Покистон умед ба барқи Тоҷикистон дорад

Нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе, 28-уми феврал

Мақомоти Покистон мегӯянд, барои ширкат дар сохтмони "Роғун" аз ҷониби Тоҷикистон дархосте нагирифтаанд.

Саид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Покистон, баъд аз сафараш ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфтугӯ кард.

Вай гуфт, бо вуҷуди дарёфт накардани дархост кишвараш аз барқи Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки тариқи тарҳи "CASA-1000" ба Покистон интиқол хоҳад ёфт, умед дорад.

"РОҒУН" ВА "CASA-1000"

Саид Навид Қамар

Ҷаноби вазир афзуд: "Мо бесаброна мунтазири он лаҳза мешавем, то сохтмони "CASA-1000" шавад ва мо, албатта, дар сохтмони он ширкат хоҳем кард."

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ "CASA-1000" аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо ҳазинаи 680 миллион доллар сохта мешавад ва умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Ба гуфтаи мақомот, дар оғоз тариқи ин хатти баландшиддати 500 киловолта 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават барқ ба Осиёи Ҷанубӣ, умдатан Покистон интиқол дода хоҳад шуд.

Саид Навид Қамар, ки дар раъси ҳайати кишвараш барои ширкат дар ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Покистон ва Тоҷикистон вориди Душанбе шудаааст, афзуд, аз корҳое, ки дар сохтмони Роғун анҷом меёбанд, таассуроти амиқашро ба раисҷумҳури Тоҷикистон баён доштааст.

ТАШНАИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Покистон кишвари билқувваи истифодабарандаи барқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки аз шурӯи истиқлолияти Тоҷикистон чашми умед ба барқи Тоҷикистон, бахусус нерӯгоҳи Роғун дӯхтааст.

Соли 1990 ин кишвар барои ин тарҳ 500 миллион доллар ваъда дод, аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва тағйири ҳукуматҳо дар ду кишвар мақомоти Покистон изҳор доштанд, ки то рӯшан шудани мавқеи Русия аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири хусусигардонии Покистон гуфт, майдони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон хеле фарох аст. Вай афзуд, аз ҷониби Тоҷикистон чандин тарҳ пешниҳод шудаанд, ки соҳаҳои мухталифро дарбар мегиранд.

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Тибқи иттилои расмӣ, ҷониби Тоҷикистон ба Покистон тарҳи сохтмони як корхонаи семент, таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи конҳои оҳаксанги Кенкулсой ва Навобод дар Истаравшан, кони хоросанги "Шайдон"-и Ашт, коркарди нахи пахта дар Восеъ, Конибодом ва Хуҷанд ва ҷалби ширкати покистонии "OGDSL" барои коркарду истихроҷи нафту газро пешниҳод кардааст.

Саид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Покистон гуфт, ин пешниҳодотро ҳукумати Покистон бо корхонаҳои давлатӣ ва хусусии ин кишвар баррасӣ мекунад ва пайи амалӣ шудани онҳо хоҳад шуд.

Бунёди роҳи иртиботии "Ишкошим - Читрол" тариқи дараи Вахон ва ба зудтарин фурсат шурӯъ шудани парвозҳо миёни Душанбе-Исломобод аз нуктаҳои муҳими протоколи ҳамкориҳои миёни ду кишвар аст, ки имзо шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, гардиши мол миёни Покистону Тоҷикистон соли гузашта 20 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳоли ҳозир аз Покистон ба Тоҷикистон мева, семент, либосворӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноати сабук ва сохтмон ворид мешаванд.