Мансабу вазифаҳои Рустами Эмомалӣ

Сардори яке аз раёсатҳои гумруки Тоҷикистон таъйин шудани писари президент ҳамоно сари забонҳост.
Рустам Эмомалии 23-сола дафъаи дуввум аст, ки дар яке аз сохторҳои давлатӣ мақом мегирад ва таъйини ӯ ба ин вазифа сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Бобоҷони Азизпур, таҳлилгари ҷавон бар ин аст, ки қатъи назар аз мансабҳои давлатияш, Рустами Эмомалӣ барои ҷомеа ҳамчун писари раисҷумҳур шинохта шудааст.

"СИПАР" ВА "ПУЛ"
Рустам мустақим мушкилоти ин соҳаҳоро ба падар мерасонад ва таваҷҷӯҳи ӯро ба ин бахшҳо ҷалб мекунад...


Ба гуфтаи ҷаноби Азизпур, ҳузури Рустам дар ин ё он идора ва ё муассиса метавонад ба тавонмандиҳои онҳо биафзояд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, вақт нишон хоҳад дод, ки то куҷо Рустам дар вазифаи нав ба истилоҳ "сипар"-и гумрук мешавад.

Рустами Эмомалӣ то ба ин симмат омадан сардори яке аз раёсатҳои Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории назди раисҷумҳур буд ва ин идора ягон бор мавриди танқиди раисиҷумҳур қарор наёфтааст.

Ӯ ҳамчунин узви Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муовини раиси Итифоқи ҷавонон аст.

Дар маҳфилҳои ҳукуматӣ таъйин шудани Рустамро ба мақомҳо, аз он ҷумла дар бахши варзиш ва ҷавонон имкони рушди ин соҳаҳо маънидод мекунанд. Ба ақидаи онҳо, Рустам мустақим мушкилоти ин соҳаҳоро ба падар мерасонад ва таваҷҷӯҳи ӯро ба ин бахшҳо ҷалб мекунад.

ҶОЙГУЗИНИ ПАДАР?

Аммо Акрами Абдуқаҳҳор, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, ки таъйин шудани ӯ ба симмати ноиби президенти Федератсияи футбол ба бозии футбол ба майли худи Рустам ба ин навъи варзиш бастагӣ дорад.

"Аммо дар вазифаи нав шояд ба он хотир бошад, ки ин ҷо даромадҳои калон ба буҷаи давлат ворид мешавад ба президент маълумоти дуруст бирасад, то назорати воридоту содироти маблағҳои калонро аз ҳисоби андозҳо танзим намояд. Аммо соҳаи варзиш рушд накард, чаро ки дастаҳои футбол дар хориҷ бозиҳоро ҳамеша мебохтанд"
,-афзуд ӯ.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, на танҳо Рустами Эмомалӣ, балки духтари раисҷумҳур Озодаи Раҳмон, ки дар яке аз вазифаҳои баланди Вазорати корҳои хориҷӣ баргузида шудааст, дар умури давлатдорӣ ва матбуот бо назару мавқеъҳои ихтисосӣ ва шаҳрвандӣ намудор нестанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, овозаҳо дар бораи омодасозии Рустам ба раҳбарӣ чандин сол инҷониб садо медиҳанд.

Ба эътиқоди ҷаноби Мирзо, бо вуҷуди он ҳаводисе, ки дар кишварҳои олами ислом ҷараён дорад ва системаи падаршоҳиву тилисми яккасолориро рӯ ба шикаст овардааст, аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно аз шеваи яккаҳукмронӣ даст кашиданӣ нестанд.