди тақрибан миёнсол гуфт: "Имрӯз рӯзи модарон аст ва гулро барои насле, ки барои ман наздикӣ дорад, харидам. Чуноне ки мебинед ҳама хушҳол ба назар мерасанд. Ман барои нафаре, ки бо ҷону дил дӯсташ медорам, гул харидам."

ИД, АММО РӮЗИ МАЪМУЛӢ

Ҳамсӯҳбати дигари мо донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди он ки ба пул ниёз дорад, вале кӯшиш мекунад, ки дар рӯзи 8-уми март барои модараш гулдаста тӯҳфа намояд.

Бо ҳар нафаре, ки ҳамсӯҳбат мешудем, бисёр шоду хушҳол буданд ва дар назди гулҳову ҷашни бонувон аслан аз мушкилот сӯҳбат намекарданд.

Аммо вақте аз растаи гулфурӯшии гузаргоҳи зеризаминии назди "Фурӯшгоҳи марказӣ"-и Душанбе берун меомадем, дидем, ки ҳама ҷо орому маъмулӣ, чеҳраҳои камранг ва боз ҳамон тролейбусҳои қаторе, ки бинобар камбуди барқ аз ҳаракат монда буданд, дар нимароҳ меистоданд.

Бо вуҷуди он ки пас аз барфу боронҳои пайдарпай ва ҳавои сард, дар рӯзи ид ҳама ҷо офотобӣ буд, кӯчаҳо камодам ва нишонаи ид дар шаҳр ба назар намерасид.

ЗАН ВА БОРИ ГАРОНИ ЗИНДАГӢ

Дар рӯзи иди модарон, дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе бо Фарида Қосимова, устоди собиқи Донишгоҳи политехникии пойтахт, вохӯрдем ва ӯ гуфт, ки бинобар маоши ночиз аз омӯзгорӣ даст кашидааст.

“Ҳоло 60 сомонӣ маош медиҳанд. Ин музд дар зиндагии чӣ мешавад? Чӣ, магар ман ҳеҷ чиз нахӯрам? Бо либоси кӯҳна гардам? Фарзандони ман ҳеҷ чиз нахӯранду ман бо ҳамин маош қаноат кунам? Боз идораи коммуналӣ меояду ҳаққи корашро мепурсад. Намояндаи идораи об меояд. Бо 60 сомонӣ наметавонам зиндагӣ кунам”,-афзуд ӯ.

Дар бозорҳои шаҳр низ баъзе аз занон сарфи назар аз иди модарон пушти растаҳои картошкаву сабзифӯрушиҳо нишаста, савдо мекарданд ва халтаҳои пурборро аз як ҷо ба ҷои дигар мекашиданд.

ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОИ ОХИР


Маоши ночиз новобаста аз рӯзи иду ҷашнҳо пои мардумро аз бозор намеканад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи омори Кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ё СНГ бо ҳадди миёнаи музд дар давлатҳои узвро то моҳи декабри соли 2010 мушаххас кардааст.

Бар асоси он, Қирғизистону Тоҷикистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҳама кишварҳои бо музди камтарини ИДМ ба шумор меомадаанд.

Қирғизистон бо 210 доллар ва Тоҷикистон бо музди миёнаи 106 доллар дар ҷои охир қарор дорад.