Семен Багдасаров, вакили думаи Русия гуфтааст, бояд миёни Русияву Тоҷикистон низоми дарёфти виза ҷорӣ гардад.
ِВай гуфтааст, ё нерӯҳои марзбони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд ва ё низоми раводид миёни Тоҷикистону Русия ҷорӣ шавад, то аз қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои қочоқбар ҷилавгирӣ шавад. Аммо бархе мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ҷорӣ шудани низоми раводид бар зиёни ҳарду ҷониб аст.
ФИШОРИ РУСИЯ?
Бархе дигар аз коршиносон чунин изҳороти ҷониби Русияро навъе фишор ба давлати Тоҷикистон дар ҷараёни музокирот барои таъйини мақоми ҳуқуқии Гурӯҳи фаврии марзбонони Русия дар Тоҷикистон медонанд, ки ду даври он бидуни натиҷа анҷом шуд.
Амирхон Сафаров, муовини раиси Кумитаи умури байналмилалӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз ҳар гуна тафсири ин изҳорот худдорӣ кард, вале гуфт: "Агар виза ҷорӣ шавад, он муҳоҷирони корие, ки дар Русия фаъолият доранд, ба истилоҳ аз як даҳон нони худ мемонанд. Агар виза ҷорӣ шавад, боз пул додану виза гирифтану воситабозӣ сар мешавад. Русия бисёр зарар мекунад, ҳозир кореро, ки мардуми тоҷик он ҷо мекунад, шаҳрвандони худи Русия намекунанд. Онҳо боз маҷбур мешаванд, ба мо муроҷиат кунанд. Ин ба Русия ҳам зарар меорад ва ба Тоҷикистон."
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи баёнияи вакили Думаи давлатии Русия Сергей Багдасаров аз изҳори назари расмӣ худдорӣ карданд.
МУШКИЛИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР?
Сергей Багдасаров, вакили парлумони Русия, ахиран ба расонаҳои Маскав аз вазъи қочоқи маводи мухаддир тавассути марзҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда гуфтааст, роҳи ҷилавгирӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир дубора ба назорати нерӯҳои Русия даромадани марзи Тоҷикистону Афғонистон мебошад.
Ӯ гуфтааст, ин марз баъд аз рафтани нерӯҳои марзбони Русия амалан бидуни назорат мондааст ва бахши аъзами маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Русия интиқол мешавад.
Ин баёнияи вакили думаи Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки даври дуввуми музокироти Русия ва Тоҷикистон бар сари боқӣ мондани Гурӯҳи фаврии марзбонони Русия дар Тоҷикистон бидуни натиҷаи мушаххасе ба поён расидааст.
Русия мехоҳад ҳузури ин гурӯҳи фаврии худро тақвият бахшад, аммо Тоҷикистон баръакс хостори дигар кардани мақоми ҳуқуқии ин Гурӯҳи фаврӣ аст.
БАҲСИ ҶОЙГОҲИ МУШОВИРОНИ РУС
Бархе аз расонаҳои русӣ навиштаанд, ки Тоҷикистон хоҳони қатъи фаъолияти Гурӯҳи фаврии марзбонони Русия, иборат аз мушовирони рус дар ҳайати нерӯҳои марзбони Тоҷикистон аст. Аммо ин даъвоҳо то кунун таъйид ё рад нашудааст.
Хоса аз сӯи Тоҷикистон дар ин маврид то кунун изҳори назари расмие сурат нагирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон фақат оғози музокиротро таъйид кардаанду халос.
Вале бархе коршиносон мегӯянд, ба натиҷа нарасидани ин музокироти марзӣ, ки дар рӯзи шанбеи гузашта ба поён расид, ҷониби Русияро водор ба эъмоли фишор болои Тоҷикистон ва чунин баёнияҳо кардааст.
Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик изҳороти Сергей Багдасаровро навъе фишори Русия ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи муозокироти масоили марзӣ медонад. Ӯ мегӯяд: "Тоҷикистон кишвари калидии минтақа, ки ҳаст, онҳо мехоҳанд ин ҷо ҳатман боқӣ бимонанд ва марзҳоро дар ихтиёр дошта бошанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳамон суханони Николайи 2, ки гуфта буд, парчами Русия ҳар куҷое барафрохта шуд, бояд дубора поён нашавадро амалӣ кунанд."
НАМОЯНДАИ ҲНИТ: "ВИЗА БЕҲТАР АСТ"
Зарфи чанд соли ахир чанд навбат аст, ки тавассути вакилони Думаи Русия ва бархе мақомоти он кишвар масъалаи ҷорӣ намудани виза бо Тоҷикистон пеш гузошта мешавад. Аммо аз ду соли пеш то кунун дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия сардие пеш омада, ки ҳамчунон идома дорад.
Далели ин сардии муносибот ҷонибдории Русия аз мавзеъи Узбакистон дар баҳси об ва сохтмони сарбандҳои бузург ва инчунин ба натиҷа нарасидан бар сари масъалаи истифода аз пойгоҳи низомии "Айнӣ" аст, ки Русия мехоҳад ба сурати ройгон ин фурудгоҳ дар ихтиёри нерӯҳои он қарор бигирад.
Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки то куҷо ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Русия ва Тоҷикистон таҳдиди воқеъӣ аст? Ва Тоҷикистон агар дар воқеъ миёни интихоб қарор гиритфааст, кадом якеро бояд бипазирад, тасаллути дубораи русҳо ба марзҳояшро ва ё ҷорӣ шудани визаро.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд: "Агар шарт чунин бошад ва ё Русия бигӯяд, дубора ба марз бар мегардад ё виза ҷорӣ мешавад, мо бояд ҷорӣ шудани визаро қабул кунем. Ин аз тасаллути дубораи Русия бар марзҳои мо беҳтар аст. Аммо ин набояд ба маънои сард шудани робитаҳоямон бо Русия бошад."
ҲОЛИ "НОНОВАРОНИ ХОНА" ЧӢ МЕШАВАД?
Бо ин ҳол, коршиносон ҷорӣ шудани виза миёни Тоҷикистон ва Русияро қабл аз ҳама ба зарари якуним миллион муҳоҷири кории Тоҷикистон дар он кишвар медонанд.
Ин муҳоҷирон таъминкунандагони аслии шароити маишати аксари кулли хонаводаҳои Тоҷикистон ҳастанд. Муҳоҷирони кории тоҷик солона баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти нохолиси миллӣ ва бештар аз буҷаи давлат ба Тоҷикистон пул интиқол мекунанд.
Охирин гузориш ҳикоят аз он дорад, ки дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ҳудуди 2 милиарду 300 миллион доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд, дар ҳоле ки буҷаи давлатии Тоҷикистон камобеш яку ним миллаардро ташкил медод.
Коршиносон мегӯянд, низоми бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Русия омили аслии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ дар Тоҷикистон мебошад ва агар ин низом лағв шавад, ба ҳам задани суботи иҷтимоӣ низ баъид нахоҳад буд.

Тоҷикистон кишвари калидии минтақа, ки ҳаст, онҳо мехоҳанд ин ҷо ҳатман боқӣ бимонанд ва марзҳоро дар ихтиёр дошта бошанд...