Қонуни асосӣ баробарии зану мардро кафолат дода, дини ислом занро аз муқаддасоте барои мусалмонон медонад.
Имрӯз зани тоҷик бо ҳар чеҳра ва сари ҳар кор бо мо дучор меояд. Зани тоҷик як зани аврупоӣ ва ҳам шарқӣ аст.
Ӯ шахсест, ки барои хушбахтии фарзандон аз худ гузашта, онҳоро маънии зиндагии хеш, болотар аз ҳама касу ҳама чиз медонад. Модари тоҷик зани қаҳрамони корзори меҳнат аст.
Аммо зани тоҷик на ҳамеша аз арҷгузориҳои қонунҳои давлату муқаддасоти дин баҳра мегирад. Ҳоло ӯро дар халтабадасту халтабадӯш мебинем. На кифҳое, ки зеби ӯстанд, балки халтаҳое, ки барои шонаҳои нозуки зан вазнинӣ мекунанд.
Фарзандону шавҳари ӯ ба мардикорӣ рафтаанд ва бори гарони зиндагиро бар дӯши ӯ гузоштаанд. Ӯ шавҳар надорад, таркшуда аст. Ӯ рӯ ба кӯчаву бозор овардааст, то аз мавҷудияти хеш дифоъ кунад ва зинда монад.
Ӯ зани мубориз аст, ки бояд барои дифоъ аз ҳаққи худ ҳатто бо мақомот даст ба гиребон шавад, то хонаашро тахриб накунанд ва ё аз хонааш наронанд ва ё дуконашро хароб накунанд.
Бо ин ҳама модари тоҷик аз муқаддасоте боқӣ мемонад, ки сарҳо ба таъзимаш ҳамеша хам мешаванд.