Таҳаввулоти ахири Либия шореҳонро ба ҷустуҷӯи намунаҳои эҳтимолии ҳамсон водор кардааст.
Як шореҳи рӯзномаи маъруфи амрикоии The Wall Street Journal бо ишора ба заминаҳои рӯйдодҳои Либия феҳрасти кишварҳоеро дуруст кардааст, ки бо инфиҷори эҳтимолии иҷтимоӣ рӯбарӯянд. Вай аз рӯи аломатҳое, ки Либияро ба чунин ҳол оварданд, ба истилоҳ “шохиси инқилоб”-ро муайян кардаву 85 кишвари ҷаҳонро бино бар ин шохис раддабандӣ кардааст.
БА ТОҶИКИСТОН, дар ҳоле ки маҷаллаи “Тайм” онро дар қатори 10 кишвари рӯ ба нооромӣ тазаккур дода буд ва бо итминон мегуфт, раҳбари ин кишвар бо эҳтимоли аз даст додани қудрат мувоҷеҳ аст, ин шореҳ дар феҳрасти худ ҷоеро қойил нашудааст.
Баръакс, Узбакистон бо шохиси 76,4 дар сади эҳтимоли сар задани инқилоб дар он дар ҷои 15-ум, Туркманистон бо 71,3 дар сад дар ҷои 19 ва Украина дар ҷои 22-юм гузошта шудаанд.
Муаллиф сабаби аз ин феҳраст берун мондани Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистонро шарҳ надодааст.
ДАР ҲАМИН ҲОЛ корманди илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия Александар Князев, дар мусоҳибае бо Resonansonline.com гуфтааст, нооромиҳое ки дар кишварҳои араб сар заддаст, имкон дорад ба минтақаи Осиёи Миёна низ сироят кунад.
Вай аз ҷумла таъкид кардааст, ки бо назардошти сатҳи судмандӣ ва интизом дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар ин кишварҳо Узбакистон то ҳадде қавитар аз Тоҷикистон аст. Ва дар ин масъала доир ба Тоҷикистон бояд сӯҳбат кард.
СИНДРОМИ ҶАНГИ ДОХИЛӢ дар Тоҷикистон аз тарафи баъзе аз таҳлилгарон сипаре дар баробари қиёму ошӯб дониста мешавад. Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон, Муҳаммад Иброҳимов, мегӯяд, назму таъсири ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, бар замми ин бо барномаҳое тақвият ёфтааст, ки ҳукумат рӯи даст гирифтаст.
Вай ба ҳайси ин барномаҳо идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва нерӯгоҳҳои дигар дар манотиқи мухталифи кишвар, мубориза бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва иҷрои барномаҳои дигари иҷтимоиро дар назар дорад. Аммо ба ин ҳам ишора мекунад, ки суботи иҷтимоӣ ба дараҷаи муваффақияти ин барномаҳо бастагӣ дорад.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки агар The Wall Street Journal дар таҳқиқоти худ агар Тоҷикистонро номбар накардааст ба маънои он нест,ки дар ин кишвар масъалаҳо вуҷуд надорад. Вай меафзояд, аксари созмонҳои тадқиқотӣ ғолибан бархе аз кишварҳоро сарфи назар мекунанд.
МЕЪЁРУ ШОХИСе, ки, ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, The Wall Street Journal дар тадқиқоти худ ба назар гирифтааст ба мавҷудияти фасоду коррупсия, тавони таъмини молии бозори дохилии кишвар, дарозумрии мардум, даромади миллӣ ба сари ҳар як сокини кившар, мизони фақру бекорӣ, сатҳи даромади аҳолӣ, нархи маводи ғизоӣ ва монанди инҳо бастагӣ дорад.
Аз ин нигоҳ таҳлилгарон мавҷудияти заминаҳои эътирозҳои иҷтимоиро рад намекунанд, вале боз ҳам эҳтимоли чунин ошӯбҳоро ба дараҷаи таъсири синдроми ҷанги шаҳрвандӣ пайванд медиҳанд.
Ҷомеашиноси тоҷик, Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, ки ҳаводиси сиёсии даҳсолаи навадуми қарни гузашта дар зеҳни мардум амиқ ҷой гирифтааст: «Зершуури миллии мо дар солҳои 1990 ҳаводисеро паси сар кард, ки ба содагӣ рафъ нахоҳад гашт. Мардум дарк мекунанд, ки ихтилоф чӣ пайомаде хоҳад дошт. Ва ин ба сурати умум ҳамчун эм-воксина дар шуури мардум шакл гирифтаву то ҳол муассир аст.»
ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН, ба андешаи таҳлилгарон аз ин “воксина» суистифода ҳам мекунад. Дастгоҳҳои таблиғотии давлат бо таъкид ба рӯйдодҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва пахши наворҳое аз саҳнаҳои ҷангу ошӯб таъсири синдромро тақвият медиҳанд.
Онҳо ба ин ҳам ишора мекунанд, ки The Wall Street Journal дар таҳқиқоти худ ба меъёрҳои дигаре, ки чигунагии вазъи онҳоро барои ҷомеаи ҷаҳониӣ бозгӯ мекунад таваҷҷӯҳ нанамудааст. Аз ҷумла, озодии баён ва сухан, мизони муроооти ҳуқуқи башар, марзҳои фаъолияти нерӯҳои мухолиф ва ғайра, ки низ заминаҳоеро баро эътирозҳои иҷтимоӣ фароҳам оварда метавонанд. Вале шореҳи The Wall Street Journal бар ин аст, ки на ҳама омилҳо метавонанд, намудор бошанд ва метавонанд ногаҳон рӯ зананд.