Дар Тоҷикистон барномаи рушди синамо барои панҷ соли 2011-2015 ба тасвиб расидааст, ки қарор аст, аз буҷаи давлат сармоягузорӣ шуда ва низ ҷалбӣ сармоягузорон ба ин бахш бештар гардад.
Аммо феълан аксари коргардону муаллифони бахши синамо бо мушкили шадиди сармоя рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ба сифат ва теъдоди тавлиди филмҳо латмаи сахт ворид кардааст. Солҳои ахир чанд теъдод филмҳои низ ба саҳна ва бозор ворид шудааст, ки таҳлилагрони синамо ба онҳо ба унвони филмҳои ғайриҳирфаӣ баҳо медиҳанд.
Дар аксари кулли видеофилмҳои солҳои ахир ҷавонон нақш иҷро мекунанд, ки бархе ҳам тахассуси журналистӣ ва дигаре сарояндагӣ доранд. Ҳунармандони касбӣ низ, бо иллати адами бозори тавлиди филмҳои ҳирфаии дохилӣ дар ин филмҳо, бо дастмузди хурд нақш иҷро мекунанд.
Аммо мушкили дарёфти сармоя барои тавлиди филмро танҳо коргардонҳои ҷавон надоранд. Киностудияи Тоҷикфилм, ки дар гузашта бо филмҳои ҳирфаии худ шӯҳрат дошт, имрӯз ҳатто имкони молии сабти як филми ҳирфӣ дар лентаи киноро надоранд. Соли гузаштаи 2010 ин муассисаи тавлиди филм 3 филми бадеӣ ва 7 филми мустанадро аз тариқи наворбардорҳои диҷитал ва ё рақамӣ сабт кардааст.
Аммо солҳои ахир дар бозор, ба хусус дар бозори ба истилоҳ сиёҳи синамо Тоҷикистон филмҳои тоҷикӣ зуҳур мекунанд, бо арзиши ночиз ва сифати хеле поин ва халои мавҷудаи бозори синамои ватаниро коҳиш медиҳанд.
Навори радиои «Озодӣ» дар мавриди санъати филмофарии тоҷик сӯҳбат мекунад:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад