Колоҳои 18 ширкати эронӣ пас аз се рӯзи оғози намоишгоҳи "Рӯзи модарон" вориди Тоҷикистон шудаанд.
Муҳаммади Зореӣ, аз ширкати “Суруши Хуросон”-и Эрон, созмондиҳандаи ин намоишгоҳ, гуфт, дар гумруки Узбакистон ба далоили номушаххас як теъдод мошинҳои боркашони ширкатҳои эронӣ банд монда буданд.
БОЗ УЗБАКИСТОН
"Бояд мошинҳо пештар меомаданд, ки мутаассифона, нав расидаанд. Аммо манъи мошинҳо дар марзи Узбакистон як мушкили барои ширкатҳои эронӣ маъмулӣ будааст, ки ҳал шуд",-афзуд ӯ.
Тоҷирони эронӣ мегӯянд, мушкил дар қаламрави Узбакистон ҳанӯз ду соли пеш баробари манъи вагонҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар ин замина ҳукумати Эрон низ чандин маротиба аз Узбакистон хостори расидагӣ ба мушкил шуда буд.
Намоишгоҳи тиҷоратӣ, ки "Тӯҳфаҳои соли 2011" унвон дорад, 3-юми март оғоз ёфт ва дар он ба ҷуз ширкатҳои эронӣ, 7 ширкат аз Туркия, Афғонистон, Покистон, Украина, Русия ва Тоҷикистон амволи худ, аз қабили атриёт, ҷавоҳирот, сарулибос, ҷиҳози хона ва ғайраро ба намоиш гузоштаанд.
КОЛОИ АРЗОН?
Хонуми Мамлакат, сокини шаҳри Душанбе, ки ба тамошои намоишгоҳ омадааст, мегӯяд, дар қиёс бо бозорҳо нархи амвол дар намоишгоҳ арзонтар аст: "Ҳам арзону ҳам мувофиқ. Аз бозор се-чор сӯм фарқ карда меистад. Агар як чиз дар бозор 10 сӯм бошад, ин ҷо 8-7 сӯм аст ё боз арзонтар."
Тоҷирон мегӯянд, дар қиёс бо бозор қимати молу коло дар намоишгоҳҳо умдатан то 20 дарсад поинтар аст.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ як ширкати кифбарорӣ муаррифӣ мекунад, ки роҳбараш шаҳрванди Африқои Ҷанубист. Зебуннисо, корманди ин ширкат гуфт: "Моли ширкати мо аз пӯст аст. Пӯстро дар Ёвон омода мекунанд ва ба Душанбе оварда аз он сумка тайёр мекунем. Моли Душанбе аст."
Аммо дар намоишгоҳи бахшида ба Рӯзи модарон то имрӯз иддае аз ғурфаҳои мансуб ба ширкатҳои эронӣ холӣ буд.
Муҳаммади Зореъӣ, аз ширкати “Суруши Хуросон”-и Эрон гуфт, молу колои эронӣ, ки тоза расидаанд, ба дарди мардуми Тоҷикистон берун аз айёми ид низ мехӯранд ва ҳамеша харидор доранд. Намоишгоҳи "Тӯҳфаҳои соли 2011", ки ба Рӯзи модарон бахшида шудааст, то рӯзи 8-уми март идома хоҳад кард.