Аҳлихон Воҳидова, сокини шаҳри Душанбе, ки шавҳараш 100 сомонӣ маош мегирад, ин моҳ натавонист як халта орд бихарад ва барои ин аз ҳамсояаш 50 сомонӣ қарз гирифтааст.
Ин дар ҳоле ки шаҳрдори Душанбе ба далели танзими нарх аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тақозо кардааст, то нарх дар бозорҳоро контрол бикунанд.
ВАҚТЕ ФАСОД...
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ин иқдоми шаҳрдориро дуруст хонд ва гуфт, “вақте фасоди молӣ як унсури таъйинкунанди нарх дар бозор аст, назорати ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ дар танзими нарх судманд аст. Корманди бозор ба намояндаи ниҳоди давлатӣ далели болоравии қимати нархро мегӯяд ва ниҳоди давлатӣ огоҳ мешавад, ки дар болоравии нарх кӣ масъул аст.”
Аммо ба бовари Ҷамшед Қуддусов, коршиноси бозор ва вазъи иҷтимоӣ, ин иқдом муваққатист ва барои танзими нарх вазъи бозор ва тавони молии мардумро бояд омӯхт.
Вай афзуд: “Ин чорабинии фаврӣ дар замони ҳозира мушкили нархро метавонад то ҷое ҳал кунад. Лекин дар оянда бояд пажӯҳиши танзими иқтисодии нархи наво дар бозорҳо ба роҳ монда шавад, на ин ки танзим бо роҳи фармондиҳиву манъкунӣ ва ҷазодиҳӣ.”
"КОРИ МИЁНАРАВҲО"
Фирӯз Саидов аз Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин назар мувофиқ аст. Ба гуфтаи вай, як омили болоравии қиммати маводи ғизоӣ дар бозорҳо фаъолияти миёнаравҳост.
Ба назари вай, давлат бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ бидиҳад: “Байни истеҳсолкунандаи маҳсулот ва харидор миёнаравҳои зиёд фаъолият мекунанд. Маҳсулотро аз деҳқон ба нархи арзон мегиранду ба бозорнишастагон ду баробар гарон мефурӯшанд ва ҳамин тавр қиммати колоҳо ба таври маснӯъӣ боло меравад. Давлат бояд дастрасии деҳқон ба бозорро таъмин кунад ва танзими нарх аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад.”
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, давлат барномаи кӯмак ба мардуми камбизоатро дорад, вале дар ҳоле ки моҳонаи ҳадди ақалл 80 сомонисту нархи як халта орд 140 сомонӣ ва ё бештар аз онро ташкил мекунад, ин кӯмакҳо ночизанд.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, барномаи кӯмаки давлат ба мардуми камбизоат дар сол 40 миллион сомонӣ аст ва ба далели ночиз будани ин маблағ вазорат тасмим гирифтааст, ин кӯмакҳоро дар истеҳсолот дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ё соҳибкорӣ ба хонаводаҳои камбизаот бирасонад.
МУШКИЛИ ТАНЗИМИ НАРХ
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, гуфт, ки ҷуз ин барномаи давлат шаҳрдорӣ дар арафаи ҷашнҳо ба мардуми камбизоат аз 300 то 500 сомонӣ кӯмакҳои яквақта ироа мекунад.
Вай афзуд, “барои мисол, ба ифтихори таҷлили Наврӯз 4 ҳазор нафар ба ин кӯмакҳо даст ёфтаанд, ки ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.”
Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле ки беш аз 75 дарсади маводи ғизоӣ дар бозорҳои дохилӣ воридотӣ аст, давлат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад нарх дар бозорро контрол бикунад.
Ба гуфтаи Насим Ҷавод, ҳамоҳангсози Барномаи озуқаи Созмони милал, дар Тоҷикистон, мардуми ин кишвар ба камбуди ғизо рӯбарӯ нестанд, балки мушкили аслӣ ин даст наёфтани мардум ба маводи ғизоӣ дар бозорҳост.
Ба гуфтаи вай, давлат бояд дар фикри боло бурдани моҳонаи мардум бошад, то мардуми камбизоат низ тавонанд дар хариди орд ва дигар анвои ғизо ба қарзи ҳамсоя мӯҳтоҷ намонанд.