Ҳалокати як ходими НАТО дар ҷануби Афғонистон

Бар асари бомбгузорӣ дар ҷануби Афғонистон як ходими НАТО кушта шуд. Ҳуввияти ӯ ҳанӯз эълон нашудааст. Танҳо дар соли ҷорӣ дар Афғонистон то 70 сарбози НАТО кушта шуданд. Соли гузашта дар ин кишвар 701 аскари хориҷӣ ҷон бохта буд.